Пятница, 26.04.2024, 03:36
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

УСТОД - БЕХТАРИН ПАДАР - Иншо
УСТОД - БЕХТАРИН ПАДАР

Хар киро дар зиндагй устодест. Имруз чи муаллиму чи духтур, чи ронанда ва чи коргару бофанда хама устодону шогирдони худро доранд. Хамаро дар хаёт касе омузонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безахмат, бемашаккату кадршиносии устоде ба авчи аълое намерасад. Инсон даме, ки чашм ба олами хастй мекушояд, албатта бо як хусну истеъдоди Худовандй тавлид мешавад, аммо худ танхо бесарвари, берохнишондихй ва беустоде сохиби мақому мартабае шуда наметавонанд. Тавре гуфтаанд:

Хеч кас аз пеши худ чизе нашуд, 
Хеч охан ханчари тезе нашуд. 
Хеч Мавлоно нашуд Мавлои Рум, 
То муриди Шамси Табрезй нашуд.

Вакте калимаи устодро ба забои меорем, бевосита пеши назарамон симои муаллим падидор мегардад. Аммо ин фикр тамоман чизи дигар аст. Устод касест, ки дар симои у кас омузандаи хама гуна роху равиш, кору фаъолият ва чамъи хунару истеьдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар, мо метавонем устодро мураббй ва рохнишондихандаи кулли корхои хайр бигуем. Зеро гуфтаанд:
Хар шахс метавонад аз тачрибаи бузурги хаётиаш кору фаъолиятеро ба касе омузад.
Шахсоне хастанд, ки ягон мактаби маърифатию илмиро нагузаштаанд, аммо корхоеро ба субот расонида метавонанд, ки арзиши баланд доранд ва чунин кобилияташон боиси ифтихор аст. Ин гуна шахсонро албатта, метавон устод номид, зеро метавонанд дар дили хама гуна афрод бо хунари волояшон рох ёфта, хаваси омухтани хунареро бедор карда, хаётро рангинию хушй бахшанд. Вокеан мухим аст, ки хар шахе бояд хамин гуна шахсияти гамхор буда, дар зиндагй ягон амали хайреро анчом дихад.
Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз захматхои устодони хеш бохабар бошанд, онхоро кадршиносй карда тавонанд, зеро бе захмати зиёди устодон ягон шогирд ба чое расида наметавонад. Обруи шогирдони болаёкат обруи устоди онхост.
Албатта, шахсе, ки барои омухтану аз худ кардани коре захмат мекашад, бе иззат буда наметавонад, махсули мехнати хар як инсони асил аз чабри захмати кашидааш падид меояд. Ба кавли Румии бузург:

Хар кй ранче дид, ганче шуд падид, 
Хар кй чадде кард, бар чадде расид.

Хулоса, хар кору амале ба устод эхтиёч дорад. Наметавон бе дастгирию маводи касе кореро ба анчом расонда сохибобру гашт.
Дар ягон давру замон кадр, манзалат ва бузургии одамони дастгир, устодон ва рохнишондихандагон аз байн намеравад. Онхо хамеша чун устоди бузург ва ситорахои дурахшони хаёт муътабар ва зинданом буда, чамъият ба онхо ниёз дорад.
Бале, устодон хамеша зиндаёданд ва дар хар як лахзаи хаёт ба хотир оварда мешаванд, зеро пойдории хаёти кас ба устодон - нишондихандагони роху равиш, касбу камол ва рохнамоёни зиндагй вобастагй дорад:

Устод агар набошад, акле ба cap набошад, 
Дар боги зиндагонй, гарди самар набошад. 
Бе рохнамою рохбар, дар ин чахони бесар, 
Пойи равон набошад, нури басар набошад,..

Шахсияте, ки дар зиндагии хеш хунари волои худро ба касе намеомузонад, яъне шогирде тарбия наменамояд, дарахти бесамареро мемонад, ки беманфиат аст. Анъанаи неки мардумй омузонидани хунархои воло ба насли ояндаи миллат аст, ки фардои дурахшони хаёт аз он сахт вобастагй дорад. Зиндаёд будани  номи  бузургон махз тавассути хунари  воло, дастранчи зебо ва шогирдони баркамол сурат мегирад: Тавре Саъдии бузург фармуда:

Саъдиё, марди накуном намирад харгиз, 
Зинда он аст, ки номаш ба накуй набаранд.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 12483 | Комментарии: 1 | Теги: УСТОД - БЕХТАРИН ПАДАР - ИНШО | Рейтинг: 3.4/7
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru