Четверг, 28.03.2024, 13:01
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

Зан-модар тоҷи офариниш - Иншо

Зан-модар тоҷи офариниш

 

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,

Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.

Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,

Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

 

    Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳонӣ аз андалебро қатра - қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

   Зан-модар шахси мукаддас аст. Вакте ки симои у пеши назар меояд, аз чашмони у, аз тамоми хастии вай нур меборад. Ин нур рохи ояндаи хаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи хаёту мамот буда,аз хама кимматтарину азизтарин шахс дар олами хасти мебошад. Мехри бехамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишки поки модар ба мисоли  чашмахои пурчушест,ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин модар мебошад.

    Модар! Зимни ин панч харф чи кадар мехру мухаббат, хушгуфторию хушрафтори, бузургиву мучассамаи хоксори нихон аст. Дар олам мукаддастар аз модар мавчудоте нест. Оре, тамоми хастии вучуди мо аз модар аст, махз бо туфайли чонкохонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин чост, ки мо уро мукаддас мешуморему дар лахзахои душвортарин номашро ба забон мегирему мегуем: Модар! Модарчон! Мехру мухаббати самими модар ва шабзиндадорихои модар-ин хамаро бо хеч чиз баробар натавон кард. Модар хаст,ки мо хастем. Кист он кассе, ки

суруди «алла»-и модарро нашунида бошад, аз шири сафеди у бахра наёфта бошад. Модар! Ту чашмаи хаёти инсон хасти ва хаёти инсон ба ту вобаста аст. Калимаи МОДАР калимае мебошад, ки дар тамоми забонхои чахон якхел оханги навозишкорона дорад. Сини инсон чанде ки набошад, хох 5 хох 50, барои у модар-навозишу нигохи вай зарур аст. Ва хар кадаре,ки мухаббати касс ба модарзиёд бошад, хаёт хамон кадар фарахбахшу дурахшон аст. Модар! Бе ту хеч бахоре зебо ва хеч тирамохе пурфайз нахохад буд. Файзи зиндагонии мо аз туст. Ту ситораи дурахшоне хасти,ки рохи фарзандатро равшан месози.

Модарам ту ягона вучудаму рафикам, эхсону дастгирам дар парешонхолию шарикам дар гаму андух, лаззатам дар хаёту рохатам дар мамот, ту табассуми хаётбахши сари гахвораю суруди чахонгири сахаргохам. Ту худ чон ба каф гирифта, маро ба дунё оварди, хаммаслаки  ситорахо гардида, дар сари гахвораам бо хоби ширин даст ба гиребон шуди, бо чашмони хастаат бониям кардию бод или афсудаат химояаам.

    Модар-зан аст. Зан бошад олихаи хусну малохат. Адибону олимон ва бузургони дунё дар васфи зан-модар бисёр суханхои мехрбор гуфтаанд:

   Хамаи ашёи олам зебост, аммо модар аз тамоми мавчудоти олам зеботару волотар аст. Хушбахтона имруз сохае нест, ки дар онхо занхо кор накунанд ва дар чамъияти имруза  занхо дар баробари мардхо истода кору мехнат мекунанду мамлакат аз дасти онхо гул мекунад.

   Хамаи касбхо хубанд, лекин аз хамааш хам касби омузгориро меписандам, зеро дар оилаи омузгор ба дунё омадаам.

    Омузгор! Барои тасвири симои ботини ва зохирии сохиби ин касб  калами хеч суханвар ва хеч рассом кудрат надорад, зеро  дар чехраи омузгор хатхои ноаёне мавчуданд, ки мухаббати у нисбат ба касбу хонанда ва

ватан акс ёфтаанд.  Омузгорро чунин сифат мекунанд:  Устод, ошики касби хеш буда, маънии хаёташ хизмат ба мардум аст. У шахсест, дилсузу мехрубон ва хакикатгуву захматкаш мебошад.

   Агар замину растанихо аз нури офтоб сабзанд, хонандагон бошанд аз нкри пурмехри омузгор бахра мегиранд, ба куллахои баланди бахту саодат ва орзухо мерасанд.  Устод дар дили шогирд машъал меафрузад, барои ба даст овардани бахту толеъ рохи уро мунаввар месозад.

   Дар симои чунин модари дилсузу гамхор, устоди  азизу мехрубон, ман муаллимаи худро, ки маро мисли фарзандашон дуст медоранду ба ман ва ба хамсабаконам  дарси ибратбахш ва тарбияви меомузанд, Бобоева Гулнорахон мебинам. Он кас соли  1998  донишкадаи факултаи  забон ва адабиёти  рус-и шахри Хучандро хатм намудаанд. Фаъолияти омузгориашонро хамчун муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус аз соли 1998 дар МТУ №33-и н.Б.Гафуров огоз намуда, сипас соли 2002-юм дар гимназияи №3-и ш.Хучанд фаъолияти кориашонро давом доданд. Холо бошад аз соли 2009-ум то инчониб дар  яке аз мактабхои бонуфузи шахри Хучанди бостони, гимназияи «Кавсар» кору фаъолият бурда истодаанд. Муаллима хамеша мекушанд, ки мехнаташон самараи хуб ба даст орад, Мо шогирдонашон аз он касс панди судманд мегирем. Новобаста аз чавони ва душворихои ру ба ру омада устоди азизам рухафтода нашуда, аз паи таълиму тарбияи насли наврас мебошанд. Эчодкор хастанду бисёр дарсхояшонро шавковар мегузаронанд. Ба чехраи пурхандаву зебояшон менигарам аз чашмонашон нур меборад, калби бекарорашон мондашавиро хис намекунад. Чунки онкас богбони маърифат ва ошики касби хеш мебошанд.

    Аз тарафи он касс дар мактаб бисёр дарсхои кушоди намунавию тарбияви, шахрию вилояти дар сатхи баланд баргузор гардидааст.  Вакте ки дар дарси муаллима менишинам, худро дар чое хис мекунам,ки гуё  модарам дар наздам истоданду ба ман сабак меомузанд. Оре, он кас барои манн мисли модарам азиз мебошанд, зеро бо хар як шогирдонашон мисли фарзандашон муносибат мекунанд. Хамеша ва дар хама маврид шогирдонашон, яъне фарзандонашонро дастгири мекунанд. Ман хам устоди азизи хешро мисли модарам дуст медорам ва мекушам, ки муаллимаи манн хамеша чехрахандон бошанд

   Бузургон гуфтаанд: «Дар хонае зан-модар нест, хуши ва рушнои вучуд надорад, бинобар ин занон шамъу чароги хонадонанд.» Бале, агар модари азизи мо дар хона шамъу чароги хонадони мо бошанд, сипас муаллимаи азизамон дар мактаб, дар синфамон хамчун чароги фурузон ва равшангари дилхои мо-толибилмон мебошанд.

   Ман аз чунин омузгоронам мефахрам , шукр аз он мекунам,ки  дар давраи истиклолият  зисту зиндагони дорам ва ифтихор аз он мекунам, ки дар мактабе ки тахсил дорам, чунин устодони гамхору дилсуз  кор мекунанд. 

Манн минатдориамро ба хамаи омузгоронам мерасонам ва онхоро бо иди занону модаро ва бонувон табрик намуда, аз сидки дил бахрашон пирузихо, хушихои зиндаги ва ба корхояшон мувафакиятхои беназирро орзумандам. Дар охир харяки муаллимагонамро хамчун зани хоксору халим  гуфтаниям, ки:

       

        Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

        Хуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо,

        Зан набошад, нест дар руи замин  накши хаёт-

        Дон,ки бе зан то абад гил бимонад  пои мо!

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 4201 | Комментарии: 1 | Теги: ЗАН-МОДАР ТОҶИ ОФАРИНИШ - ИНШО | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru