Среда, 24.04.2024, 20:47
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 11
Гостей: 11
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ
Ғазалҳо
Чунин шабҳо шаби қадр аст моро
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав
Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун
Гуфтӣ маро, ки чунй, дар рӯйи мо назар кун
Соқӣ, биёр бодаву бахтам баланд кун
Эй ошиқон, эй ошиқон, дар кас, ки бинад рӯйи ӯ
Ҳийлат раҳо кун эй дило, девона шав, девона шав
Ин кист ин, ин кист ин ширину зебо омада?
* * *
Чунин шабҳо шаби қадр аст моро, 
Ҳилоли дигарон бадр аст моро.
Шабе, к - он дилбари айёр бо мост, 
На як шаб сад шаби қадр аст моро. 
Ба гирди мо ҳаводис раҳ надорад, 
Фароғ аз ходиси даҳр аст моро. 
Зи фақру фоқа моро ор н - ояд, 
Ки ори дигарон фахр аст моро. 
Ба зери ҳирқаам зуннори куфр аст, 
Бадин шӯҳрат ба ҳар шаҳр аст моро.
Дуре, к - андар ду олам менағунҷад,
Фитода дар дили баҳр аст моро. 
Ҳама олам ба сони Шамси Табрез,
Ба зери сояи чатр аст моро.
Бозгашт ба аввал
* * *
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дӯстон, дар бӯстон бе ман марав. 
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб, 
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав. 
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав. 
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон, 
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рӯят моҳ рӯйи хештан бинад сафед, 
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул, 
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав 
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст, 
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав. 
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош, 
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, к - ӯ дар ин раҳ бе нишони ту равад, 
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав. 
Вой онро, к - андар ин раҳ меравад бедонише, 
Оташи родам туӣ, эй роздон, бе ман марав. 
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав
Бозгашт ба аввал
* * *
Рав сар бинеҳ ба болин, танҳо маро раҳо кун, 
Тарки мани харобе, шабгарди мубтало кун. 
Моему мавҷи савдо, шаб то ба рӯз танҳо, 
Хоҳӣ, биё, бубахшо, хоҳӣ бирав, ҷафо кун. 
Аз ман гурез, то ту дам дар бало наяфтӣ, 
Бигзин ради саломат, тарки ради балош кун.
Моему оби дида дар кунҷи ғам хазида,
Бар оби дидаи мо сад ҷой осиё кун. 
Хиракушест моро, дорад диле чу хоро,
Бикшад, касаш нагӯяд, тадбири хунбаҳо кун.
Бар шоҳи хубрӯён воҷиб вафо набошад, 
Эй зардрӯй ошиқ ту сабр кун, вафо кун.
Дардест ғайри мурдан к-онро даво набошад, 
Пас ман чӣ гуна гӯям, к-он дардро даво кун.
Дар хоб дӯш пире дар кӯйи ишқ дидам, 
Бо даст ишоратам кард, ки азм суйи мо кун. 
Гар аждаҳост дар раҳ ишқ аст чун зумуррад, 
Аз барқи он зумуррад дин дафъи аждадо кун. 
Бас кун, ки бехудам ман в-ар ту ҳунарфазоӣ,
Таърихи БӯАлӣ гӯ, танбеҳи Булало кун. 
Бозгашт ба аввал
* * *
Гуфтӣ маро, ки чунй, дар рӯйи мо назар кун, 
Гуфтӣ хушй ту бе мо, з-ин таънадо гузар кун.
Гуйи мар ба ханда: хуш бод рӯзгорат,
Кас бе ту хуш набошад, рав қиссаи дигар. 
Гуфтӣ малул гаштам, аз ишқ чанд гӯйй, 
Он кас, ки нест ошиқ гӯ қисса мухтасар кун.
Дар оташ андароям, чун миҷмаре маёбам, 
Кунҷе равам, ки ё раб, ин теғро сипар кун. 
Густохамон ту кардй, гуфтӣ, ки рӯзи аввал, 
Ҳоҷат бихоҳ аз мо, аз дарди мо хабар кун. 
Хомӯш шав дар ин раҳ то сирри ҷон бидонӣ, 
Чун оқилони огаҳ худро ту бехабар кун. 
Гуфтӣ, камар ба хидмат барбанд ту ба ҳурмат,
Гуфтӣ шудам парешон аз муфлисии ёрон,
Бикшо лаби ҷаҳонро пурлаълу пургуҳар кун.
Бозгашт ба аввал
* * *
Соқӣ, биёр бодаву бахтам баланд кун, 
3-он ҳалқаҳои зулф диламро каманд кун. 
Маҷлис хуш асту богу ҳарифон мо хушем, 
Оташ биёру чораи муште сипанд кун. 
В-он ҷоми бедареғ бар андешаҳо бирез, 
Дар бехудӣ сазои дили худписанд кун. 
Эй ғам, бирав, бирав, бари мастон-т кор нест,
В-онро, ки ҳушёр биёбӣ, газанд кун. 
Эй ҷони суст, маҷлиси аброр яшрабун,
Бар гиряи асири ҳаво ришханд макун.
Риши ҳама ба дасти аҷал бину раҳм кун, 
Аз марг вораҳон, ҳамаро судманд кун. 
Бодомчашму пистадаҳон, қандлаб туӣ, 
Нукдам ҳама зи пиставу бодому қанд кун. 
Мастон мусалламанд зи андешаҳову ғам, 
Он, к-ӯ нашуд мусаллам, ӯро нажанд кун.
Азми сафар кун, эй дилу бар гов неҳ ту рахт,
Бо шергири маст магӯ, тарки банд кун. 
Дар чашми мо нигар, асари бехудӣ бубин, 
Моро савори ашқару пушти саманд кун.
Эй табъи русиёҳ, сӯйи Ҳинд бозрав, 
В-эй ишқи тустоз сафар сӯйи Ҷанд кун. 
Хоҳӣ, ки шоҳидони фалак ҷилвагар шаванд, 
Дилро ҳарифи сайқали оинаи Занд кун. 
Эй дил, хамӯш кун, ҳама бе ҳарф гӯ сухан,
Ба лаб ҳадиси олами ба чуну чанд кун. 
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй ошиқон, эй ошиқон, дар кас, ки бинад рӯйи ӯ,
Шӯрида гардад ақли ӯ, ошуфта гардад хӯйи ӯ.
Маъшуқаро ҷӯё шавад, дӯкони ӯ вайрон шавад,
Бар рӯю сар пӯён шавад чун об андар чӯйи ӯ.
Дар ишқ чун Маҷнун шавад, саргашта чун гардун шавад,
Он, к-ӯ чӯнин ранҷур шуд, ноёб шуд доруи ӯ.
Ишқаш дили пурдардро бар каф ниҳад, бӯ мекунад,
Чун хуш набошад он диле, к-ӯ гашт дастанбӯйи ӯ.
Бас синаҳоро ҳаст ӯ, бас дастдоро баст ӯ,
Бастаст чашми ҷодувон он ғамзаи ҷодуи ӯ.
Шоҳон ҳама мискини ӯ, хубон қарозачини ӯ,
Шерон зада дум бар замин пеши сагони кӯйи ӯ.
Эй моҳ, рӯяш дидаӣ, хубӣ аз ӯ дуздидаӣ,
Эй шаб, ту зулфаш дидаӣ, не, не, ки не як мӯйи ӯ.
Ин шаб сияҳпӯш аст аз он, к-аз таъзия дорад нишон,
Чун беваи ҷомасияҳ дар хок рафта шӯйи ӯ.
Эй рӯйи мо чун заъфарон аз ишқи лоластони ӯ,
Эй дил, фурӯ рафта ба сар чун шона дар гесӯйи ӯ.
Эй ҷонҳо мокӯи ӯ в-эй қиблаи мо кӯйи ӯ,
Фарроши ин кӯ осмон в-ин хок кадбонуи ӯ.
Сӯзон дилам аз рашки ӯ, гашта ду чашмам машки ӯ,
Кай з-оби чашм ӯ тар шавад, эй бадр то зонуи ӯ.
Ин ишқ шуд меҳмони ман, захме бувад бар ҷони ман,
Сад раҳмату сад офарин бар дасту бар бозӯи ӯ.
Ман дасту по андохтам в-аз ҷустуҷӯ пардохтам,
Эй мурда ҷустуҷӯйи ман дар пеши ҷустуҷӯйи ӯ.
Ман чанд гуфтам: "Ҳой дил хомӯш аз ин савдои дил!"
Судаш надорад ҳойи ман чун бишнавад дил хӯйи ӯ. 
Бозгашт ба аввал
* * *
Ҳийлат раҳо кун эй дило, девона шав, девона шав,
В-андар дили оташ даро, парвона шав, парвона шав. 
Ҳам хешро бегона кун, ҳам хонаро вайрона кун, 
В-он гаҳ биё бо ошиқон ҳамхона шав, ҳамхона шав.
Рав синаро чун синаҳо ҳафт об шӯ аз кинаҳо, 
В-он гаҳ шароби ишқро паймона шав, паймона шасв. 
Бояд, ки ҷумла ҷон шавӣ, то лоиқи ҷонон шавӣ, 
Гар суйи мастон меравӣ, мастона шав, мастона шав.
Он гӯшвори шоҳидон ҳамсӯҳбати ораз шуда, 
Он гӯшу ораз боядат, дурдона шав, дурдона шав. 
Чун ҷони ту шуд дар ҳаво з-афсонаи ширини мо, 
Фонӣ шаву чун ошиқон афсона шав, афсона шав. 
Фазле бувад майлу ҳаво бинҳода бар дилҳои мо,
Мифтоҳ шав, мифтоҳро дандона шав, дандона шав.
Гар чеҳра бинмояд санам, пур шав аз ӯ чун оина, 
В-ар зулф бикшояд санам, рав шона шав, рав шона шав.
То кай душоха чун рухӣ, то кай чу байдақ камтакӣ, 
То кай чу фарзин каҷравӣ? Фарзона шав, фарзона шав. 
Шукрона додӣ ишқро аз туҳфаҳову молҳо, 
Ҳил молро худро бидеҳ, шукрона шав, шукрона шав. 
Як муддате аркон будӣ, як муддате ҳайвон будӣ, 
Як муддате чун ҷон будӣ, ҷонона шав ҷонона шав. 
Эй нотиса, бар бому дар то кай равӣ, дар хона пар,
Нутқи забонро тарк кун, бегона шав, бегона шав. 
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин кист ин, ин кист ин ширину зебо омада? 
Сармасту наълайн дар бағал дар хонаи мо омада.
Хона дар ӯ ҳайрон шуда, андеша саргардон шуда,
Сад ақлу ҷон андар паяш бе дасту бе по омада.
Омад ба макр он лаъллаб, кафча ба каф оташталаб,
То худ киро сӯзад аҷаб он ёри танҳо омада? 
Эй маъдани оташ, биё, оташ чӣ мечуӣ зи мо? 
Валлаҳ, ки макр асту дағо, эй ногаҳ ин ҷо омада! 
Рӯпӯш чун пӯшад туро, эй рӯйи ту шамс-уз-зуҳо, 
Эй кунҷу хона аз рухат чун дашту саҳро омада,
Эй Юсуф, аз болои чад бар оби чаҳ зад акси ту,
Он оби чаҳ аз ишқи ту чӯшида боло омада. 
Шод омадӣ, шод омадӣ, ҷодуву устод омадй, 
Чун ҳуд-ҳуди пайғамбаре аз пеши Анқо омада. 
Эй дилнавозу дилбаре, к-андарнағунҷӣ дар баре,
Эй чашми мо аз гавҳаратафзун зи дарё омада. 
Чарху замин оинае в-аз акси моҳи рӯйи ту, 
Он оина зинда шуда в-андар тамошо омада. 
Хомӯш кун, хомӯш кун, аз роҳи дигар ҷӯш кун,
Эй дуди оташҳои ту савдои сардо омада....
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 5932 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 1
1 Мавлон  
0
Беҳтарин ғазал

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru