Пятница, 26.04.2024, 00:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Ваҳдат – пояи хушбахтӣ ва рушди миллат

Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурўҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд.Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин рўйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда ба ҳар хонадоне осори ғаму андўҳ ниҳода буд, дар шеъри Мўъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин разми беназмро касс надид,
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гавҳора то пири кор,
Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор

Чун тулўи офтобе, ки баъди чанд рўзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба ўҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам » буд.

Дарвокеъ, ин шахси ватандўсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пўшонад.Ў ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз максадхои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири давлати точикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хўрд.

Устод Лоиқ Шералӣ яке аз аввалинҳо шуда ин санаи муборакро барои ҳаммиллатонашон муборакбод гуфт:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Шоира Гулрухсор аз тулўи ҳаёти нави мадуми кишвар ва эҳёи зиндагии пурбаҳои миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада мегўяд:

Боз тоҷик, -
Миллати мурғи самандар,
Аз шўои оташи худсўзии худ,
Марзи имонро биафрўзад.
Тоҷикистон сўхт гар
аз ҷаҳли тоҷик
Фазли тоҷик-
Тоҷикистонро биафрўзад.

Дарвоқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накўиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрўзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳард кард.

 

Категория: Иншо | Добавил: Warior (22.12.2012)
Просмотров: 979 | Комментарии: 1 | Теги: ВАҲДАТ – ПОЯИ ХУШБАХТӢ ВА РУШДИ МИЛ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru