Четверг, 25.04.2024, 06:42
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 9
Гостей: 9
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ТОЗАГИ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ - Иншо
ТОЗАГИ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

Инсон дар руи замин сарчашмаи хамаи ободихо, озодихо ва пешравию комёбихои хаёт аст. Тамоми мавчудоти олам махз тавассути мехнати фидокоронаи инсони асил арзи хастй мекунанд. Инсоне, ки саропо манбаи дастовардхои асилу пурарзиш аст. Инсоне, ки гулу гиёхро хастй бахшида. Инсоне, ки хайвоноту набототро нигахбон буда. Инсоне, ки мухиту чомеаро созгор буда. Инсоне, ки хама сохахоро пешрав гардида. Инак, ин инсони созандаву хаётофарин, ки Худованди мутаол кудрату бузургиаш бахшида, созандаи мухити солим, фарзандони баркамол ва нишондихандаи сифатхои олии инсони дар руи замин аст.
Тавассути акли бузургаш инсон мухитро тозаву озода нигох медорад, аз ифлосиву нопокихо эмин мегардонад. Покии хар як гушаву канор, молу амвол, чизу чора ва оилахову фарзандони солим махз ба инсоният вобастагй дорад.
Тозагй, ки зери ин истилох мафхумхои покй, мухити тоза аз ифлосихо, покии обу дигар сарватхо, покии ашёи рузгор, манзили истикоматй, кудакони ноболигу сару либос ва кулли мавчудоти олами хастй дониста мешавад, ба инсон вобастагй дорад. Хамаи инсонхо чи марду чи зан чи кудакону чи болиг вазифадоранд, тозагиро хамчун вокеияти аввалиндарача карзи асосии инсониашон шумурда, чомеа, махал, оилаи хешро хамеша тозаву озода нигахдор бошанд. Тоза нигох доштани оби кулу дарехо асоси хастии инсону хамаи мавчудоти руй замин, аз хама мухим аст. Намебояд гузошт, то дар обхо ифлосихо партоянд. Намебояд гузошт, то обхоро. ки сарвати бузургу такдирсозанд, бо нопокихо олуда гардонд. Тозагии мухити обу хаво нигох доштани хастии растаниву наботот, ки хама ба инсон фоидабахшанд низ аз худи одамон вобастагй дорад.
Одамон, бахусус занон асоси тоза нигох доштани маводи рузгор, аз кабили хонаву ашёи он, либосу палос,   чамъи  ашёи  рузгордорй,  тозагии  тифлакону мухити ихотакардаанд.
Агар   дар   хонадон   зани   оқилаву   порсо   ва покдоману халолкор вучуд дошта бошад, албатта, хама ашёхо низ тозаву озода ва дар чои худ қарор мегиранд. Шуста истифода кардани меваву сабзавот, тоза нигох доштани амволи хона низ мухитро озода мегардонад. Нафас гирифтани хавои хубу дилкаш мояи тансихатии хамаи ахли хонадон мегардад.  Аз хар гарду губор, нопокию ифлосй ва аз хар нафас хавое, ки мегирем, бояд покию тозагй хост. Тансихатии хар як инсон аз хурд то бузург ба мухити ихотакарда вобастагй дорад. Агар хавои хонадон  тозаву  озода,  хар як  маводи истеъмолй поку беолоиш набошанд, инсон наметавонад тансихат бошад.
Хулоса, гарави тансихатии хар як инсон тозагии уст. Тозагии мухити у, дасту дилу дида, тозагии хонадони атроф, обу хаво махз ба худи инсон вобастагй дорад. Бисер мебояд мулохизакор буд, то мухит солиму озода ва фарзандон саломату барчо бошанд. Бисер мебояд кушид, то хамаи хастии хаётро пок дошт. Бисер мебояд чахл кард, то тансихат буд. Аммо барои хамаи ин бояд халолкору покизакирдор ва созишкору дустдори мухити хеш буд. Ба ононе, ки тозагии мухити экологии атрофро халалдор мекунанд, бояд мубориза бурд. Онхоро ба тозаву озода нигох доштани хар як гулу гиёх ва обу хоки мукаддаси Ватани азиз даъват намуд.
Пок дор аз хар губор оинаат! Гуфтаанд, ки хақу барчост. Агар мехохем, ки зиндагии осоишта, рузгори обод, фарзандони солимфикру тансихат дошта бошем, пас моро лозим меояд, тозакору мухитпарвар ва бунёдкори хаёти бофарогати хеш бошем. Хар як хастй ва хар қатраи обу хоки адокардаи Офаридгори созандаро поку беолоиш нигох дорем.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 7112 | Комментарии: 2 | Теги: ТОЗАГИ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ - ИНШО | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru