Пятница, 29.03.2024, 08:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ
Ғазалҳо
Маро пурсӣ, ки чунӣ, чунам, эй дӯст!
Нигорино, дилам бурдӣ, фусунхонӣ макун чандин
Фурӯ хон номаи дардам, магар дармони ман созӣ
Шабе тира, раҳе мушкил, ҷанибтар инон даркаш
* * *
Маро пурсӣ, ки чунӣ, чунам, эй дӯст!
Ҷигар пурдарду дил пурхунам, эй дӯст!
Ҳадиси ошиқӣ бар ман раҳо кун,
Чу Лайлӣ шав, ки ман Маҷнунам, эй дӯст!
Бафарёдам зи ту ҳар рӯз фарёд,
Аз ин фарёди рӯзафзунам, эй дӯст!
Шунидам ошиқонро менавозӣ,
Магар ман з - он миён берунам, эй дӯст!
Нагуфтӣ гар бияфтӣ гирамат даст,
Аз ин афтодатар, к - акнунам, эй дӯст!
Ғазалҳои Низомӣ бар ту хонам,
Нагирад дар ту ҳеҷ афзунам, эй дӯст!
Бозгашт ба аввал
* * *
Нигорино, дилам бурдӣ, фусунхонӣ макун чандин,
Забони ман фурӯ бастӣ, забондонӣ макун чандин.
Чу дил бурдан тамаъ будат ҳама кофирдилӣ кардӣ,
Битарс аз ҷони маҳрумон фусунхонӣ макун чандин.
Раҳо кун то ба озодӣ замоне дар ту мебинам,
На ман дуздам, на ту шаҳна, нигаҳбонӣ макун чандин.
Чу ан дар хидмати зулфат камар чун мӯр барбастам,
Ба ғорат кардани мӯре сулаймонӣ макун чандин.
Чу он бадмаст боз ояд сабукрӯҳона дар базмат,
Низомӣ, бода бар каф неҳ, гаронҷонӣ макун чандин.
Бозгашт ба аввал
* * *
Фурӯ хон номаи дардам, магар дармони ман созӣ,
Дили маҷрӯҳи ман бинӣ илоҷи дарди ман созӣ.
Ба фармонат камар бастам, тариқи ошиқ ин бошад,
Ту маъшуқӣ, раво набвад, ки худ фармони ман созӣ.
Агар гӯям сабӯҳӣ кун, шароб аз хуни ман резӣ,
В - арат гӯям самоъе, деҳ, наво з - афғони ман ман созӣ.
Ба васлат ид месозам, валекин нест қурбонам,
Агар раҳме кунӣ бар ман, маро қурбони ман созӣ.
Магар дар ҳиҷрат, эй маҳ, ман ба барги гул намеарзам,
Ки ҳар хоре, ки мебинӣ, нисорафшони ман созӣ.
Чу пайдо шуд, ки дар олам надорам бе ту ҷону дил,
Ҳаромат бод, ҳар айше, ки дар пинҳони ман созӣ.
Чу ман чашми Низомиро тамошогоҳи ту кардам,
Чӣ бошад гар хаёлатро шабе меҳмони ман созӣ.
Бозгашт ба аввал
* * *
Шабе тира, раҳе мушкил, ҷанибтар инон даркаш,
Замоне рахти ҳастиро ба хилватгоҳи ҷон даркаш.
Чу масти хилваташ гаштӣ фалакро хайма дарҳам зан,
сутуни арш дарҷунбон, таноби осмон даркаш.
Уқобони шақоватро зи боғи унс берун кун,
Ҳумоёни саодатро ба доми имтиҳон даркаш.
Гаронҷонӣ макун, ҷоно, ту дар базми сабукрӯҳон
Чу соқӣ гармрӯ гардад сабук ратли гарон даркаш.
Тариҷаш бе қадам мерав, ҳадисаш безабон мегӯ,
Ҷамолаш бе назар мебин, шаробаш бедаҳон даркаш.
Биҳишту дӯзахаш бинӣ, машав машғули ин ҳар ду,
Қадам бар фарқи дӯзах неҳ, хате гирди ҷинон даркаш.
Чу хосалхоси ӯ гаштӣ, зи сурат пой берун неҳ,
Ҳазорон шарбати маънӣ ба якдам ройгон даркаш.
Низомӣ, ин чӣ асрор аст, к - аз хотир бурун додӣ,
Касе рамзат намедонад, забон даркаш, забон даркаш.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1409 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ НИЗОМИИ ГАНҶАВӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru