Четверг, 28.03.2024, 14:09
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Шеърхо дар васфи Ватан
Точикистон- мазхари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар кухсори,
Ту саросар сангзори,
Чунки фарзандони ту дар тули таърихи дароз
Хар кучо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар чустучуи бахти худ
Дар биёбонхои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Хар кучо рафтанд махчуру гариб
Аз фирокат чуфти онхо нолаю андух шуд.
Чумла дар куи гариби хок гаштанд эй дарег,
Орзухошон дар ин чо санг басту кух шуд.
Хар кучо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба гурбат, ё тичорат,
Ё гуреза аз хама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгори бурдаанд.
То агар рузе бимиранд аз казо,
Дар гариби бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин…

********

Зикри дили ман ҳамеша номи ватанаст,

Авроди забони ман каломи ватан аст.
Ман восифи ишки ватани маҳбубам,
Феҳристи китоби ман мароми ватан аст…
 

*********
Ватан бар ман азизи хамчуноне бар танам чонам,
Ба чуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
Ба номат эй диёри бахт ин аст ахду паймонам,
Тамоми хастииям пайваста бо ту эё Ватан чонам..
**********
Ватан сар мешавад з-огарди деҳқон,
Зи "майдо”-ҳои хирманбодгарҳо.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хурдем аз хони падарҳо.
Ватан – дилҷамъию озодии мост,
Ватан – хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
*********
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 23753 | Теги: Шеърхо дар васфи Ватан | Рейтинг: 3.3/13
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru