Пятница, 29.03.2024, 02:02
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ЗАБОНИ МОДАРИЯМ -ИФТИХОРАМ - Иншо

ЗАБОНИ МОДАРИЯМ -ИФТИХОРАМ

Забон ояд ба кас чун шири модар, 
Аз ин ру асли чон аст асли чон аст. 

Забони модарй лафзи бузург, ширину мукаддасест, ки барон хар як инсони комил баробари пайдо шудаии чон дар бадан пайдо мешавад. Хануз тифле, ки нав ба олами хастй чашм боз камудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарй сурат мегирад, ниёз дорад ва тахти навои форами он худро озоду бофарогат хис мекунад, унс мегирад, интизорй мекашад, то ба ин лафзи поку мукаддас харфе бишнавад. Сазовори навои баландмазмуни модарй азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медихад ва аз лахни форамаш дилу дида. чону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист.
Он дилчаспу гуворост, он махбубу карин ва мехрафзост. Ачаб гуворост лафзи модар. Ачаб ширину беолоиш ва карини дилхост. Ачаб хаётбахш, суфтаю ба лил карин аст забони модарй бузург.
Забони баландхиммате, ки Саъдию Хрфизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарини хаёт, бо он харф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лохути, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоик номдораш гардонидаанд, ки имруз аз хастии бузургаш меболем.
Забони точикй яке аз забонхои кадимаи дунё ба хисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имруз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарй хамагон мешиносанд ва мехоханд онро биомузанд. Инро дидаву шунида. мо сохибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигох дошта, дар тозагиву равонии он хамаруза сахмгузор бошем: Зеро фармудаанд:
Забони модарй фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рузгоред.
Барои хар каломи поки модар,
Даруни синахо хайкал гузоред.

       Вазифаи хар як точикзабон пеш аз хама аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орй аз камбудиву нуксонхои гайр ё забони бегона сухан гуфтан алфози модарй хеш сахмгузор бошем. Хар як инсон пеш аз оне, ки бо забони дигар сухан ронад, пеш аз хама бояд донандаи забони модарии хеш бошад. Вокеан, агар кас забони худро донад, омухтани дигар забонхо барояш осон мегардад:
Хар кас ба забони худ сухандон гардад,
 Дониспгани сад забон осон гардад. 
Ба ифодаи Турсунзодаи бузург: «Забони мо хеле устувор аст, мо имруз хам ашъори Рудакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Пас, бе мулохиза метавон гуфт, ки забони точикй чун лафзи фасеху равон, содаву фахмо, хануз дар замонхои зиндагии Рудакии бузург бо сухани бузург вучуд доштааст ва дар ташаккули забони порсии дарии точикй у сахми босазое гузоштааст. У эътикоди хамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабй тагйир дод ва назари илму адаби замонашро ба суй забони  модарй  нигаронд. Намунаи содагии забони шеъри Рудакй нишон медихад, ки у дар таърихи забону адабиёти мо хакикатан хам накши босазо гузоштааст. Дар катори у садхо бузургони хирад дар баркарор гардидани забони точикй хидмати босазое намудаанд. Забони точикй аз давраи ташаккули худ то ,ба имруз аз чихати лугат ва сохтори нахвию услубй кам ба дигаргуни дучор шудааст ва аз хамин лихоз, дар байни дигар забонхо ягона забонест, ки такрибан вазъи беш аз хазорсолаи хешро нигох доштааст.
Мо насли имруз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи кухан ва ганчинаи бебахост. Бо карори Созмони Миллали Муттахид 21 феврали соли 2002 рузи байналмиллалии забони модарй эълон гардндааст. Аз соли 1989 22-июл бо карори Шурой Олии Чумхурии Точикистон  забони давлатй - забони точикй  -эълон гардид. 5 октябри соли 2009 тахти №553 Конун дар бораи забон бори дигар кабул гардид, ки ватъи хуқуқии забонро муайян мекуиад. Мувофики ин карор коргузории тамоми корхонаву муассисахо ва мактаб ва тамоми сохахо бо забони давлатй сурат мегиранд.
Ба гуфтаи Сарвари давлатамон мухтарам Э.Рахмон: «Забони точикй поянда аст, то даме, ки миллати точик хаст, забони у низ пойдор хохад буд».
Мо, точикзодагони асил хамеша пайи он мекушем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигох дорем.  Намегузорем, ки эхтироми ин  забони бузург. лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарй ба мо забондорон вобастагй дорад.

Дар хаду сархадшиносии чахон,
Сархади точик забони точик аст.
То забон дорад, ватандор аст у,
То забондор аст, бисер аст у.

- гуфтаи Бозор Собирро бо ифтихори миллй шиори бузурги забондустон медонем.
Хулоса, забони модарй, шахди хает аст, ки мо точиконро бо шири модар бурун омада ва баробари ошомидани шири сафеду лазизи модар дар дилу дида ва магзи устухону чон самар дода. Он муқаддасу гуворо ва азизу муътабар буда, точиконро болу пар бахшидааст.
Имруз фарди точик бо ин болу пари бузурги хеш дар парвозхои баланд аст, зеро ин забонро чахониён эътироф мекунанд:

Забони модариам ифтихорам. 
Саодатбахши халқи номдорам. 
Дар олам аз хама ширинтарй ту, 
Ба Синову Хайёмат сачда орам

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 5398 | Комментарии: 1 | Теги: ЗАБОНИ МОДАРИЯМ -ИФТИХОРАМ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru