ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 05:30
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1807
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ
Нардбони осмон аст ин калом,
Ҳар ки з-ин дар меравад ояд ба бом.
Не ба боми чарх, к-у аҳзар бувад,
Бол ба Боме, к-аз фалак бартар бувад.

Шод бош, эй Балху эй фарзанди Балх,
Эй меҳин фарзанди бемонанди Балх.
Шод бош, эй Куния, эй хоки ишқ,
К-аз ту тобад офтоби поки ишқ.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 таккони бузурге ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. 
Номаш Мухаммад, лақабаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шӯҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф ва соҳибони ҳол буданд. Мавлуди шоирро ба соли 1207 мелодӣ муқаррар кардаанд ва вафоти шоирро ба соли 1274 медонанд.
Падари Ҷалолиддини Румӣ аслан аз қадимтарин маркази тамаддуни халқи тоҷик шаҳри Балх мебошад. Ҷалолиддини Балхӣ, қабл аз тааррузи муғул, дар синни 14 солаги бо падари худ аз ватан ҳиҷрат намуда, ба Нишопур, Боғдод, Ҳиҷоз, Сурия ва Осиёи Сагир рафт ва дар Куния иқомат ихтиёр кард. Вай аввал бо роҳбарии падари худ Султон Валад дар Куния, сипас, дар Ҳалаб ва Димишк таҳсил намуда, маълумоти нисбат ба он замон мукаммале ба даст овард ва чанд гоҳ ба дарсгӯи машғул шуд. Вале дар соли 1224 бо таъсири мулоқоти дарвеши покдил ва орифи ҳақҷӯ Шамси Табрезӣ дарсдиҳи ва роҳбарии корҳои тариқати суфияро ба халифагони худ вогузор карда, худ гушанишин гардид. 
Воқеан дар сарчашмаҳо ва таърихномаҳо ба дӯстии Ҷалолиддини Балхӣ ва Шамси Табрезӣ бештар диққат додаанд ва оиди мулоқоти онҳо нақлхои зиёде ҷой дорад.
Масалан нақл мекунанд, ки боре Ҷалолиддини Балхӣ дар сари китобҳо нишаста буд ва қироат мекард. Шамси Табрезӣ вориди хона гардид ва пурсид, ки инҳо чист? Мавлоно гуфт:
- Чизест, ки ту надони.
Ҳамон дам ба он китобҳо оташ афтод ва Мавлави пурсид, ки ин чист? Шамс гуфт:
- Чизест, ки ту надони. 
Ва аз хона бадар шуд.
Мегӯянд, ки баъди ин ҳодиса Мавлоно, ки мударриси номдори мадраса буд ва бо улуми табииёт сарукор дошт ҳамаро тарк гуфт ва ба дунболи ин орифи покдил ва шахсе, ки ишқро аз хама воло мегузошт, афтод.
Таъсири Шамси Табрезӣ ва эъҷози каломи ӯ буд, ки Мавлоноро забони сухани мавзун боз шуд ва мегӯянд, ки то вохури бо Шамси Табрезӣ Мавлоно бо шеъру шоири сарукоре надошт. Вале саранҷом, вақте ки Шамс рӯ ба гумноми ниҳод, оташи дили Мавлоно пурсӯзтар ва фурӯзонтар бар каломаш пайваст ва намоишгари шӯридагиҳои вай шуд.
Вуҷуди Шамси Табрезӣ мисоли барқе буд, ки осмони андешаҳои Мавлоноро рӯшан кард ва боз ба торикӣ пайваст. Дасти хунарманди Мавлоно аз ин рӯшани чароғи нубуғи хешро чунон афрӯхт, ки чаҳонеро абадан рӯшан сохт ва осораш то ҳануз боқист. Девони кабир ё куллиёти Шамси Табрезӣ осори ҳамон ишқи ҷонсӯз ва созандаест, ки аз таъсири Шамси Табрезӣ бар Мавлоно ҳосил гашта.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 308 | Теги: ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru