Среда, 24.04.2024, 12:01
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ТАХАВУЛОТИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН - Иншо

 

ТАХАВУЛОТИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ ДАР

ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

 

Баробари 9 сентябри соли 1991 соњибистиќлолияти  давлати ба даст овардани Љумњурии Тољикистон дар њаети сиёси, иќтисодї ва иљтимоии мамлакат дигаргунии куллие ба амал омад, ки он тањаввулотест дар таърихи чанд њазорсолаи ин давлати куњан ва дар айни замон давлати љавони соњибихтиёр, озод дар дили кишвари Осиёи Маркази.

Баъди аз њам пош хўрдани Љумњурихои Иттињоди Шўравї, ки дар як давлати абарќудрат ба номи СССР муттањид шуда буданду ба иљлосияи навбатии худро гузаронад ва таќдири ояндаи Љумњурии Тољикистонро њал намояд. Чанд кўшиши дар Душанбе љамъ омадани вакилони халќ барор накард. Охиран ќарор шуд, ки дар шањри Хуљанди вилояти Ленинобод депутатњои Шўрои Оли љамъ оянду дар ин  минтаќаи нисбатан ором иљлосияро  гузаронанд.

Моњи ноябри соли 1992 аз њар гўшаю канори Тољикистон депутатњо бо њар роњи ќулай ва имконпазир ба Хуљанд љамъ омаданд ва мебоист 14 ноябр иљлосияи навбатии XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон даъвати дувоздањўм баргузор гардад. Аммо бо баъзе ихтилофњои ташкили саршавии кори иљлосия ба таъхир афтод ва танњо 16 ноябри соли 1992 иљлосия кушода шуд ва депутати калонсол ва таљрибаандўхта Њабибулло Табаров раисии кори иљлосияро ба зимма гирифт ва иљлосия кушода шуд.

Дар ин замон, ки Њукумат фалаљ шуда, аъзои њукумат ба истеъфо рафта буданд, парламент ба парокандагї рў оварда, давлат ба нобудй мерасид, иљлосияи XVI Шўрои Оли мебоист њама корро аз нав, аъзоёни Њукуматро аз нав интихоб намояд ва кори онро аз нав сурат гиронад.

Рўзи 19 ноябр раисикунандаи иљлосияи XVI Шўрои Оли пешнињод кард, ки бояд Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон аз байни депутатњои дар љаласа ширкат дошта интихоб гардад. Ба ин мансаби баландмаќом депутат Эмомали Шарифович Рањмонов интихоб шуд. Њайати Президенти Шўрои Оли ва Њукумат аз нав интихоб гардида, бо њамин баргузоршавии Иљлосияи XVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон бо сарварии Э.Ш.Рањмонов ба марњилаи љамъбасткунандаи барњам задани бењокимиятї ва бўњрони сиёсї дар Тољикистон табдил ёфт, ба осони истиќлолият ба даст оварданд, Тољикистон ба давраи таърихи навтарини худ дилпурона ќадам гузошт.

Тољикистон соњибистиќлолиро ба осонї ба даст овард, аммо нигоњ доштан ва пойдор монондани он басо душвор шуд. Аз лањзањои аввал ин давлати љавону нектаќдир ба бўњрони беамони сиёсию иќтисодї гирифтор шуд, яъне љанги дохилии гражданї сар зад, хавфи азим тањдид мекард – будан ё набудан.

Љумњурии навтаъсиси Тољикистон бо дасисаи бадхоњии душманони берунмарзї ва мансабталабони дохили ба рўзи сахт гирифтор шуд, хукумати конститутсиони аз фаъолият бозмонд, Президенти аз тарафи халќ интихобгардида бо тањдиду зўри ба истеъфо рафт, парламенти мамлакат –Шўрои Оли имкони гузаронидани љаласахои Иљлосияашро надошт. Дар ноњияњои марказ ва љануб ќумондонњои сершумор ба њукмфармои шурўъ карданд.

Ана дар њамин лањзаи таќдирсоз Президиуми Шўрои Олии даъвати 12-ўм тасмим гирифт ба њар воситае, ки набошад фавран дода ба он супориш кард то ки Лоињаи Конститутсияи Љумњурии Тољикистонро тањия намояд. Ќарор шуд, ки Лоињаи Конститутсия на дар иљлосияи Шўрои Оли, балки дар њамапурсии умумихалќи – Референдум ќабул гардад.

Комиссия ду намуд Лоињаи Конститутсияро тањия кард, ки якеи он дар Љумњурии Тољикистон амал кардани чумњурии сохти парламенти ва дигараш љумњурии сохти президентиро таќозо мекард. Лоињаи дуюм маъќул дониста барои Референдум пешнињод шуд. Матни Лоиња дар матбуот нашр гардид ва мавриди муњокима и умумихалќи ќарор ёфт.

Рўзи 6 ноябри соли 1994 гузаронидани њапапурсии умумихалќи – Референдум ва интихоботи Президенти Љумњурии Тољикистон эълон гардид. Дар натиља Лоињаи пешнињодшударо мардуми Тољикистон маъќул донист ва ќабул кард. Дар интихоботи алтернативї бошад бо овози тарафдории аксарияти интихобкунандагон Э.Ш.Рањмонов Президенти Љумхурии Тољикистон интихоб карда шуд.

Дар моддаи 9 Конститутсия эълон шудааст, ки «Њокимияти давлати дар асоси таљзияи он ба њокимияти ќонунгузор, иљроия ва суд амали мегардад».

Вобаста ба ин муќаррароти сохтории конститутсион

Иљлосияи XVI Шўрои Оли ибтидои барќароршавии сохти конститутсиони ва низоми давлатдори дар Љумњурии Тољикистон мебошад.

Тољикистон мебоист дар кўтоњтарин муддат ислоњоти сиёси ва иќтисодии сохти давлатдориашро гузаронида њамчун давлати мустаќилу соњибихтиёр муайян мекард, ки оянда кадом сохти љамъиятиро интихоб намояд.

Барои гузаронидани ислоњоти сохти сиёси пеш аз њама Ќонуни асосии Љумњурии Тољикистонро –Конститутсияи мамлакатро ќабул кардан лозим буд.

Парламенти Љумњурии Тољикистон Комиссияи махсус ташкилии њокимияти давлати Ќонуни асосии мамлакат вазифањои ин се њокимиятро муќаррар кардааст.

Дар моддаи 48 Конститутсия гуфта мешавад, ки Маљлиси Оли – парламенти Љумњурии Тољикистон – маќоми олии намояндагї ва ќонунгузори Љумњурии Тољикистон мебошад.

Моддаи 64 мефармояд, ки Президенти Љумњурии Тољикистон сарвари давлат ва њокимияти иљроия аст. Њокимияти иљроия, яъне Њукумати Љумњурии Тољикистон аз сарвазир, муовини якум ва муовинон, вазирон, раисони кумитањои давлати иборат аст. Хукумат роњбарии самараноки соњањои иќтисодї, иљтимої, фарњангї ва иљрої ќонунњо, Ќарорњои Маљлиси Оли, фармону амрњои Президенти Тољикистонро таъмин мекунад.

Дар моддаи 84 гуфта мешавад, ки Хокимияти суди мустаќил буда, њуќуќ ва озодии шахс, манфиати давлат, созмону муассисањо, ќонунияту адолатро њифз менамояд.

Вобаста ба мавзўъ –тањаввулоти парламентаризм дар Љумњурии Тољикистон –ташкил ва фаъолияти ин маќоми олии Хокимияти давлатиро мухтасар барраси менамоем.

Бори дигар    ќайд карданием, ки баробари ќабул гардидани Конститутсияи Љумњурии Тољикистон дар њамапурси – Референдум –

6 ноябри соли 1994 дар Тољикистони соњибистиќлол  гуфтан метавон ислоњоти сиёсии сохтори давлати ба итмом расид. Яъне, дар асоси талаботи моддаи 48 Конститутсия Парламенти Љумњурии Тољикистон, яъне Маљлиси Олї аз ду Маљлис – Маљлиси намояндагон ва Маљлиси милли иборат аст. Лозим ба ёдоварист, ки Маљлиси Олї аз ду Маљлис иборат мебошад. Мутаассифона бисёр шањрвандон дар асоси таълифоти хатои воситањои ахбори оммави такрор ба такрор  иштибоњан Маљлиси Олиро аз ду палата иборат медонанд, яъне парламенти ду палатагї меноманд. Ин хато аст, парламенти Љумхурии Тољикистон аз ду Маљлис иборат аст, на палата.

Маљлиси Олии Љумхурии Тољикистон даъвати якум мувофиќи моддаи 49 Конститутсияи нав ќонунњои нави интихоботи вакилони халќи Маљлиси намояндагон, аъзоёни Маљлиси милли ва вакилони халќи Маљлисњои мањаллии вакилони халќи Љумњурии Тољикистонро ќабул намуд.

Ќонунњои нави интихобот ќоидањои тамоман нави интихоби вакилони халќро муќаррар кард. Дар асоси њамин ќонунњо дар моњи феврали соли 2000 дар саросари Љумхурии Тољикистон интихоботи умумї, баробар, мустаќими овоздињии пинњонї гузаронида шуда, интихобкунандагон дар асоси ќоидањои нав вакилони Маљлиси намояндагон ва вакилони Маљлиси мањаллии вакилони халќи Маљлиси мањаллии вакилони халќро мустаќиман интихоб намуданд. Моњи марти њамон сол аз чор се њиссаи аъзоёни Маљлиси милли ба таври ѓайримустаќим дар маљлисњои якљояи вакилони халќи ВМКБ, вилоятњо, шањри Душанбе, шањру ноњияњои тобеи љумхурї бо овоздињии пинњонї интихоб гардиданд. Аз чор як њиссаи аъзои Маљлиси миллиро Президенти Љумхурии Тољикистон таъин кард.

Гузаронидани чунин интихобот дар сохтори парламентаризми Љумњурии Тољикистон ва оѓози фаъолияти Маљлиси милли ба ќонуни асосии давлат ќабул шуд, дар асоси талаботи он сарвари давлат – Президент интихоб гардид, Парламенти мамлакат –Маљлиси Оли, маќомоти намояндагии њокимиятї мањалли – Маљлисњои мањаллии вакилони халќ, яъне  вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон, вилоятњо, ноњияњо ва шањрњои Љумњурии Тољикистон интихоб гардида ба фаъолият шурўъ карданд.

Вобаста ба манфиати Вањдати миллї, якпорчагии Љумњурии Тољикистон ва ќарори якљояи њокимияти конститутсионї ва мухолифини дохили соли 1999 ба Конститутсияи Љумхурии Тољикистон дар њамапурсии умумихалќї– Референдум таъѓирот дароварда шуд.

Боби сеюми Конститутсия, ки ба сохтор ва фаъолияти хокимияти ќонунгузор – Парламент-Маљлиси Оли бахшида мешавад, таъѓироти зиёд дохил карда шуд, тарзи тамоман нав сурат гирифт.

Пас ин навоварињо аз чи иборат буданд?

Дар бобати интихобот:

То ба хол, яъне аз давраи соли 1938 то соли 1990 ба маќомоти Совети (Шўрои) Олии РСС Тољикистон 13 даъвати интихобот гузаронида шуд. Ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон даъвати якўм соли 1995 интихобот гузаронида шуд. Номзадњоро ба вакилии халќ коллективњои мењнатї, ташкилотњои љамъиятї, маљлисњои интихобкунандагон дар љои истиќомат пешбари мекарданд

Мувофиќи ќонуни нави интихобот тарзи пешбарии номзад ба кулли таъѓир дода шуд. Хуќуќи номзадњоро ба вакилии халќ дар Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (Парламент) пешбари карданро њизбњои сиёсии дар Љумњурии Тољикистон то рўзи таъини интихобот расман аз ќайди давлати гузашта ва худи шањрвандон ба роњи худпешбари гирифтанд.

Хизбхои сиёси аз њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї ва њамчунин аз њавзањои якмандатии интихоботи тавонистанд номзад пешбари намоянд.

Конститутсияи Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст, ки ба Маљлиси намояндагон шањрванде интихоб шуда метавонад, ки синни ў аз 25 сола кам набошад. Аъзои Маљлиси милли шањрвандоне интихоб ва таъин мешаванд, ки ба синни 35 солаги расида, соњиби маълумоти олї бошанд.

Дар ќисми Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон:

То ба оѓози интихоботи даъвати дуюми Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон (соли 2000) вакилони Маљлиси Олї вазифаи вакилии худро дар Парламент бо кори доимии  худро ќатъ накардан танзим мекунад.

Аъзои Хукумат, судяњо, кормандони маќомоти њифзи  њуќуќ, хизматчиёни њарбї ва шахсони дигаре, ки ќонуни конститутсионї муайян кардааст, наметавонанд узви Маљлиси миллї бошанд. иљро мекарданд. Танњо роњхбарияти Президиуми (раёсати) он баъди ба ин маќом интихоб шудан, аз кори доимии худ ба кори доимї ба Парламент меомаданд.

Ташкил ва фаъолияти Маљлиси Олиро Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи Маљлиси Олии Љумхурии Тољикистон» танзим мекунад. Мўњлати ваколати Маљлиси Олї 5 сол аст.

Фаъолияти Маљлиси милли даъвати мебошад, яъне аъзои Маљлиси миллї дар як сол камаш ду маротиба иљлосия мегузаронад.

Њар як Президенти собиќи Љумњурии Тољикистон узви якумраи  Маљлиси миллї мебошад, агар ў аз истифодаи ин њаќ даст накашад.

Ќонуни конститутсиони шумораи аъзои Маљлиси миллї ва вакилони Маљлиси намояндагон, тартиби интихоби онњо, тартиби интихоб нашудан ва мувофиќ набудани ваколати узви Маљлиси Олиро

Маљлиси намояндагон маќоми доимо амалкунанда ва касбї мебошад.

Узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон соњиби мандати императивї мебошанд, яъне онњо ба амри интихобкунандагонашон тобеъ набуда, њаќ доранд фикри худро озодона изњор намоянд, мувофиќи  аќидањои худ овоз дињанд.

Фаъолияти Маљлиси намояндагон дар шакли иљлосия сурат мегирад. Иљлосияи навбатии Маљлиси намояндагон дар як сол як маротиба аз рўзи аввали кории моњи октябр то рўзи охирини кории моњи июн гузаронида мешавад.

Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон алоњида љаласа мегузаронад, дар мавридњои зарурии ќонун муќарраркарда онњо љаласањои якљоя мегузаронанд.

Салоњияти Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагон дар моддањои 56 ва 57 Конститутсияи Љумхурии Тољикистон муќаррар гардидаанд.

Мавриди љаласањои якљоя гузаронидани њарду Маљлис дар моддаи 55 Конститутсия нишон дода шудаанд.

Дар моддаи 58 Конститутсия муќаррар гардидааст, ки аъзои Маљлиси миллї, вакили Маљлиси намояндагон, Президенти Љумњурии Тољикистон, Њукумати Тољикистон, Маљлиси вакилони халќи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї доранд. Суди Олї, Суди Конститутсионї, Суди олии иќтисодии Љумњурии Тољикистон оид ба масъалањои вобаста ба салоњияташон њуќуќи ташаббуси ќонунгузорї доранд.

Ќонуни Тољикистонро Маљлиси намояндагон ќабул менамояд,

Агар њар як ашхоси мазкур ба вакили Маљлиси намояндагон интихоб шаванд, онњо аз вазифањои худ бояд даст кашанд.

Шањрванди Љумњурии Тољикистон дар як ваќт узви Маљлиси миллї ва вакили Маљлиси намояндагон буда наметавонад. Узви  Маљлиси миллї наметавонад вакили зиёда аз ду маќоми намояндагї бошад.

Вакили Маљлиси намояндагон наметавонад вакили дигар маќомоти намояндагї бошад, вазифаи дигареро иљро намояд, фаъолияти соњибкори кунад, бо истиснои фаъолияти илмиву эчодї. Маљлиси миллї онњоро љонибдори карда ба Президенти Љумњурии Тољикистон пешнињод мешаванд. Ќонунњо аз тарафи Президент имзо ва интишор мегарданд.

Чунинанд мухтасари он навигарињо ва фарќиятњое, ки тањаввулоти парламентаризми Љумњурии Тољикистони соњибистиќлолро дарбар мегиранд.

Инак, чанд сол аст, ки Парламенти Љумњурии Тољикистон – Маљлиси миллї ва Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон фаъолият дорад. Бояд хотиррасон кард, ки Маљлиси миллии Маљлиси Олї аз 33 аъзо, аз љумла 25 аъзо, ки дар асоси намояндагии манфиатњои минтаќавї ба таври ѓайримустаќим бо овоздињии пинњонї интихоб шудаанд ва 8 аъзои дигар, аз љониби Президенти Љумњурии Тољикистон таъин гардидаанд, иборат аст. Собиќ Президенти Љумњурии Тољикистон Мањкамов Ќањњор узви якумраи Маљлиси миллї мебошад.

Дар байни аъзои  Маљлиси миллї 30 нафар аъзои њизбњои сиёсии Тољикистон ва 4 нафар ѓайрињизбиён мебошанд.

Аз љумлаи 63 нафар вакилони Маљлиси намояндагон 22 нафарашон аз љониби њизбњои сиёсии Тољикистон – Њизби халќии демократии Тољикистон, Њизби Коммунисти Тољикистон ва Њизби нањзати исломї Тољикистон дар њавзаи ягонаи умумиљумњуриявї ва боќї 41 нафар аз њавзањои интихоботии якмандатї интихоб шудаанд. Дар Маљлиси намояндагон ду фраксияи њизбї ва як гурўњи вакилони ѓайрињизбї ташкил шудаанд ва ба ќайд гирифтаанд.

Фаъолияти Маљлиси Олї- парламенти Љумњурии Тољикистон – маќоми олии намояндагї ва ќонунгузор, дорои њокимияти олї ва маќоми ягонаи ќонунгузорї дар шаклу њудуде, ки Конститутсия, ќонунњои конститутсионї ва дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистон муќаррар кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Ќонуни Љумњурии Тољикистон бањри ба амал баровардани маќсади олї ва њадафи ягона, мустањкам ва пойдор гардонидани Љумњурии Тољикистон чун давлати соњибихтиёр, демократї, њуќуќбунёд, дунявї ва ягона равона гардидаанд.

 

 

                                                  полковник   Р.Шукуров

Донишкадаи Харби                                 

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 2707 | Комментарии: 1 | Теги: ТАХАВУЛОТИ ПАРЛАМЕНТАРИЗМ ДАР ЧУМХУ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru