Пятница, 19.04.2024, 17:31
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

СУХАН БИФКАНАД МАНБАРУ ДОРРО - Иншо

СУХАН БИФКАНАД МАНБАРУ ДОРРО

Бо сухан мардум омадааст падид, 
Бо сухан чони у расад ба ч,инон.

Сухан ганчинаи бузургест, ки баробари аз забон падид омаданаш чун дурри гарон ва чилобахши шунавандаро ба худ чалб менамояд. Хох чолиб бошад, хох не. Сухан тиреро мемонад, ки баробари аз камон частан метавонад касеро ё чизеро халок созад. Сухан нушдоруеро мемонад, ки беморонро куввату мадор, хастию тавон ва нерую чон ва солимонро акту хуш ва заковату ибрат мебахшад. Бехуда нагуфтаанд:

Бехтарин гавхари ганчинаи хастй сухан аст, 
Гар сухан чон набувао, мурда чаро хомуш аст.

Сухан аст, ки хаёт пойдор аст. Сухан аст, ки кас хушдор аст. Сухан аст, ки аблахонро окилу окилонро аллома мегардонад. Сухан чавхари хираду сирати гуяндаро тачассумгар аст, зеро тавассути сухангуии кас доираи васеи фикронии гуянда маълум мегардад.
Сухандони бузург дар ягон давру замон дар намемонад. Сухани накуяш рохнамои хаёти осоиштааш мегардад.
Пайдост, ки сухан метавонад бо мазмуни баланду шуниданиаш иттифокро барпо созад ё метавонад иттифоки бунёду бузургро пароканда созад. Як сухани хуб тачассумгари сад роз аст ва гуяндай он иброзкунандаи розхои бузургу чолиб. На хар сухан метавонад писанди шунавандаи окилу фарзона бигардад. Сухан метавонад аблахеро аз кори носазое дур гардонад. На хар сухангуй метавонад дили хуфтаро бедор ва акли хастаро хушёр созад. Бузурге гуфта:
«Ай инсон! Сухане гуй, ки маъшуқахо Лайли шаванду ошикон Мачнун, акдхои хуфта бедор шаванду дилхои мурда чондор. Сухане гуй, ки тачассумгари некй бошад. Одамонро якчо кунад, на чудо, ба зидагй
фаро хонад, на ба марг. Сухане гуй. ки болу пари Симург дошта бошаду макону замонхоро тай кунад. Сухане гуй, ки кудрати Илохй дошта бошаду хирадро дил ва дилро хирад созад. Чоно, агар ин хамаро натавонй, хомуш бош ва харфе мазан.

Нашавад тутй сухангуй, чу суханпардоз аст, 
Пур бувад нукта басе, з-он ба яке пур роз аст.
 Хама кушанд ба ибрози яке маъние, 
Маънй овар ба сухан, в-арна хама барбод аст. 

Каломи    инсоният    бехтарин    ва   кимматтарин алфози нухуфтаи уст. Агар он пуробуранг, бамаврид, дилчасп ва таъсирбахш садо дихад, гуяндаашро машхур мегардонад. Сухани бечою бемаврид бошад, дилхарош аст.    Сухани   дурушту   ночо   метавонад   наздикону пайвандони ба дил чонро руйгардон созад.
Донишманди Юнони кадим Эзоп дар бораи суду зиён ва манзалату бузургии забон фармуда:
Чи чиз бехтар аз забон шуда метавонад, ки калиди дари дониш ва силохи хақиқату хирад аст. Дар холате, ки бо забон харф мезанем, дарс меомузем, шахрхо бунёд месозем. хақро ба субут мерасонем, Офаридгорро зикр мекунем. Инчунин дар катори хубихо Эзоп забонро бадтарин чизи дунё номидааст, зеро забон огози фитнаву бахсу чанчолхост, манбаи дасисаву балохост. Забон дуруг мебофад, гайбат мекунад, дурусту нодурустро нишон медихад, нафрин мехонад, носазо мегуяд, фасод меандозад, хилаву фиреб ба кор меборад. Чй гуна забонро хуб метавон гуфт. Ин гуфтахоро метавонем бо мисрахои Румии бузургвор таквият бидихем:
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рубахони мурдаро шерон кунад.

Метавон гуфт, ки ба воситаи забон оламу одам бунёд ва оламу дахр вайрону валангор ва барбод метавон кард. Аз ин ру, хар як инсони комилро вазифаи мукаддас ин аст, забонро посбони сари худ хисобида, мулохизакорона   андеша   ронад,   то   сазовори   хамаи хубихои олам бигардонду сохибобру.

Сухандони парварда пири кухан.
Биандешад, он гах бигуяд сухан.
Мазан бе тааммул ба гуфтор дам.
Наку гу, агар дер гуй чй гам. 

Хулоса, сухан огозу анчом аст, сухан розу рохнишондихандаи хаёт аст. Сухан дард аст, сухан хушию илхом аст, ки онро инсони бузург офарида. Наметавон лол гашт, наметавон пурдард буд, наметавон танхову хомуш ибрози андеша сохт, аммо ба ибораи халк: «Як сухан 366 пахлу дорад«, хар як суханро дар тарозуи акл баркашид, сипас пеш оварду талаффуз кард. Бояд кушид, ки суханвари асил буд. Бояд каломи бообуранг гуфт. Бояд дили хамагонро бо сухан ба даст овард. Бояд суханвар гардад кас, ки сухан гуяд, на алфози аз нотавонихо танида. Бояд сухане гуфт, ки бо хун аз дил падид омада бошад, бояд сухане гуфт, ки дурри маънй гардад ва касро хузури чону зуру тавон бахшид.

Ба забон хам касе наёзорй,
Ки забон захм мекунад кори.
Гар баруи касе занй сад мушт,
Бех, ки гуем як хадиси дурушт.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 5016 | Комментарии: 1 | Теги: СУХАН БИФКАНАД МАНБАРУ ДОРРО - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru