Пятница, 19.04.2024, 11:29
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме
Мурд Муродӣ ҳамоно, ки мурд
Зиндагонӣ чӣ кӯтаҳу чӣ дароз
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб
Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод
* * *
Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омӯ бо дуруштиҳои ӯ
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.
Бозгашт ба аввал
* * *
Мурд Муродӣ ҳамоно, ки мурд,
Марги чунон хоҷа на корест хурд.
Ҷони киромӣ ба падар боз дод,
Колбуди тира ба модар супурд,
Они малак бо малак рафт, боз,
Зинда кунун шуд, ки ту гӯйӣ бимурд.
Коҳ набуд ӯ, ба боде парид,
Об набуд ӯ, ки ба сармо фусурд.
Шона набуд ӯ, ки ба мӯе шикаст,
Дона набуд ӯ, ки заминаш фушурд.
Гарчӣ заре буд дар ин хокдон,
К - ӯ ду ҷаҳонро ба ҷаве мешумурд.
Қолиби хокӣ сӯйи хоке фиганд,
Ҷону хирад сӯйи самовот бурд.
Ҷони дувумро, ки надонанл халқ,
Мисқалае карду ба ҷонон супурд.
Соф буд омехта бо дурри май,
Бар сари хум рафту ҷудо шуд зи дурд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Зиндагонӣ чӣ кӯтаҳу чӣ дароз,
На ба охир бимурд бояд боз.
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро, агарчи ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар анову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон ба неъмату ноз.
Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипазир,
Хоҳӣ аз Рай бигир то ба Тироз,
Ин ҳама боду буди ту хоб аст,
Хобро ҳукм не, магар ба маҷоз.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигаршон боз.
Ноз агар хубро сазост ба шарт,
Насазад ҷуз туро карашмаву ноз
Бозгашт ба аввал
* * *
Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб...
Шояд, ки марди пир бад - ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ бадил ёфт шабоб аз пайи машиб.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар - абри тираву боди сабо - нақиб.
Наффот - барқи равшану тундур - ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб,
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор,
В - он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.
Хуршедро зи абр диҳад рӯй гоҳ - гоҳ,
Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб,
Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,
Беҳ шуд, ки ёфт бӯйи суман бодро табиб.
Борони мушкбӯй биборид нан ба нав
В - аз барф баркашид яке ҳуллаи қасиб.
Кунҷе, ки барф пеш ҳаме дошт, гул гирифт,
Дар ҷӯяке, ки хушк ҳаме буд, шуд ратиб.
Бозгашт ба аввал
* * *
Шод зӣ бо сиёҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.
З - омада шодмон бибояд буд,
В - аз гузашта накард бояд ёд,
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод...
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ нахӯрду надод.
Боду абр аст ин ҷаҳон афсӯс,
Бода пеш ор, ҳарчи бодо - бод!
Бозгашт ба аввал
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013)
Просмотров: 6640 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ... | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru