Суббота, 20.04.2024, 13:32
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 4
Гостей: 4
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

АЛИШЕР НАВОӢ
Алишер Навоӣ

Алишер Навоӣ (9 уми феврали 1441, деҳаи Давлатободи наздики Ҳирот — 3-юми январи 1501, Ҳирот), шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ. Ӯ дар дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо "Фонӣ" эҷод кардааст.

Тарҷумаи ҳол

Падари Навоӣ Ғиёсуддини Кичкина аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449—1457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Темуриён дояикӯдакони онхо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба макта6 ниҳоданд. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470—1506) дар як ҷо тарбия гирифтааст. Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, аз асарҳои Бӯстон ва Гулистони Саъдӣ, инчунин Мантиқ-ут-тайри Атторро низ таълим додаанд. Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони форсӣ ва арабӣ гузаштааст. Аммо таҳсили Навоӣ дар Ҳирот дер давом накард. Баъди вафоти Шоҳрух (солҳои ҳукмрониаш 1409—1447) байни авлодони Темур (солҳои ҳукмрониаш 1370—1405) барои тоҷу тахт муборизаи тезу тунде cap шуд ва падари Навоӣ аз ин низоъҳо ба танг омада, маҷбуран бо оилаи худ ба тарафи Ироқ, фирор кард ва муддате дар шаҳрҳои Тафт ва Шероз зиста соли 1452 боз ба Ҳирот баргашт ва бо фармони Бобур ҳокими Сабзвор таъин шуд. Дар тӯли ин муҳоҷират Навоӣ таҳсили илмро давом дода, дар баробари улуми расмӣ аз Хоҷа Юсуфи Бурбон илми мусиқиро омӯхт. Дар синни 12-солагӣ аз падар маҳрум гашт. Уро Бобур ба тарбияи худ гирифта, с. 1457 ба Машхад бурд. Н. дар Машхад низ х,амрох,и Х.У" сайнл Бойкаро дониши худро дар сохаи фалсафа, мантик, риёэиёт ва адабиёт такмил дода, бо : шоирони номй Сайд Хасани Ардашер, Камоли Турбатй вохурд. Фаъолияти эчо-дии Н. дар синни 10—112-солагиаш ороз ёфтааст. Дар 15-солагй уро чун шоир'И зуллисонайн шинохтанд. Н. с. 1464 ба Хирот аз Номй ялми кофияро таълим гирифт. Аммо зиндагии Н. дар Хирот дер напоид, Хокими нави Хуросон Абу-саид (хукрм. 1454—69) уро аз мухолифони худ дониста, молу мул-кашро мусодира карда, с. 1466 ба Самарканд бадарга намуд. Н. дар Самарканд бо олимону адибон ва намояндагони ахли санъати он чо шиносок пайдо кард. Хокими Самарканд, ки бо тахалл. «Вафой» шеър мегуфт, H.-ро дастгирй намуд. Н. дар ин шахр омухтаии назарияи адабиётро чиддан давом дода, илми фикдро аз Фазлулловд Абулайс таълим гирифт. У бо Амир Шайха-ми Сухайлй вомехурад. Ҳар ду дустони чонй шуданд. Дар Самарканд Н. аз чихати моддй тангй кашида бошад хам, аз чихати дониш ва касби шоирй хеле камол ёфт. С. 1479 дар Хирот Хусяйни Бойкаро ба сари хокимият омад ва Н.-ро ба дарбор даъват кард. Н. тахеилашро дар Самарканд кагь намуда, ба Хирот баргашт ва ба муносибати иди рамазон дар мадхи Хусайни Бойкаро бо радифи «хилол» каси-дае навишта, аз мукаррабони султон гардид.
С. 1469 аввал мухрдори давлат таъин гардид ва баъдтар (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро сохиб шуд. Вале кашмакашу низоъ ва хабаркашиву хасадбарии ахли дарбор Н.-ро ба танг аварданд. У с. 1476 аз хидмати давлатй даст кашид ва с. 1477 Чомиро пир баргузида, вориди фирқаи Накш-бандия гардид. Вале с. 1479 уро мачбуран хокими Хирот таъин кар-данд. Н. бо тарзи давлатдорзш Хусайни Бойкаро, ки аксар вакти худро ба айшу нуш сарф мекард, рози набуд ва пеши онро гирифтанй мешуд. Аз ин ру, султон бо макқсасди аз пойтахт дур кардан уро з-мистони с. 1487 хокими яке аз вилоятхои дурдаст —Астаробод таъин кард. Н. с. 1489 ба Хирот баргашта ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машрул шуд. Н. самараи фаъолияти снеси, илмй ва адабии худро сарфи ободонин мамлакат, сохтмони бинохои хайрия ва осоишу пешрафти мардум карда буд.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 2119 | Комментарии: 1 | Теги: АЛИШЕР НАВОӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru