Вторник, 23.04.2024, 20:15
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 15
Гостей: 15
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Ахмади Дониш


Аҳмад Маҳдуми Дониш - яке аз нависандагон ва маорифпарварони машҳури тоҷик буда, тақрибан соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир зода шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буда, барои таҳсили мадраса ба Бухоро омада, дар ҳамин ҷо хонадор мешавад.

Аҳмади Дониш таҳсили ибтидоиро дар мактаби хусусии модараш гирифта, тахминан солҳои 1842 - 1843 ба мадраса дохил шудааст. Аҳмади Дониш аз синни хурдсолӣ ба шоърӣ, рассомӣ, наққошӣ ва хаттотӣ шавқу ҳаваси калон дошт.

Аҳмади Дониш тахминан соли 1855 ба дарбори амир Насрулло роҳ меёбад ва меъмору муҳандиси дарбор таъин мегардад. Соли 1857 Аҳмади Дониш дар ҳайати сафорати аморати Бухоро ба Петербург меравад. Соли 1869 баъди аз забт шудани Осиёи Миёна аз тарафи Русия, маротибаи дуюм Дониш ба Петербург сафар мекунад. А. Дониш дар ин сафараш тараққиёти кишвари Русияро нағз меомӯзад. Орзуи Дониш ин буд, ки Бухорои феодалӣ низ кишваре пешрафта гардад.

Дар охир аз дарбор дур шуда, солҳои 1875 - 1882 "Наводирулвақоеъ"-ро менависад. Дар ин асар дар бораи сафараш ба Петербург навиштааст. Аҳмади Дониш соли 1897 дар шаҳри Бухоро вафот кардааст.

Дониш аз худ мероси адабӣ ва илмӣ боқи гузоштааст. Аз ҷумла асархои "Манозирулқавокиб", "Рисола фи аъмолилқурра", "Таодули хамсаи муттахайира", "Наводирулвақоеъ" ва ғайраҳо.Мундариҷа  [Пинҳон кардани]

1 Зиндагинома

2 Осори Аҳмади Дониш

3 Дар таърифи тӯи маликаи Рус

4 Аз ашъори пароканда ба Адеелина Патти

Зиндагинома

Ахмади Махдуми Дониш (Кала) с. 1826-1897 дар Бухоро оилаи мулло Носир ба дунё омадааст. Дар мадраса мустакилона фанхои табибиёт, риёзиёт, нуҷум, таърих, фалсафаи табии ва адабиёти форсиро омӯхтааст. Ба дарбори амир хамчун хатот ва наққош кор карда хамчун донишманд шӯхрат пайдо кардааст.

 

Соли 1857 А. Дониш ба ҳайати сафорати амири барои муборакбодии ба тахт нишастани шоҳ Александри II дохил карда мешавад дар Петербург ба ғайр аз вазифаи котибӣ, боз аз вазъи иктисодию сиёсии Русия дар давоми ду моҳ шинос мешавад, ва ба аҳли дарбор баъди бозгаштан ахборот додааст. Бори дуюм, А.Дониш солҳои 1869-[[1870] ба Петербург сафар намудааст. Ин дафъа амир Музафар бо мақсади сабуктар намудани шартҳои сулхномаи 23 июли соли 1868 сафораташро фиристода буд.

Дар ин сафар Аҳмади Дониш соҳиби боварии аҳли дарбори подшоҳи Русия гардидааст. Амир Музафар чунин муваффақияти Донишро ба назар гирифта ба вай унвони фахрии илмии дарбори «урок»-ро дода яке аз мансабҳои дарбориро пешниҳод намуд. Вале, Дониш аз мансаби пешниҳод шуда даст кашид ва зарур шуморид, ки андешаҳояшро оиди тарзи давлатдорӣ ба қалам дихад.

Солҳои 1870-1873 рисолаи бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун»-ро ҳамчун барномаи ислоҳоти ҷиддии тарзи давлатдорӣ дар аморат навишт.

Аҳмади Дониш чори намудани вазоратҳо ва маҷлиси машваратӣ, маҳдудияти ҳуқуқи амир дар асоси Сарқонун ва муносибати давлатдоронро бо халқ батафсил баён намудааст. Вай дар бораи подшоҳи одил ва адолатхоҳ андешарони намуда шартҳои онро пешниҳод кардааст.

Ӯ ин рисоларо ба амир Музаффар пешниход карда шарт мегузорад, ки танҳо дар сурати қабул гардидани он дар кори идораи амирӣ кор мекунад. Амир баъди сафари сеюми Аҳмади Дониш бо сафорати амири солҳои 1874-1875, ки мақсадаш изҳори шӯърбанди Музафархон ба муносибати додани соҳили рости Амударё буд аз дарбор карда мешавад. Ӯро ба Гузор ва Нахрнай қозӣ таъин мекунанд.

Аҳмади Дониш дар муддати 15 сол «Наводио ул Вакоеъ» шохасари худро ба охир расонид (с. 1875-1890) Дар асари худ Дониш қафомондагии маориф ва фарҳанг, симои манфури табақаҳои хукумронро танқид намудааст. Ӯро дар надонистани асосҳои ислом ва фалсафаи он айбдор намуданд. Чавобан Аҳмади Дониш асари «Меъёр-ут-тадайкон»-ро соли 1894 дониши васеи худро доир ба фалсафаи дин исбот менамояд.

Осори Аҳмади Дониш

Дар мероси адабию илми ва фалсафии Ахмади Дониш ду асари у махсусан ахамияти калон доранд. Яке аз ин асархо "Наводирулвакоеъ” ном дорад ва дигаре рисолаест, ки муаллиф ба он ном нагузоштааст ва мазмуни он аз тахлили таърихи салтанати амирони мангит ва вокеахои сиесии он давр иборат аст, ки мо онро шартан "Рисолаи таърихи” меномем Муаллиф ба таълифи "Наводирулвакоеъ” зиеда аз дах соли умрашро сарф намудааст. Ахмади Дониш дар "Наводирулвакоеъ” дар бораи тарбияи насли наврас, дар бораи усули тахсили нодуруст ва аз талаботи хаёт дур будани мактабхо ва хам мадрасахо хеле муфассал таваккуф намудааст. Дониш ба асари "Наводирулвакоеъ” тавсифи ду сафари ба Россия кардаи худро низ дохил намудааст. Муаллиф дар ин хикояхояш дар бораи маданият ва илми пешкадами Россия, дар бораи тараккиёти ичтимои ва иктисодии ин мамлакат маълумот ва наклхои хеле шавкангез овардааст. Ахмади Дониш ба ин восита, шахсони пешкадам ва умуман мардуми Бухороро ташвику таргиб намудааст, ки илмхои дунёви ва санъату хунари инсониро, ки дар Россия хеле ривочу равнак дорад, омузанд ва барои тараккиёти чамъият истифода баранд. Хикоятхои Ахмади Дониш дар байни хонандагон нисбат ба санъату маданияти пешкадами Россия хусни таваччух бедор кард ва дустии халкхои Осиёи Миёна ва Россияро таргиб ва ташвик намуд. Дуюм асари машхури Ахмади Дониш, ки афкори пешкадами сиёсиву ичтимои ва акидахои маорифпарварии у дар он боз хам равшантар баён шудааст, "Рисолаи таърихи ”-и уст. Ин рисола дар хамон шакле, ки ба мо расидааст, як кисми аввали асаре будааст, ки Ахмади Дониш онро тамом карда натавонистааст. Аммо хамин кисм хам як асари мустакил аст ва шаклу мундаричаи томе дорад. Азбаски асар нотамом мондааст, муаллиф ба ин рисола унвон ё ном хам надодааст. Аз ин сабаб, ин рисола то имруз дар байни ахли илм ва тадкикотчиён бо чанд ном машхур аст: "Тарчумаи холи амирони мангития”, "Таърихча”, "Рисола ё худ мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони мангития” ва гайра. Рисолаи мазкур дар охири умри Ахмади Дониш таълиф ёфтааст ва аз хамин сабаб дар он вакт ба хамзамонони у нагз маълум набуд. Аз ин асар факат дустони наздиктарини у, ки ин рисоларо дар шакли сиёхнавис хонда буданд, вокиф буданд. Ахмади Дониш асархои калонтарини худро, аз кабили «Манозирулкавокиб» (Манзарахои ситорахо), «Рисолаи фи аъмол ил кура» (Рисола дар бораи амалиет бо кура), «Чомеаулхикоет» (асари бадеии тарчумаихоли), «Наводирулвакоеъ» (вокеахои нодир) ва «Тарчумаи холи амирони Бухорои Шариф» бо наср навиштааст. У порчахои шеъри хам дорад.

 

АЗ АШЪОРИ ПАРОКАНДА

Дар таърифи тӯи маликаи Рус

…Дар ин асру овон шахи мулки рус,

Ки то кард бар тахти шохи чулус…

Фитирибурч то пойтахти ту шуд,

Бихишту Ирам аз забонхо бишуд,

Замин нест, у вожгуна самост,

Ки дар хар кадам ахтари пурзиёст.

Дар ин шахр кас хур набинад бурун,

Зи бисёрии хусни олам фузун.

Зи чуши чарогон ба шабхои тор,

Замин чун сабо, осмон чун губор.

Хусусан дар ин ахд, к-аз амри шох,

Макорин ба хам гашта Бирчусу мох,

Махи бурчи иззат, малики замон,

Бад-у дурри якто шуд тавъамон.

Ба акдаш фалак икди Парвин бирехт,

Ба сурат гам аз пеши мардум гурехт.

Зи Кайвон дар ин базм буд посбон,

Бидид ахтарон чумла чашмакзанон.

На Бирчис аммома аз сар ниход,

Ки бахром хам лаб ба ханда кушод.

Зи хуршед машъал ба даст омадаш.

Ки Нохид бо хеш маст омадаш

Зи дасти Аторуд калам уфтод,

Махи пуштхам даст бар дар ниход.

Чахони кухан ёфт ранги нави,

Ки чуз нагмаи уду най нашнави.

Дарун дар имороти шашошён,

Муфарак бар айвони зар устувон,

Канодили зар, фаршхои харир,

Тахи по хасу шол чои часир.

Хама гулъузорони борангу буй,

Хама мохидору хуршедруй…

Зи гул хар яке хирмане сабзшох,

Гиребон кушоданду доманфарох.

Миёни на чун фикри Дониш нахиф,

Вале поктабъанду посухлатиф.

Нишинанд, чонхо бихезад зи чо,

Чу хезанд, дилхо барафтад зи по.

Дар ин базм кавволу раккосу соз,

Хама дилфиребу хама сарви ноз…

Зи найрангу созу самоъу суруд,

Фетербурчро сури якхафта буд.

Пас он гох шохи раъиятнавоз,

Ба Маскав кашид олати базму соз.

Се рузу шабон шахр оростанд,

Зи хошоки гам хона пиростанд.

Чароги айвон ба гардун расид,

Рухи ахтару мах се шаб кас надид.

Зану мард, фавчи сипоху амир,

Паи дидани шах ба хам дастгир…

Ба сахро зи сарди нафас аз гулу,

Чу берун шуди, худ бигашти фуру.

Вале хонахо буд хуррамбахор,

Зи лола, раёхин, зи гул кухсор.

Ба хар суй фаввораву обшор,

Зи тутиву булбул сад андар хазор.

Ба хам оташу об чамъ омада.

Ба дидан хама нури шамъ омада.

Дар ин хонахо суфрахо ду катор,

Бари хам кашида сад андар хазор,

Нишаста ба давр аз ду су гулрухон,

Хама ринду озодаву майпараст

Шахе бо чунин мулку чохи азим,

Хамерафт чун мизбони карим.

Пиёда хамерафт бо хону хон,

Ки фурсат равон аст, хуш бигзорон.

Ишорат хамекард, ки дил хуш кунед,

Мабодо, ки хотир мушавваш кунед.

Чу ин базм берун буд аз таври акл,

Ки душвор такрир мушкил ба накл.

Вале фикри Дониш, ки мухо шикофт,

Ба тахрири ичмолияш рох ёфт…

Аз ашъори пароканда ба Адеелина Патти

Потии пориси, он сарвкади зухрачабин,

Дар табассум суи доман зи дахан гул мерехт.

Зулфи пурчини хам андар хами у дар буни гуш,

Обруи тари аз чабхаи сунбул мерехт.

Диданаш он хама кайфияти хайрат медод,

К-у зи сахбои нигах дар кафи он мул мерехт.

Лахну овози вай он сон, ки ба гуши ушшок.

Гах хаши саъва, гахе чах-чахи булбул мерехт

Аз Фитирбург азимат чу ба Амрико кард,

Нолахо аз сару аз по хама гулгул мерехт.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (30.10.2012)
Просмотров: 4635 | Теги: АХМАДИ ДОНИШ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru