Суббота, 20.04.2024, 17:28
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

УСТОДИ АВВАЛИНИ МАН - Иншо

УСТОДИ АВВАЛИНИ МАН

 

Агар дар нахон набвад омузгор,

Шавад тира аз бехирад рузгор.

                                                                             Ч,омй

 

Агар барои кабои сабз ба бар намудани замин бахор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсои устод рамзи бахор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури махдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:

 

Х,еч кас аз пеши худ чизе нашуд,

Х,еч охан ханчари тезе нашуд.

 

Аз кадим бузургони илму адаб ба устод эхтироми хосса дошта. дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир мурочиат мекарданд. Онхо дар симои устод шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд. Ана хамин диди муборак то имруз боки мондааст.

Устоди аввалин, чй тавре ки аз номаш бармеояд онест, ки ба кас хатту савод омухта, дари бахту саодатро боз мекунад. Бархак,  гузаштагони фозили мо хакки усгодро аз падар бештар донистаанд:

 

Х,акки устод аз падар беш аст

В-аз падар устод дар пеш аст.

 

Адиби дурандешу донишманд Ахмади Дониш дар сифати шинохти устод навиштааст: «Х,акки падар бузург аст ва хакки устод бузургтар».

 

Аз ин х.ама андешахои чолиб чунин бармеояд, ки муаллим, омузгор дар тарбияи маънавии инсон накши муассир дошта, боиси эхиром ва шахомат низ гаштааст.

Устоди аввалини ман модар аст. Хар чизеро ки то даврони мактабхонй медидам. аз у пурсои мешудам. Модар бо суханхои ширину латиф хар як ашёи оламро ба мани кунчков ошно месохт. Ус тоди дигар ин худ зиндагист, ки касро ба баду иски чахони фони ошно меозад.

Аммо хидмати омузгор бештар аст, зеро махз у дари илму донишро ба руи кас боз карда, дунёи тафаккури касро бо тозагулхои муаттари маърифат зиннат медихад.

Хулоса омузгор он шахсияти бузург ва нотакрорест. ки бо чароги акл олами фикрии моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муаррифй мекунад. Дехкону мухандис,  духтуру шоир хама парвардаи огуши бихиштосои омузгоранд. Тобиши зиндаги бори дигар собит сохт, ки давлатй муаллим тар­бияи шогирдон аст. У аз пешрафт ва комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони рузгори мо омузгорон хамеша дар хидмати халку Ватан карор доштанд. Харчанд ба шароити гарони зиндагй ру ба ру омадаанд, аммо, мардона дар бунёди манораи аклхо сахми шоиста  гузоштанд.

Аз ин ру,  эхтироми устод вазифаи мукаддаси хар як инсон аст. Хаёт бошад, давоми мантикии дарси муаллим аст. Оре:

 

Хар кй н-омухт аз гузашти рузгор,

Низ н-омузад зи хеч омузгор.

 

 

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 8153 | Комментарии: 1 | Теги: УСТОДИ АВВАЛИНИ МАН - ИНШО | Рейтинг: 3.8/4
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru