Четверг, 18.04.2024, 09:12
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 11
Гостей: 11
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС - Иншо
Накша:

1.  Ҳаёти мухтасари шоир

2.  Мероси адабии ӯ

3.  Хулоса

Унсурулмаолии Кайковус яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти асри XI ба ҳисоб меравад. Доир ба ҳолу аҳволи хонаводагии Унсурулмаолӣ маълумоти зиёде нест. Аз рӯйи гуфтаи сарчашмаҳо маълум мешавад. ки ӯ аз хонадони шахсони маърифатноку фозилу донишманд ба дунё омадааст. Унсурулмаолии Кайковус тахминан дар аввалҳои асри XI дар яке аз вилоятхои кӯҳистони Эрони Шимолӣ таваллуд шуда, то солхои 90-ум умр баcapбурдааст. Бобо ва падари Унсурулмаолӣ низ аз шахсони маърифатноки замонаш будаанд. Аз ин рӯ, падараш саъю кӯшиш намудааст, ки фарзандаш аз илмҳои пешқадами замонаш бархӯрдор бошад. Падараш кўшиши зиёде ба харч дода, донишмандони замон ва ҳунармандони соҳаҳои мухталифро барои таълиму тарбияи фарзанди худ ҷалб намудааст. Унсурулмаолӣ як замон бо таъсири таълимоти Абӯалӣ ибни Сино ба омўзиши илми тиб низ машғул шудааст. Ғайр аз ин,илмҳои пешрафтаи замони худ нуҷумшиносӣ, ҳайат, шеър ва илми мусикиро низ фаро гирифтааст. Ҳамии тариқ. Унсурулмаолии Кайковус аз илму донишхои замони хеш хуб баҳраманд шудааст.

Аз мероси адабии шоир ба мо асари бузурги ӯ «Қобуснома» расидааст, ки дар таърихи адабиёти классики бо номи «Насиҳатнома» низ маълуму машхур аст. Унсурулмаолии Кайковус шахси пуртачрибаву донишманд будааст, аз ин ру тачрибаи рӯзгор ва панду ҳикматҳои хешро дар асараш «Қобуснома» ҷамъоварӣ намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Унсурулмаолӣ анъанаи падари худро давом дода, барои тарбия ва таълими фарзанди худ-Гелоншоҳ насиҳатномае мураттаб месозад, ки бо номи «Қобуснома»маълуму машхур шудаасг. Баъд аз мутолиаи ин асар хонанда ба хулосае меояд, ки дар ҳақиқат,Унсурулмаолӣ як шахси фозилу донишманд, тачриба дида,ҷаҳондида ва хирадманд будааст.

«Қобуснома»дар таърихи адабиёти классикии форсии точикӣ ҳамчун асари тарбиявии аҳлоқӣ шинохтаву эътироф шудааст. «Қобуснома»дорои 44 боб буда,ҳар яке аз бобҳо ба масъалаҳои мухталифи ахлоку одоб, расму ойин, рӯзгордорӣ, оилаву оиладорӣ,таҳсили илму дониш, омузиши касбу хунар, варзиш, давлату давлатдорӣ ва доир ба дигар масъалаҳои ҳаётӣ бахшида шудааст. Асар аз хикояҳои хурд-хурд иборат аст, ки шоир онро аз эҷодиёти худи мардум чамъоварӣ намудааст. Унсурулмаолӣ аз ҳаёту саргузашти хеш, аз осори бадеиву таърихӣ низ нақлу ривоятҳо овардааст. Кайковус дар бобҳои асари худ масъалаҳои зулму золимӣ,ҷахлу ҷоҳилӣ,макру фиреб. мағрурию худписандӣ,кинаву бадгӯӣ,ҷабру ситамро маҳкум намуда, дар баробари ин дӯстию рафокат, некиву накӯкорӣ, ростиву росткорӣ, мардиву чавонмардӣ, саховатмандӣ ва дигар хусусиятҳои ҳамидаи неки инсониро ситоиш намуда, тарғибу ташвиқ менамояд.Ӯ,ки худ донишманд буд, ба фарзанди хеш низ тарбия медихад, ки илму дониш, касбу хунар омўзад,то дар зиндагӣ хориву зориро набинад.Ҳаёти мо саросар панд аст, тачриба аст. Бинобар ин нависанда таъкид бар он менамояд, ки мактаби ҳаёт тачрибаҳои ибратомӯз дорад ва мо бояд аз онхо бо маҳорати калон истифода намоем. Тавре гуфтем,мавзўъхои баҳси «Қобуснома» мухталифанд ва дорои аҳамияти тарбиявӣ мебошанд. Дар боби некиву накукорӣ сухан ронда мегуяд, ки го тавонӣ некӣ кун ва чахд кун, то касеро наёзорӣ. Агар дидори инсон хуб бошад, бояд рафтору кирдораш низ чунин бошад. Дар мавриди сухан гуфтан бар он акида аст, ки пеш аз сухан гуфтан, аввал андеша бояд кард. Суханро бузург дон, суханро ростгӯй, ҳеҷгоҳ сардсухан мабош,ки аз сухани бад душманӣ рӯяд.Дар боби пириву ҷавонӣ суханронда, таъкид менамояд, ки ба қадри пириву ҷавонӣ бояд расид, зеро ки ин неъматест бебаҳо.

Хулоса,нависанда дар асари худ аз забони бузургон чун Анӯшервон, Бузургмеҳр,Афлотун,Суқрот панду хикматҳои судманд баён намуда, мардумро ба роҳи рост хидоят менамояд. Гуфтан ҷоизаст, ки панду ҳикматҳо ва хикоятҳои насиҳатомези «Қобуснома» барои хурду бузург, чи дар гузашта ва чи дар замони имрӯз аз ахамият холӣ нест. Месазад, ки ин китоб ҳамчун дарси одобу ахлоқдар мактабхои таҳсилоти ҳамагонии мо ҳамчун фанни алоҳида таълим дода шавад. Зеро одобу ахлоки хуб нисфи хусн аст.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (04.03.2013)
Просмотров: 2458 | Комментарии: 1 | Теги: УНСУРУЛМАОЛИИ КАЙКОВУС - Иншо | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru