Четверг, 28.03.2024, 13:59
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ЗАБОН ДОНИ - ЧАХОН ДОНИ - Иншо
 ЗАБОН ДОНИ - ЧАХОН ДОНИ

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медихад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботхои рузмарраи хаёт огах гардад. Донистани забони гайр донистани вокеияти хаёти миллати дигар ва кулли дигаргунихои олам аст. Барои омухтани забони дигар мо бояд, пеш аз хама забони модарии хешро ба хубй донем. Озодона хамаи сохахои хаёти худро омухта аз худ намоем. Зеро бунёди забони модариамон ба осонй ба даст наомада.

Аз сари сад минбар афтоданд нозирхои у. 
То наафтанд аз забони хештан. 
Дар сари сад дор чон доданд шоирхои у. 
То наафтад бар замин қадри сухан. 

Президенти кишварамон Э.Рахмон оиди манзалати забони модарй чунин гуфта:
«Миллате, ки арзишхои миллии хешро кадр карда наметавонад, киммату манзалати забони миллати гайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин ру бисер мебояд чахд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагй аз худ кард. Дар катори омухтани забони миллати хеш омухтани забонхои дигар низ бе манфиат нахохад буд. Дар мавриди донистани забони гайр кас метавонад бе ягон душворй бо ин ё он забон гуфтугу намояд. Аз дарду дог ва бурду бохти ин миллат чизе омузад. Рузномаву мачалла ва ахбори он миллатро ба хубй аз худ кунад. Ё худ хангоми мусофират ё сафар ба монеаву душворихо ру ба ру нагардад. Озодона дар муомила бошад ва худро осудаву бофарогат эхсос намояд.

Агар сесад забон донй, фузун нест,
 Хамарузе ба кор ояд забун нест. 
Надонй гар забони миллати худ, 
Пушаймонй надорад оқибат суд.

 Имрузхо хушбахтона дар давлати мо дар донишгоххои олй, мактабхои миёнаву муассисахои илмии кишвар забонхои гуногуни чахонй омухта мешавад. Имрузхо тифли дилбанди фарди точик бо чандин забони дунё муошират менамояд. Ба давлатхои хорича рафта, тахсили илм мекунанд, сохибмаьлумот мегарданд. Ин албатта, ба пешравии миллат, давлат ва кавми точик манфиати хуб меорад.
Имрузхо дар чумхурии азизамон сафоратхонахои зиёди давлатхои дунё арзи хастй доранд, ки хамкорихои байналхалкии Точикистонро бо дигар давлатхо чонибдорй мекунанд. Ин низ, албатта, ба забономузиву забондонй ва робитахои зиёди давлатхо огахй медихад.

Хар кас ба забони худ сухандон гардад, 
Донистани сад забон осон гардад.

Забондонист, ки имрузхо фардияти точик бо хамаи кишвархои дунё робитахои дустй дорад. Ба сафархо мебарояд. Мусикии мардуми точикро чахониен гуш меандозанд, халоват мебаранд. Фарзанди миллати точик кормандони бузурги давлатхои таракдикардаи дунёанд. Аксарияти мардону занони точик дар кишвари Руссия чун дар хонаи хеш кору фаъолият мекунанд. Фарзандонашон дар мактабхои онон таълиму тарбия мегиранд. Имруз дар гуфтор мардуми точикзабонро аз миллати рус тафовут додан амрест махол. Фарди точик дар гуфтугуй бо мардуми эронинажод кариб, ки баробаранд. Фарзанди точик бо забонхои англисй, немисй, руссй, чехи озодона дар гуфтугуянд. Ин албатта, фахри давлату миллати точику Точикистониён аст.
Хулоса, забондонй - чахондонист, бузургист, сарбаландист, ифтихор аст, ки дар хама гуна лахзахои хаёт чи гаму дард ва чи хушию шодмонй инсонро ёвару мададгор, дилбардору эхсосгар аст. Донистани забони гайр миллатро ба бузургй, фардро ба воломақомй ва давлатро ба пешравию муваффакият ноил мегардонад.

Забондонй ба волой расонад,
Зи гумрохию нодонй рахонад.
Касе к-у беш омузад забоне,
Расидан бар муроди дил тавонад.

Сарбаланду боифтихор аст, фарде, ки донандаи чандин  забон  асту  хеч гох  дар  ягон  маврид дар намемонад.
Забондонй дар ягон давру замон падидаи номатлуб нахохад буд. Он хамеша зарур, поянда ва боиси ифтихори баланд буда, шахси забондон чун шамъи равшангарат ва мачлисорой хамаи анчуманхоро равшанию нур ва хушиву сурур мебахшад.


Категория: Иншо | Добавил: Warior (03.01.2013)
Просмотров: 29072 | Комментарии: 2 | Теги: ЗАБОН ДОНИ - ЧАХОН ДОНИ - ИНШО | Рейтинг: 3.4/25
Всего комментариев: 2
2 firdavs  
0
Огромное спасибо:)

1 Sarvina  
0
Самей лучший страница!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru