Пятница, 29.03.2024, 01:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

СУЛХ БАХОРЕСТ, БАХОР ОВАРАД - Иншо

СУЛХ БАХОРЕСТ, БАХОР ОВАРАД

Сулх бахорест, бахор оварад, 
Равнақи шодиву барор оварад. 
Сулх дихад шаршараи чуи об, 
Сулх дихад хусни пур аз обутоб. 

Оре, сулх мафхумест бузургу пуробураш, ифодакунандаи амният, осоиштагй, озодй, истиклолият ва нишонаи ободию зиндагии ороми давлату миллат. Сулх  тачассумгари   шодиву   нишот, хамдигарфахмй, озодихохиву ватандустист. Тавре шоири сулхчу Турсунзода гуфтаасг:

Сулх дар гул-гул шукуфтанхои чонон кишвар аст.
Дар шуои офтоби толеи бахру бар аст.
Дар суруди аллаву бедор чашми модарон,
Хоби орому табассумхои хуррам кудакон.

Сулх дар тасвири шоир асоси ободии хар кишвар ва манбаи хушбахтии хамаи тоифаи одамон аст. Ин аст, ки хастию пояндагии сулх на танхо дар хастии давлату миллат, балки дар хастии хар як гулу гиёх ва тамоми чисмхои зинда кувваи олам эхсос мешавад. Сулх чун офтоби рахшон. бахори пуробуранг, табиати пур аз роз,   замини   мубораку   пурбор,   одамони   мушфику мехрубонихост. Хакикатан сулх амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истирохат асту изтироб надорад, дар мавриди сулху осоиштагй низ давлат орому осоишта арзи хастй менамояд. Аз дарду ранч ва фитнаву дасисахо канора мегирад. Пас, сулху осоиштагй ва фарогати давлату миллат худ аз худ ба осонй ба даст намеояд. Барои ба даст овардани сулху дустй, хануз дар солхои давраи Чанги Бузурги Ватанй мардуми мо дар мухорибахои шадиду хунин ва дардафзо иштирок намуда, чони худро дар рохи сулху дустй   ва   озодии   Ватанй   хеш   дарег   надоштаанд. Фарзандону хамсарони мехрубони хешро ба холи худ гузошта, бахри озодии Ватан кушидаанд. Гуруснагихо дида, афсурдагихоро паси сар кардаанд. Натичаи ин захматхои   зиёди   чунин   мардони   баномусу   нанги миллат имруз моён бо умеду орзу ва озодиву осоиштагй умр  ба  сар мебарем.   Хушбахтем,  озоду  бофарогат зиндагй мекунем, офтоби гармталъат саховатмандона ба сарамон нуру зиё ва мехру мухаббат эхе намуда, шодиамонро  афзун  мегардонад.  Имруз бо  захмати беандозаи Президенти давлатамон Эмомалй Рахмон ва дастгирии миллати бонангу номуси точик Точикистон бо   хамаи   кишвархои   дунё   робитаи   дустй  дорад. Хамаруза чун миллати сулххоху давлати тинчу ором хамкориву хамрайъй намуда, дар бурду бохт ва камию костихои  онхо  сахмгузор аст.  Тамоми давлатхо  бо кишвари мо робитахои дустй доранд, ки ин натичаи сулху оромй аст.

Мардуми точикзабонро дахр бишносад кунун, 
3-он ки бошанд хар нафас вахдатгарои манзилам. 
Толиби сулханд доим мардуми точикзабон, 
Такя бар онхо намояд қавми сохибманзилам. 

Сулх дар хаёти имрузаи мардуми точик   ва фархангдуст бо калимаи «Вахдат» пайванд гардида, мафхуми бештареро фарогир   гардид. Акнун дар чумхурии офтобруямон Точикистон рузи 27-июн хамчун рузи Вахдати миллй чаши гирифта мешавад. Мардуми мо ин рузро чун рузи баҳамой,  хамгирой, сулху оштипазирй ва вахдату хамфикрй чашн мегиранд.

Сулҳ вахдат ифтихори миллати соҳибдилам, 
Васфи онҳоро намояд решай чону дилам.
 Дар миёни қавмҳо пайвастагй моро аз он. 
Дарҳ бинмояд ситоиш, мардуми барнодилам. 

Хулоса, сулҳ армугон ва дастоварди бузургест, ки аз сарвати бисер болотар аст. Хеч як дороиву афзунй ба як лахзаи осоиштагй ва дустиву сулху субот баробар буда наметавонад. Сулх неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию арзи баланд ва давлатро афзунию шуҳратёр мегардонад.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 18816 | Комментарии: 2 | Теги: БАХОР ОВАРАД - ИНШО, СУЛХ БАХОРЕСТ | Рейтинг: 4.4/5
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru