Солхои мактабии ман - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Четверг, 08.12.2016, 01:10
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1813
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Солхои мактабии ман - Иншо

Солхои мактабии ман.

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон бузург, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Мактаб макони илму маърифат, фарҳангу адаб ва донишу хирад аст. Нест касе, ки аз ин даргоҳи муқаддас сабақ нагирифта бошад. Нест бузургдиле, ки сабақи устоде надида, ба ҷое расида бошад. Модоме, ки мактабу мадраса дар канор тифлону бузургонро илму адаб ва маърифату ҳунар меомӯхтаанд, пас зиндагиву умри волои инсоният ба мактабу маориф вобастагии зиёд дорад. Ба ифодаи шоир:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Маҳз њар яки мо дар мактаб маърифати сухангўї, илму адаб устувор ва тавассути заҳмати устодони мењрубон ва накӯкор баркамолу соҳибистеъдод мегардем. Мактаб аст, ки соҳаҳои дигари ҳаёт пойдоранд. Мактаб аст, ки инсонҳо бофазл ба воя мерасанд, мактаб аст, ки фарҳангу илму адаб, то андозае дар дилҳо ҷосту мардум маърифатдӯст. Омӯзгоронанд, ки дар ҳамаи мактабҳои миёнаву олӣ ва боғчаю муассисаҳои таълимӣ илм омӯхта ҳамаро ба некию накӯкорӣ ва фарҳангдӯстӣ даъват мекунанд.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб.

Ope, мактаб маъхази пайдоиши илму маърифат аст. Ҳама дастпарварони мактабанд, ки замоне чун тифлакони аз ақлу хирад дур дар остонаш қадам гузошта, аз он бузург гардидаанд. Бе гузашт аз ин даргоҳи муқаддас касе наметавонад илм омӯхт.

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.

Ҳар яки мо пеш аз оне, ки бояд зиндагӣ кунем, бевосита ба чизе эҳтиёҷ дорем. Агар барои инсон пеш аз ҳама, муҳити хуби хонаводагӣ, хӯроку пӯшок ва тансиҳатӣ лозим бошад, барои тарбияи инсони асил ва тифли баркамолу донишманд, пеш аз ҳама мактабу омӯзгори болаёқат ва кордон мебояд. Мактаб гулшани ҳамешабаҳорест, ки рангу тароват ва гулҳои зиннатбахши он илму фарҳанг, одобу маърифат ва фазлу камоли инсонист. Мактаб манбаи илму ҳунар, хислатҳои вафодорӣ, дӯстӣ, озодандешӣ ва сулҳпарварист. Мактаб ёри меҳрубон, зинати умру ҳастиву тавон, озодандешии инсон ва маъхази маърифату аҳлу заковати мо аст. Нест каси бохираде, ки маърифати ин даргоҳи бузургро нагирифта ва аз заҳмати бузургустоде баҳравар нагардида бошад. 
Хар яки мо  манбаи ҳамаи донишҳоро аз мактаб меомӯзем. Онро муқаддасу бузург мешуморем. Саҳми бештари онро дар тарбияи насли бузурги одамият қадрдонӣ бояд намуд. Ҳар як инсони комилҳуқуқ бояд, ки аз даргаҳи мактаб гузарад, илм омӯзад, тарбияи дуруст гирад, вагарна бемаърифату бедонишу нодону зишт ба воя мерасад.

Партави ҳусн аст, оре илму ахлоқу адаб, 
Бе адаб, бе илм, бе қадр аст ин набвад аҷаб.
Гар набошад даргаҳи мактаб ба тифлон маъхазе,
Илму ирфон ҳеҷ мегардад, ҳама кас беадаб.

Хулоса, ман дониши худро дар мактаб аз аввалин устоди азизу мењрубонам, ки ба ман навиштани хату саводро омўхтаанд аз худ намудаам. Ва њоло бошад ба Донишгоњи техникии Тољикистон њуљљат супорида ќадамњои аввалини худро барои давом додан дониши худ гузоштам ва орзуи номи шарафи донишљўро доштан мехоњам, то ки дар оянда ба халќу миллати худ хизмат намоям. 
 
Агар мактаб бихонӣ, бахтиёрӣ,
Нахонӣ дар пушаймонӣ бимонӣ.
Бихон, эй ғунчаи боғи ҷавонӣ,
Агар хонӣ, my доим шодмонӣ.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 1223 | Комментарии: 1 | Теги: СОЛХОИ МАКТАБИИ МАН - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 1
1  
Мактаб сабаби викору халим аст,
Бозорчаи диёри илм аст.
Аз мактабу васфи у чи пурси
К-он чо фалак асту лавху курси

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru