Суббота, 20.04.2024, 09:44
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Категории раздела
Иншо [108]
Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Иншохо » Иншо

ЗИНДА БОШ, АЙ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ! - Иншо

ЗИНДА БОШ, АЙ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ!

Точикистон, мехри покат дар дилу чони ман аст, 
Офтоби шуълапошат сон бар сад гулшан аст. 
Мехри поки мардумат мехри бузурги модарон, 
Мардуми мехмоннавозат фахри даврони ман аст.

Точикистон кишвари бузургест, ки саропо мехрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Мехри бузурги ин сарзамин хар як инсони асилро дар дилу дар чон аст. Сарзамини дилфиреб аст, макони бузургони хирад, окилону фарзонагон ва шухратмандони шухратёр аз кабили Турсунзодаву Миршакар, Лоики роздону нуктафахм ва амсоли ин садхо нафар бузургон, ки оламиён васфашон мекунанд. Точикистон макони бузургону сарзамини фархангдустон аст. 
Он сарзаминест, ки бо хамаи бузургихояш мардуми Сугду Хатлону Бадахшон, Панчакенту Кулоб, Хисору Вахшу Варзоб барин мавзеьхои бузургу номдорро Ватан аст. Ватане, ки чун модари азиз дусташ медоранду эхтиром мекунанд. Ватане, ки хар хасу хору хоки он бошандагонашро мукаддасу гиромист. Точикистони бузург имруз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохахои пуркуввату бузургаш сояафкани хар гулу гиёхи арзандаи уст ва мевахои рангину лазизаш мардуми бонангу номус ва бодонишу баори он машхури дунё гаштаанд. Дар байни дигар давлатхо имруз Точикистон бо боигарихои зиёду пурарзишаш, аз кабили пахта, гандум, об, ангишт, тилло, нукра ва амсоли ин шухратёр аст.
 
Куххои зарафшонаш кони зар, 
Сарвату тиллои он машхури дахр. 
Пахтаи бишкуфтааш рамзи хаёт,
Гандумаш нони хама ахли башар. 

Равшан  аст,  ки Точикистон  кишвари  пурганчу пурэъчоз ва пурсарвату бой аз захирахои табиист. Илова бар ин НБО-хои машхури он, ба мисли Варзобу Нораку Рогун бо иктидори бузургашон хосилкунандаи кувваи бузурги баркианд, ки акди бинандаро мафтун мегардонанд.
Иншоотхои  бузурги  ин  кишвари  азиз дар хар гушаву   канори   он   таквиятдихандаю   далели   хамаи гуфтахои болоанд. Ба акидаи Бозор Собир: 

Точикистон, Точикистон.
Мекунам шукри каму бисёри ту, 
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту. 
Аз ту ман сарват намехохам, Ватан хастй бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагй кардан бас аст. 

Оре, дар кадом холат дар кадом сатху пояе, ки набошад, Точикистон мукаддасоти арзандаи миллати точик дониста мешавад.
Имруз чун як Точикистонии кучак бо ифтихори бузург гуфта метавонам, ки давлати пуриктидор, ки замоне дар тасарруфи давлатхои иттиход чой дошт, мустакил, демократй, дунявй, хукукбунёд ва комилхукук аст. Онро марди бузургу дарёдил ва чахондидаву кордон Эмомалй Рахмон рохбарй мекунад. Бо захмати гарону ранчи беандозаи ин марди хирад Точикистон яктост. Кисматхо надорад, якрангу якмаром аст. Мардуми сохибхиради ин сарзамин аз хурд то бузург якдигарро эхтирому эътироф мекунанд, чунки кавми як миллат, як мазхаб ва як нажоданд. Имруз Точикистони азизи мо дар айни шукуфтанхост ва руз то руз шухратманду шухратёр гашта истодааст.
Имруз марду зани ин сарзамин дар талоши илму адаб, фархангу маърифат ва кору фаъолиятанд. Дастовардхои бузурги Истикдоли кишвар ба онон куввату мадор, тавоной бахшида, онхоро ба пешравихои бузург ноил гардонд. Имруз Точикистон гулистони бехадду канор, маркази нуру маърифат, чаманисгони дунёи орзуст. Имруз точикон чун миллати номдор. шухратманду чахонгард, маърифатдусту тавоноанд.
Имруз хар фарди Точикистони азиз дар панохи Офаридгори созанда дар нашъунамост.
Хулоса, сари таъзим меорам ба хар як обу хоку гулу гиёху мардуми бузурги ин сарзамин ва бешубха, меболам аз он, ки ман низ як шахси кучаку мехрпарвари ин сарзамини афсонавиам. Точикаму чун миллати баруманд ифтихор дар чахон дорам. Насли поки Оли Сомонаму дар дил маъхази бузурги миллати точик.. мехру мухаббат, покдиливу самимият ва ору номуси бузургро мепарварам.

Категория: Иншо | Добавил: Warior (02.01.2013)
Просмотров: 33297 | Комментарии: 4 | Теги: ЗИНДА БОШ, АЙ ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗ! - ИНШО | Рейтинг: 3.9/18
Всего комментариев: 3
3 Муха  
0
рахмати майдаааааааааааа,,,,,,,..

2 Хахахаха  
0
Спасибо за иншо

1 xaxaxaxaxa  
0
xaxaxaxaxaxa

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru