Пятница, 29.03.2024, 16:18
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҳамчун сарояндаи асарҳои ахлоқӣ машҳур гардидааст.Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XV дар деҳаи Байҳақи ноҳияи Сабзавори Эрон ба дунё омадааст. Хусайн таҳсилоти ибтидоиро дар ноҳияи Сабзавор гирифтааст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ барои омӯхтани илмҳои замонааш саъю кушиш ва заҳматҳои зиёде кашидааст. Аз инрӯ, илмҳои забону адабиёт, фалсафа, нуҷум, ахлоқ, математика, фиқҳ ва илми каломро бо шавқу ҳаваси зиёд аз бар кардааст.

Таъкид намудан лозим аст. ки Ҳусайн пешаи воизиро хеле хуб медонист ва дар Мовароуннахру Хуросон дар асрхои XV-XVI шӯҳрати хосае дошт. Дар шаҳрҳои Нишопур ва Машҳад муддате воизӣ низ кардааст. Ӯ соли 1455 ба шахри Ҳирот омада, оиладор мешавад. Дар шахри Ҳирот ӯ бо намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ ва шахсан бо худи ӯ шинос мешавад. Осори бузурги илмию адабии Ҳусайн хеле зиёд будааст. Гурӯҳе миқдори асарҳои ӯро зяёда аз 40-то медонанд, ки онҳо доир ба масьалахои тарбиявию ахлоқӣ, ситорашиносӣ, риёзӣ, таърих, санъати иншонависӣ, санъати воизӣ ва адабиётшиносӣ бахшида шудаанд.Ӯ дар асарҳои худ дар бораи 300 навъи санъатҳои бадеӣ, аз қабилт ташбех, истиора, талмех, таҷнис, тазод, тавсиф ва ғайраҳо маьлумотҳои назариявӣ дода, фикру андешахои хешро бо ашъори адибону шоирони муосир ва гузашта тақвият медихад.

Асарҳои Ҳусайн. ки то ба мо расидаанд, инҳо мебошанд: «Кашфуласрор», «Махзанулиншо», рисолаи «Хотамия». «Анвори Сухайлӣ».Ҳамаи ин асархо дар таърихи адабиёти мо хеле пурарзиш мебошанд. Вале Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таърихи адабиёт маҳз бо ду асари ахлоқиаш шӯҳрати беандоза дорад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ асари нависандаи асри XII Абулмуайяди Насрулло «Калила ва Димна»-ро, ки аз забони арабӣ ба забони точикӣ тарчума карда буд, аз нав кор карда баромада ба он номи «Анвори Сухайлӣ»-ро гузоштааст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Анвори Сухайлӣ» аз забони персонажҳои асар фикру андеша ва ақидаи шахсии хешро доир ба таълиму тарбия, ахлоқу одоб, тарзи давлатдорӣ ошкоро баён мекунад, ки ин тарзи гузориши масъала дар «Калила ва Димна» дида намешавад. Хусайн ба ҷои шоърхои арабӣ, ки дар «Калила ва Димна» ҷой доранд. саъй намудааст, ки бештар шеърҳои панду ахлоқии шоирону адибони маъруфи форсу тоҷикро ворид намояд,ки арзиши асарро боз ҳам баланд бардоштаанд.

«Анвори Сухайлӣ»  дорои ҳикоятҳои панду андарзие мебошад, ки ба хар як инсон ахлоқи хамидаи инсониро ташвику тарғиб менамоянд. 

Асари дигари нависанда «Ахлоқи Мӯхсинӣ» мебошад, ки aз мукаддима ва 40 боб иборат будааст. Муаллифи асар кўшиш намудааст,ки дар хар як боб доир ба хар як масъала батафсил истода, андешаронӣ намояд. Мулоҳизахои худро дар ҳаряк боб бо мисраъҳои панду ахлоқӣ ҷамъбаст намудааст. Ба масьалахои илму адаб,ахлоқ, адлу инсоф, саховат ва эҳсон, сидқу вафо  бештар аҳамият додаст. Дар бобҳои алоҳида муаллифи асар  тарзу тариқи давлатдорӣ, раиятпарварӣ ва дигар хусусиятҳои, хуби инсониро таърифу таъсиф намуда, аз шоҳону ҳокимони замони худ донистан ва ба ин хислатҳо доро будани онҳоро дархост менамояд.Имрӯз ҳамсарварону роҳбарони мо, барои дурусту бонизом ба роҳ мондани тарзу тариқи давлатдорӣ метавонанд аз асарҳои номбурда истифода намоянд, ки аз аҳамият холӣ нест.
Категория: Иншо | Добавил: Warior (09.04.2013)
Просмотров: 2863 | Теги: Ҳусайн Воизи Кошифӣ | Рейтинг: 3.7/3
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru