Вахдати мо –мароми мо - Иншо - Иншо - Иншохо - Топики - Для тех кто учится!!!
Четверг, 08.12.2016, 01:08
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1813
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Вахдати мо –мароми мо - Иншо
Вахдати мо –мароми мо.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,
Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.
Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,
Даҳр бинмояд cғmoғши мардуми барнодилам.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.
Сулҳ - оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар асг.
Ваҳдат бошад ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан.
Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикисгон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқё си ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба сӯи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, чун як фарзанди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва бо ифтихор метавонам гӯям.
Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст


Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 882 | Комментарии: 1 | Теги: ВАХДАТИ МО –МАРОМИ МО - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 1
1  
это то, что мне надо

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru