Пятница, 29.03.2024, 12:07
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Ҳаёт ва осори устод Рўдакӣ
Нури ҷаҳонгири илму адабиёт, вуҷуди пур аз ганҷу хирад ва фазлу ҳикмат, алломаи Шарқ, устоди шоирон, асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам соли 858 дар яке аз деҳаҳои хушманзари водии Зарафшон, яъне Панҷрӯд, ки марказ ҳисоб меёфт, чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш Муҳаммад буд ва модари хушбахт номи тифлро Ҷаъфар гузошт. Абуабдуллоҳ номи эҳтиромии ўст, ки чунин номи бузург танҳо ба ашхосе дода мешуд, ки олим, шоир, боэҳтиром ва фардҳои бообрў буданд. Падари Ҷаъфар, ки худ аз аҳли зиё буд, ба тарбияи Ҷаъфари хурдсол аҳамияти беандоза зоҳир менамуд. Ин буд, ки ў аз зодгоҳи худ маълумоти муайяне гирифт. Ҷаъфар ҷавони илмдўст буд ва ҳамеша барои илму дониш, ганҷу ҳикмат мубориза мебурд. Ў аз хурдсолӣ истеъдоди бузург зоҳир намуд. Ў чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар 8-солагӣ Қуръонро ба тамом ҳифз намуд ва қироат бинмуд ва ба шеър гуфтан пардохт. Мардум ба вай иқбол намуд ва рағбати ӯ зиёд гашт. Ҷаъфар дар баробари ақли расо, зеҳни гиро ва хотираи тавоно, овози хуш ва савти дилкаш дошт. Навохтани ўду рўд, барбату чанг, танбуру найро машк карда дар мутрибӣ ва ромишгарӣ моҳир мегардад. Чун ташнаи дониш буд, роҳи Самарқандро пеш гирифт. Дар мадрасаҳои Самарқанд таҳсил намуда, забони арабӣ, илми балоғат ва луғат, фалсафа, ҳикмат, таърих, фиқҳ, риёзиёт ва нуҷумро ба дараҷаи аъло аз худ карда будааст. Истеъдоди шоирии Рўдакӣ дар ин давра камол ёфт ва овозаи шеъри ў тамоми кишварро фаро гирифт. Аввал Рўдакӣ ба дарбори Насри-I Сомонӣ даъват шуд. Баъдтар бо ташаббуси Балъамӣ, ки вазир буд, ба пойтахт, яъне ба Бухоро омад. Рўдакӣ дар дарбори Исмоили Сомонӣ (892-907) ва Аҳмад ибни Исмоил (907-914) низ хизмат карда аст. Дар аҳди Насри II нуфузи Рўдакӣ баланд мегардад. Насри II Рудакиро дўсти наздики худ хонда, ба куҷохое, ки мерафт: Нишопур, Марв, Сарахс, Ҳирот ва дигар ҷойҳо Рўдакиро ҳамроҳи худ мебурд. Барои шеъру ғазали пурмазмуни ў сарлашкарону ҳокимон ва худи шоҳ инъоми зиёд медоданд. Дар гуфтани шеър ба дараҷае расида буд, ки касе ба ў баробар шуда наметавонист. Балъамӣ гуфтааст, ки дар Арабу Аҷам мисли Рўдакӣ шоире нест. 
Боре Насри II ба Ҳирот рафт. Чун боду ҳавои форами онҷо ба ў писанд омад, ў онҷо манзил намуд, Бухороро фаромўш намуд ва 4- сол онҷо зист. Ҳама муштоқи ёру диёр буданд, вале шоҳ баргаштан намехост. Рўдакӣ шеъре эҷод карда, чунон васфи Бухоро намуд ва онро суруд, 
Бўйи ҷўйи Мўлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…
Ки аз таъсири шеъри пурҷозибаву дилкаш ва овози хуш ва нолаи ҷонбахш Наср мафтун гардид, ки мўзаро напўшида савораи асп шуд ва роҳи Бухороро пеш гирифт. Рўдакӣ низ ба Бухоро баргашт. Обрўю эътибори Рўдакӣ рўз ба рўз афзун мегашт. Поёни умри ў дар Бухоро гузашт. Вале ба сари Рўдакӣ балои сахте омада аз ў ду гавҳари ноёбро рабуд. Яъне лашкариён молу мулки ўро ғорат карда, ба чашмонаш мил кашиданд. Шоири пиру нотавон, озору ранҷдида ба деҳаи худ баргашт, дар оғўши ёру дўстон буд ва баъди 3-сол, яъне соли 941 ин дунёро падруд гуфт. Имрўз оромгоҳи ў зиёратгоҳи адаб гаштааст. 
Рўдакӣ умри гарони худро бефоида нагузаронидааст. Аз хурдӣ оғоз намуда ҳатто то вафот ба донишомўзӣ машғул гардид. Ў худ рафта бошад ҳам, вале ба ояндагон дурру гавҳари бебаҳое боқӣ гузоштааст, ки равшангари ҳаёти моянд. Ашъори Рўдакӣ бениҳоят зиёд аст. Рашидии Самарқандӣ мегўяд:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоирӣ,
Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ўро баршумурдам, сездаҳ раҳ садҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
Осори Рўдакиро қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, маснавӣ ташкил медиҳад.
Достони «Калила ва Димна» яке аз асарҳои бузурги Рўдакӣ буда, шоир онро ба риштаи назм аз рўйи тарҷумаи Балъамӣ кашидааст. Он панду ахлоқӣ аст. Дар он тарғиби одоби баланд, ахлоқи пок, одамгарӣ, дўстӣ, рафоқат, дониш тасвир шудааст.
Ғайр аз ин «Синдбоднома» ва панҷ маснавии дигар доштааст. Яке аз онҳо «Даврони офтоб» мебошад, ки дар бораи ҳаракат ва хосиятҳои табии офтоб баҳс мекунад ва ин олим будани Рўдакиро исбод мекунад.
Қасидаи «Модари май»-ро Рўдакӣ ба малики Хуросон АбӯҶаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад бахшидааст. 
Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» аз 34 байт иборат аст. Он шарҳиҳолӣ буда шоир онро дар айёми пирӣ ва рўзҳои сахти зиндагӣ навиштааст. Дар ин қасида Рўдакӣ лаҳзаҳои муҳимтарини ҳаёти худ, хусусан гардишҳо ва баландпастиҳои онро ба ёд меорад. Он аз ҷиҳати устухонбандӣ ба панҷ қисмат ҷудо мешавад.
Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рўдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шавқат, рафоқату дўстӣ ва кўшишу кор ҷойи асосиро мегирад. Шоир бо ин роҳ дар тарбия инсони комил ва парвардани ахлоқи хуб то имрўз ҳисса мегузорад. Рўдакӣ фарҳангро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бародоштанро талқин мекунад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ рўй бар ин ганҷ неҳ.
Шоир қаноат, сабр, бурдборӣ, тавозўъ, фурўтанӣ ва хоксориро бо роҳи маҳдуд гардонидани нафс, пешгирии орзӯю ҳавасҳои беҳуда ва худдорӣ аз бадию зиштӣ тарғиб менамояд:
Гар бар нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру карар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ! 
Дар зиндагӣ ҳодисаҳои гуногун ба амал меоянд. Рўдакӣ барои ҳалли мушкилиҳо ва душвориҳо инсонро ба таҷрибаомўзӣ даъват мекунад: 
Бирав зи таҷрибаи рўзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.
Ба ақидаи Рўдакӣ барои ҳар шахс ғайр аз дониш омўхтан боз тани солим, рафтору кирдори нек, номи нек ва хирад барин неъматҳои илоҳӣ лозиманд. Ҳар касе, ки соҳиби ин 4 – неъмат бошад, бе ташвиш умр ба сар хоҳад бурд: 
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хўйи неку номи неку хирад.
Ҳар он ки эзидаш ин ҳар чаҳор рўзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахварад.
Яъне, ҳар он касеро, ки лоиқи чаҳор неъмат дид, ў хушбахттарин инсон аст. Рўдакӣ насиҳат мекунад, ки мо бояд аз одами сифла, яъне шахси бадгавҳари мунофиқ, дурўя ва бадкирдор дур бошем, ҳеҷ гоҳ бо ў дўстӣ надошта бошем. Оқибати дўстӣ бо онҳо танҳо пушаймонӣ аст. 
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад бехилоф, 
Ҷаҳд кун, то рўи сифла нангарӣ.
Пандҳои Рўдакӣ бисёр гиро ва пуртаъсиранд. Чунки онҳо баробари ҳикматомез будан бо суханҳои обдор, санъати баланд, афкори фалсафӣ ва ташбеҳҳои равшан эҷод гардидаанд. Шоир таъкид мекунад, ки инсон набояд дар тангии рўзгор ғамгин шавад ва ғусса хўрад. Баракс, шукр гӯяд, ба зиндагии серу пури дигарон ҳасад набарад, ба ашхосе, ки зиндагии аз ў бадтар доранд писханд назанад ва шукр аз он гўяд, ки ҳаёти осоишта дорад. Он гоҳ вай инсони комил шуда метавонад:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такалуф машав, озод бизӣ. 
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махўр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ,
Рўдакӣ аз қабили шоиронест, ки дар адабиёти ҷаҳонӣ саҳми худро гузоштааст. Агар ба эҷодиёти вай назар андўзем, асоси эҷодиёти ўро панду ҳикмат ташкил медиҳад. Аммо сабаби асосӣ чӣ буд, ки ўро ин қадар ба як мартабаи баланд расонд? Ҷавоб ин аст, ки назми устод Рўдакӣ аз ҷиҳати мундариҷа пурра ва аз лиҳози шакл расо буда, тамоми масъалаҳои зиндагии иҷтимоии замони шоир ва орзую омоли халқро инъикос намуда, дониши он давраро таҷассум менамояд ва бо мазмунҳои наҷиби умумиинсонӣ ороста шудааст. Дар баробари ин, тамоми ашъори Рўдакӣ бо санъати баланди шеърӣ суруда шудааст. Ў бузургтарин шоири ҳар давру замон аст. Бузургии ўст, ки зиёда аз бист(20) унвонро соҳиб гаштааст, ки мисоли ин «Устоди шоирон», «Соҳибқирони шоирон», «Султони шоирон», «Ҳакимушшуаро», «Одамушшуаро» буда метавонанд.
Пас моро мебояд боре ҳам худро ба дарёи панду насиҳат ва ганҷу ҳикмати Рўдакӣ занем, то аз дурру гавҳари қимматбаҳо, яъне бе хислатҳои инсонӣ бенасиб намонем.
Рўдакӣ худ рафта бошад ҳам, аммо номи неки ў то абад вирди забон хоҳад буд, зеро:
Зиндаву човид монд ҳар кӣ накўном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013)
Просмотров: 997 | Комментарии: 1 | Рейтинг: 2.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru