Пятница, 29.03.2024, 08:57
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Абдурахмони Чоми


Абдураҳмони Ҷомӣ (Хатти ниёгон: عبدالرحمن جامی) шоири барҷастаи адабиёти классикии форсу-тоҷик буд. Номи асосии у Абдурахмон, лакабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Чоми дар тамоми дуне машхур гардидааст.

Зиндагинома

Нуриддин Абдурахмони Чоми 7-ноябри соли 1414 дар дехаи Харгарди вилояти Чом ба дуне омадааст. Падар ва бобои Чоми мардони бофазлу дониш буданд. Хангоме, ки Чоми 11-сола мешавад, оилаи онхо аз вилояти Чом ба Хирот меоянд. То ин дам Абдурахмон дар Чом, дар назди падараш Низомиддин Ахмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу нахви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Чоми Абдулгафури Лори чунин менависад; «Рузе сухан аз устодон ва муаллимони хазрати эшон (Чомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармудаанд , ки мо ба хакикат шогирди падари худем , ки забон аз вай омухтаем».

Таҳсил

Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия тахсили илмро давом медихад. У дар назди Мавлоно Чунайди усули забони араби, асархои «Мухтасарулмаони», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтазониро , ки оид ба илми баён буданд, омухта доир ба илмхои хикмат ва мантик аз олимони машхури замон Хоча Алии Самарканди ва Шахобиддин Мухаммади Чочарми сабак мегирад. Чоми аз кудаки зехни бурро ва акли расо дошт. У дорои хислати ачибе буд; ба хар як чиз , ба хар як ходиса аз нуктаи назари танкиди, кунчкови назар мекард, бештар ба илмхои дакик майлу рагбат дошт. Чоми ба як бор хондан мохияти асосии масъаларо дарк мекард. У монанди шогирдони дигар дар бахсу мунозирахо худнамои намекард, баръакс, дар он чойхо орому ботамкин буд. Суханони Чоми катъи буданд ва факту далелхои раднашаванда доштанд. Аз ин ру, у хамеша дар бахсу мунозираи муллобачагон голиб мебаромад. Кобилияту истеъдоди Абдурахмони Чоми чунон бузург буд, ки хатто устодон аз ухдаи дарс додани у баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвакоеъ» Зайниддин Махмуди Восифи накли ачибе овардааст, ки он «Хамсаи мутахайира» («Панчгонаи хайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад. Онхо панч нафар буданд, панч нафар толибилм, донишчу. Холо онхо дар хучраи мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Мухаммади Чочарми вориди хучра шуд. Шогирдон-Абдурахмон, Хусайн, Шамсиддин, Довуд , Муиниддин аз чой хеста ба устод салом доданд. Дарс сар шуд, муаллим аз онхо вазифаи хонагиро пурсид. Чавоби пурра ва сахех медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машхур «Шархи тарид»-и Мавлоно Алии Кушчиро тадрис мекард. Хангоми шарху маънидоди баъзе масъалахои асар дар байни муаллиму шогирдон бахсу мунозира авч мегирифт, гохо шогирдон голиб мебаромаданд.

 

Чи бояд кард? «Илочи вокеа пеш аз вукуъ» гирифтаанд, -андеша мекард, рох мечуст устод. Пас фикру тадбир он аст , ки ман худамро касал кунам ва шогирдонро дар куи бекори андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу руз мутолиа кунам ва ба дарсгуии шогирдон нагзтар тайёр шавам. Мавлоно Мухаммади Чочарми шогирдонро ба мухлати 40-руз бо сабаби «касали» ва ба «табобат» машгул шудани худ чавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онхо карор доданд, ки хар руз дар масчиди Мулкон чамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.

 

Ба хамин тарик, дар муддати 40-руз ба навбат дарс гуфтанд ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Чочарми хам дар ин муддат шабу руз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришхои нихоят душворро тайёр мукард. У аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад. Нихоят рузи 40-ум ба шогирдон хабар медиханд, ки устод аз «бистари бемори» хестааст ва имруз дарс мегуяд. Онхо ба дарс хозир шуданд. Мавлоно ба шархи як масъалаи мураккаб сар кард. Шогирдон пеш аз устод чавоб доданд. Мавлоно хайрон шуд ва гуфт; Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо дарс гуям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, чавон хам бошед, дигар шуморо хеч кас кудрати дарс додан надорад. Хамаи илмхоро аз худ кардаед. Ба шумо рохи сафед металабам. Он чор нафар шарикдарсони Чоми, ки зикрашон дар боло рафт, дар хакикат олимони машхури замони худ шуданд. Баъд аз ин ходиса Абдурахмони Чоми дар синни 23-солагиаш ба Самарканд меояд. Чоми чанд муддат дар назди Козизодаи Руми аз илмхои хисоб, риёзиёт ва нучум таълим мегирад. У на танхо дар назди устодаш дарс мехонд, балки ба корхои илмии Козизода ёри мерасонд. Чоми дар базмхои муллобачахо иштирок намекард. Нафрат дошт. У бештар дар бахсу мунозирахои олимони машхур хозир мешуд ва агар лозим медонист , сухан мегуфт. Чоми суханро дароз намекард. Суханхояш мучаз ва бомаъни буданд. Дар чамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гуш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Чоми ба ин пешаи эчоди шавки беандоза дорад. Абдурахмони Чоми соли 1453 ба Хирот меояд. У аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушоматгуи надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба тахсили илм, аз чумла, илми шеър машгул гардид. Дар ин айём Чоми бо яке аз бузургони чараёни накшбандия Саъдиддини Кошгари (ваф.1456) шиносои пайдо карда, ин фиркаро кабул мекунад.

 

Пас аз марги устоди рухонии худ—Саъдиддини Кошгари Чоми рохбари маслаки Накшбандияи Хуросон мешавад. У муридони зиёд дошт, ба онхо таълим медод, нозукихои маслаки накшбандияро меомузонд. Абдулгафури Лори яке аз муридони бовафои Чоми ба хисоб мерафт.

Мероси адабӣ

Абдурахмони Чоми умри дарозу пурбаракате дидааст. Вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслхои оянда осори пурарзиши илмию адаби мерос гузоштааст. У кариб 50-соли хаёти худро ба офаридани асархои илми ва сурудани ашъори дилангезу достонхои барчаста сарф кардааст. Шогирдон ва хамзамонони Чоми микдори асархои уро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан , дар ин бора шогирди наздики Чоми Камолиддини Бинои чунин мегуяд;

Чоми, он офтоби нурони,

Он мунаввар ба нури субхони.

Буд аз чил зиёд таснифаш,

Ру дар эъчоз кард таълифаш.

 

Соли 1503 куллиёти Чоми аз тарафи дустонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асархое, ки дар куллиёти адиб чамъ оварда шудаанд, илмхои гуногун: нучум, фалсафа, забоншиноси, адабиётшиноси, тафсир, хадис, фикх, ахлок, мусики ва гайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асархои илмие, ки доир ба арузу кофия, мусики иншо шудаанд, киммату арзиши зиёд дорад. Асари тарчумахолии у «Нафахотулунс» дар бораи хаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медихад, ки аксарияти онхо уламо, шайхони бузурги асрхои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Чоми дар бораи коидаю конуни забони араби ва усули таълими он фикру мулохизахои судбахш баён мекунад. Холо хам дар мадрасаю мактабхои Афгонистон, Ирок, Покистон ва Эрон асари мазкур хамчун китоби дарси барои омухтани забони араби истифода мешавад. Вале бояд эътироф кард, ки Абдурахмони Чоми дар таърихи халки мо хамчун нависанда ва шоир маълуму машхур аст. Хануз дар хамон замон шухрат ва эътибори Чоми хамчун шоир ба кишвархои гуногун пахн шудааст. Ба ин нукта худи Чоми ишорат карда мегуяд;

Агар ба форс равад корвони ашъорам,

Равони Саъдию Хофиз кунандаш истикбол.

В-агар ба Хинд расад Хусраву Хасан гуяд,

Ки: «Эй чахони хунар, мархабо, таол, таол!»

 

Аз Чоми се девон, «Хафт авранг» (иборат аз хафт маснави), «Бахористон» ва «Чихил хадис» ба мо омадааст, ки хар кадоми онхо дорои ахамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдурахмони Чоми фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики—газал, касида, рубои, китъа ва гайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эчодиёти шоир газал мавкеи асоси дорад. Масалан, дар девони аввал –«Фотихатушшубоб» 1016 газал, дар девони дуюм –«Воситатуликд» 493 ва дар девони сеюм—«Хотиматулхаёт» 296 газал омадааст, ки микдори умуми онхо 1805 газалро ташкил медихад. Ба хамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегуяд;

Хаст девони шеъри ман аксар,

Газали ошикони шайдои,

Ё фунуни насоех асту хикам,

Мунбаис аз шуури донои.

Зикри дунон наёби андар вай,

К-он бувад накди умрфарсои.

 

Касида дар девонхои шоир чои дуюмро мегирад, ки микдори онхо 53-то мебошад. Касидахои Чоми хачман хурд буда, аз 8 то15 байтро ташкил медиханд. Мавзуъхои асосии онхо масъалахои фалсафи, панду хикмат, шархи хол ва гайраро дар бар мегиранд. Касидахои «Луччатуласрор», «Ҷилоуррух» ва «Рашхи бол ва шархи хол» дар мавзуъхои боло суруда шуда, киммату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар касидаи «Луччатуласрор» ба масъалахои тарбиявию ахлоки диккат дода, таъкид менамояд, ки чавононро аз кудаки бояд тарбия кард , ба рохи рост хидоят намуд, зеро ба акидаи шоир, чавонон хам ба мисли дарахтони навбарг ё нихоли нозук мешаванд. Агар ин нихолхо аз хурди тарбия ёбанд, хосили аъло медиханд ва чавонон низ, чун ба камол мерасанд, корхои нек ва судбахш хоханд намуд;

Дар чавони саъй кун, гар бе халал хохи амал,

Мева бенуксон бувад, чун аз дарахти навбар аст,

 

Баъдан Чоми дар касида таъкид мекунад, ки агар шахс сохиби донишу камолот бошад, хеч гох гадо нест, у шох аст;

Гар надорад Симу зар доно, манех номаш гадо ,

Дар бараш дил бахри дониш, у шахи бахру бар аст.

 

Дар эчодиёти Чоми рубои, китъа, тарчеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онхо аз лихози маъни ва санъати суханвари дар пояи баланд меистанд. Чоми дар рубоиёт ва китъаоти худ бештар фикрхои панду ахлокии худро ифода кардааст. Чунончи, дар китъаи зерин ба як масъалаи мухими рузгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд мехнатдуст бошад. У бояд омухтан ва мехнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу хунари худро дар назди мардум нишон дихад. Агар ин сифатхоро надошта бошад, мисли шохи бехосили дарахти мевадор аст, ки он чун хезум аст;

Хар писар, к-у аз падар лофар, на аз фазлу хунар,

Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.

Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,

Чун наёрад мева бор, андар шумори хезум аст.

Сафарҳои Ҷомӣ

Абдурахмони Чоми дар хаёти худ 7-бор ба сафар баромада, шахрхои Самарканду Тошканд, Форобу Марвро тамошо кардааст. Сафари охирин ва тулонии Чоми соли 1472 дар мохи август огоз ёфт. У шахрхои Нишопур, Сабзавор, Бастом, Домгон, Казвин, Хамадон, Багдодро саёхат карда, бо арбобони илму адаби ин шахрхо вохурд, сухбатхо орост. Дар хар чо Чомиро иззату эхтиром мекарданд. Чоми Макка ва Мадинаро зиёрат карда, соли 1473 ба Хирот бозмегардад. Поёни умри Чоми дар Хирот гузашт. У ба эчод кардани асархои илмиву адаби батамом машгул буд. Як дакика вакти худро бекор намегузаронд. Танхо ба мактаби адабии Хирот рохбари карда, ба шоирони чавон маслихатхои муфид медод. Чоми дустони бисёр дошт , ки бо онхо базми шеъру суруд меорост, сухбатхои дилангез мекард. Яке аз шогирдони бехтарини Чоми Алишери Навои буд. Муносибати онхо на хамчун устоду шогирд, балки мисли ду дусти чони, ду хамкору хаммаслак ба назар мерасид. Абдурахмони Чоми оилаи хуб ва фарзандони лоик дошт. Вале се фарзанди адиб дар тифли ва хурдсоли вафот карданд. Албатта, вафоти фарзандон калби адибро ба шуру галаён овард. Дар мотами фарзандон Чоми ашки гаму хасрат рехт, охи чонсуз аз дили пурсуз баровард. У дар марги фарзандон марсияхо сурудааст, ки дар онхо сузу гудози падари догдида басо муассир ифода ёфтааст;

Рехти хуни дил аз дидаи гирёни падар,

Рахм бар чони падар н-омад эй чони падар.

Навбахор омаду гулхо хама рустанд зи хок,

Ту хам аз хок баро, эй гули хандони падар.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (30.10.2012)
Просмотров: 14325 | Комментарии: 7 | Теги: АБДУРАХМОНИ ЧОМИ | Рейтинг: 4.2/14
Всего комментариев: 7
7 kadridin  
0
Очень хорошо рассказ но ...

6 хаха  
0
чихе презентация А.Ч скачать кнем

5 шохин  
0
baroi man in mavzu bisyor lozim ast

4 Muboriz  
0
5еgwfgt3

3 Muboriz  
0
XQFTX

2 Muboriz  
0
Абдурахмони Чоми скачат

1 фариддун  
0
5egwfgt3

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru