АНВАРИИ АБЕВАРДӢ, Тарчумаи хол - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Воскресенье, 04.12.2016, 06:51
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1806
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

АНВАРИИ АБЕВАРДӢ, Тарчумаи хол
Дар назм се тан паямбаронанд,
Харчанд ки ло набию баъди.
Авсофу касидаву газалро,
Фирдавсиву Анварию Саъди.


Тарҷумаи ҳол

Авхадуддин Али ибни Мухаммад ибни Исхоки Абеварди (1126, Абеварди Хуросон – такр. 1190. Балх) яке аз бузургтарин шоирони форсу точик махсуб мегардад. Абеварди дар мадраси Мансурияи Тус, ки асосгузори он Низомулмулк буд, илмхои нучум, риёзиёт, мантик, хандаса, тиб, мусикиро омухта, ба олими ном баровард. Дар ибтидо бо тахаллуси «Ховари» шеър месуруд. Абеварди аз тангии маишат ва эхтиёчи оила ба дарбори султон Санчари Салчуки (вафоташ 1157) ру оварда, яке аз мулозимони у гардид. Дар мухити дарбор зиндагиаш чандон хуш нагузашт, бинобар он соли 1150 дарборро тарк карда ба Нишопур рафт. Дар ин чо хам Абеварди осудахол зиста натавонист, зеро соли 1153 тоифаи гузхо ба каламрави Салчукиён хучум оварда, султон санчарро асир ва мардумро катлу горат карданд. Касидаи машхури Абеварди «Ашкхои Хуросон» ба хамин муносибат гуфта шудааст, ки дар он мухаббати шоир нисбат ба халку ватан ифода ёфтааст. Абеварди соли 1154 аз Нишопур ба Балх рафт. Мухолифонаш китъаи Футухиро, ки дар хачви мардуми Балх гуфта буд, аз номи Абеварди байни халк пахн намудаанд. Абеварди барои радди ин тухмат, ки кариб боиси катли шоир шуда, «Савганднома»-ро навишт. Пас Абеварди бо таклифи Ахмади Пирузшохи хоким соли 1164 ба Тирмиз омад. Нихоят аз таърифу тавсифи амирону хокимон даст кашид ва си соли хидмати дарборро давраи гумрохи, давраи «чафо ба нафсу ситам ба акли хеш» шумурд. Мероси адабии Абеварди кариби 15000 байт-зиёда аз 250 касида, 557 китъа, 337 газал ва 472 рубои мебошад. Китобе ба номи «Албашорат фи шархилишорат» дар нучум ва рисолае дар арузу кофия доштааст. Абеварди хамчун устоди баркамоли касида ба сифати яке аз се пайгамбари шеъри форсу точик (дар радифи Фирдавсию Саъди) ном баровардааст. Абеварди дар зимни мадхияи касидахояш калимаву иборахои араби ва истихоти илмиро бештар истифода мебарад, ки сабаби душворфахмии ашъораш шудааст. Ба хусни тахаллусу мадх ахамияти бештар дода, ташбибу насибро камтар ба кор бурдааст. Тагаззули касидахои Абеварди нисбатан соддаю равон буда, тасвири манзарахои табиат, шикоят аз чабру чафои ёр, бедодгарихои замонро дар бар мегирад. Дар эчодиёти Абеварди касидахое дучор мешаванд, ки мадхи мамдух на аз забони худи шоир, балки аз номи маъшука баён шудааст. Абеварди кушидааст, ки дар зери пардаи мадхи пуробуранг гояхои баланд ва афкори пешкадамро ифода кунад. Дар баъзе касидахо нафакат хасби холи шоир, балки ихтилофоти фочиаангези замон, кимати мардуми чафодида низ тасвир шудааст. Дар китъахои Абеварди акидахои илми, ахлоки, сиёсию ичтимои, шикоят аз замон ва беадолатии зимомдорони давр бештар ифода шудааст. 
Мукаттаоти Абеварди аз чихати мазмун нисбат ба касидахояш васеътар буда, дар ин чо чахони ботинии шоир бештар ошкор мешавад. Баъзе китъахои Абеварди хусусияти мутоибави доранд. Газалиёти Абеварди нисбат ба дигар навъхои ашъораш соддатар аст. Абеварди аз чумлаи шоиронест, ки газалро пеш аз Саъди ба як колаби муайян даровардаанд. Хизмати мухими Абеварди дар инкишофи газал ин аст, ки вай мазмуни лирикиро аз вобастагию тобеияти жанри мадехави берун оварда, чун жанри мутакиле вусъат дод. Газалиёти Абеварди равон, латиф ва дилчасп буда, бо мусуки ва лирикаи халки алока дорад. Рубоиёти шоир бо забони соддаю равон суруда шуда, ишку мухаббат, васфи маю соки, шикоят аз давру замон, чабру чафои ёр барин мавзуъхоро дар бар мегиранд.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 925 | Комментарии: 1 | Теги: Тарчумаи хол, АНВАРИИ АБЕВАРДӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru