Абуали ибни Сино - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 23:39
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1809
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Абуали ибни Сино


Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا) ё Ибни Сино, (16 августи 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни 1037, Ҳамадон) - яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос - астроном, химик, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос (психолог), файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги исломии форсу-тоҷик аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Зиндагинома

 Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибн Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоя дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.

Тарҷумаи ҳол

 Абуали ибни Сино 980-1037 Яке аз бузургтарин нобигаҳои ҷаҳони дар ҳамаи давру замонҳо, олими забардасти тоҷик Абуали ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале кисми зиёди умри Абуали ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ходисахои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, хатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илми фориғ набуд. НОПУРРА

Абуали Ибни Сино адиб

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфи ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомузӣ шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки роҷеъ ба масоили иҷтимои ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:

 

Эй кош, бидидаме, ки ман қистаме?

Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.

Саргашта ба олам аз пайи чистаме?

Варна ба ҳазор дида бигристаме!

Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.

Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,

Хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.

Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,

Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.

Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,

Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд.

Хак-чони чахон асту чахон чумла-бадан,

Ачноси малоика – хавоси ин тан.

Ачром – аносиру маволид – аъзо,

Тавхид хамин асту дигархо хама –фан.

Эй зоти ту мар вучудро буда асос,

Чуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.

Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,

Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.

Хар хайъату хар накш, ки шуд махв кунун,

Дар махзани рузгор гардад махзун.

Рафт он гухаре, ки буд пирояи умр,

В-овард замона токи сармояи умр.

Эй нафс ки бастаи хавои хаваси,

Биштоб, ки дар химояти як нафаси.

Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,

К-аз дуст бароиву ба душман бираси.

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,

Як муй надонист, вале муй шикофт.

Андар дили ман хазор хуршед битофт,

В-охир ба камоли заррае рох наёфт.

Бо хар хасе зи руи хаво дусти мадор,

Дар куи мардумон зи паи дусти мапуи.

Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,

Фармону ихтилоти фурумоягон мачуй,

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Махкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар дахр чу ман якеву он хам кофир,

Пас дар хама дахр як мусулмон набувад


Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (30.10.2012)
Просмотров: 1503 | Комментарии: 1 | Теги: АБУАЛИ ИБНИ СИНО | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru