Пятница, 26.04.2024, 21:19
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ЗАН. МОДАР - ХАСТИИ ЗИНДАГИ - Иншо
ЗАН. МОДАР - ХАСТИИ ЗИНДАГИ

Модар - модар ту бехтарин армонй,
 Шодй ба дилу ба хонадон эхсонй. 
Аз мехру навозишат мунаввар олам, 
Дар дахр хамеша човидон мемонй.

Оре. модар бехтарин армон, азизтарин хастй, мукаддастарин муъчиза ва арзандатарин сарватест, ки хамагонро хаёт бахшидааст. Аз хастии пайкари бузургаш ба дили кас куввату мадор, тавоноиву карор ва мехру мухаббати беканор пайдо мегардад. Тавоноии модар касро зинату самар, симу зар, болу пар ва шахду армон мебахшад.
Такя бар вучуди чахону инсонофарини модар такя бар Яздони пок аст. Модар ягона офарандаи инсони комил аст, ки хамчун бехдошти бузурги хаёт одамиятро ба дунёи равшан оварда, тарбият мекунад ва ба камол мерасонад. Аз ин офаридаи бузурги у замину осмон, чахони човидон ва хамаи хастии олам пур аз рози нихондошта, равшанию нур, хушию сурур ва хастии руху чон мегиранд. Хастии бузурги модар хамаи афзалиятхои зиндагиро сабабгор аст.

Хуршед нихам ном туро ё ки чахонтоб? 
Модар, зи бузурги сару пои ту нигин аст. 
Бар гуш расад аз ту садое хушам он руз. 
Эй хуш, бувад он руз садоят ба танин аст.

Модар ситораи зиндагй, ситораи дурахшонест, ки чахонро нуру чило мебахшад. Офтобест, ки лахзае аз болои кухе баромада, дунёро равшанию хаёт мебахшад.
Модар ба кавли бузургон бо як дасташ гахвора ва бо дасти дигараш дунёро такон медихад. Аз бисоти бузургаш ба фарзандон шири сафед медахад. то дар зиндагй рохи сафеду бахти сафед ёраш бошад. Барои ба тарбият бавоя расонидан ва баобру гардиданаш кушиши зиёде мекунад. Даме тифлаш рохгардон мешавад, модар мефахрад.
Даме, ки аввалин сухани бузург - «Модар»-ро ба забон меорад, модар бештар хушхол гашта мефахрад, ки чун муъчизоти пурафзуни инсони комилро офаридааст.
Модарон бехтарин пушту панох, арзандатарин хастии хаёт, равшандихандаи хар як хонадон куввату мадори дилхои нотавонанд. Онхо сабабгори хамаи афзалиятхои зиндагианд. Модарон куввати дилу Чонанд, ки дар хар таппиши дил ба мо аклу заковат, мехру мухаббат ва эъчозу хикмату хираду сарват мебахшанд.
Занону модарон дар катори тавлиду тарбияи фарзанд боз бисёр вазифахои пурмасъулро ба душ доранд. Онхо, бахусус занони точик дар сохахои гуногуни зиндагй кору фаъолият мекунанд. Дар катори мардон истода, ба оила мададгор мегарданд. Зани точик имруз ронанда, бофанда, пазанда, духтур, мухандис, рохбар, точир аст:

Гахе бинам, ки чун точир ту дар бозор мегардй.
 Гахе бинам ба беморе табибу ёр мегардй. 
Гахе бинам, ки медузй ба тифлат чомаву дастор, 
Гахе бинам ба ёрат мунису гамхор мегардй. 
Зани точик, ба миллат боиси сад ифтихор астй.

Хулоса, азизон, волидон бехтарин ганчинахои ноебу нотакроранд. Онхо бехтарин дороии хаётанд. ки барои ба дунё омадану ба камол расидани насли оянда хизмати арзанда доранд.
Намоед точи cap, нуру басар модар - падархоро, 
Ки аз хубони олам хубтар худ волидон бошанд.
Мехри модарро ягон мавчудоти дигар ки моро хастию чон бахшидаанд чойгир буда наметавонад:

Он чо ки туй модар, он чой гулистон аст.
 Он чо ки набошй ту, як манзили вайрон аст.
 Аз мехри шарарборат, равшан шавад ин олам,
 Дурию фироқи ту, сузест, ки дар чон аст.

Зеро у худ мабдаи мехр асту орзуву ормон. Зеро у ободгару рухбахши хаёт аст. Хар чо ки уст, аз он чо буи гулу гиёх меояд. Ин маъниро басе хуб баён намудаанд.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 4043 | Комментарии: 1 | Теги: ЗАН. МОДАР - ХАСТИИ ЗИНДАГИ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru