Четверг, 25.04.2024, 01:41
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ ҲОҶУИ КИРМОНӢ
Ғазалҳо
Ҳирқа радни хонаи хаммор дорад пири мо
Бигузар хоҷаю бигзор маро маст ин ҷо
Магзар, эй ёру дар ин воқеа магзор маро
Овардаем рӯ ба сӯйи диёри хеш
Дӯш мекардам суол аз ҷон, ки: "Он ҷонона ку?
* * *
Ҳирқа радни хонаи хаммор дорад пири мо, 
Эй ҳама риндон муриди пири соғаргири мо 
Гар шудем аз бода бадноми ҷаҳон, тадбир чист?
Ҳамчунин рафтаст дар аҳли азал тақдири мо. 
Сарвро бошад самоъ аз нолаи дилсӯзи мург, 
Мургро бошад судоъ аз нолаи шабгири мо.
Доварӣ пеши кӣ шояд бурд, агар бе мӯҷибе, 
Хуни дарвешони бетоқат бирезад мири мо. 
Ҳам магар лутфи ту гардад узрхоҳи бандагон, 
Варна маълум аст, к-аз ҳад меравад тақсири мо. 
Сайди он оҳуи рубаҳбози сайёди туем, 
Мо шикорафтодаю шери фалак нахчири мо. 
То дили девона дар занҷири зулфат бастаем, 
Эй басо оқил, ки шуд девонаи занҷири мо. 
Аз хаданги оҳи оламсӯзи мо ғофил машав,
К-аз камони нарм захмаш сахт бошад тири мо.
Рад мадеҳ дар хонақаҳ, Хоҷу, касеро к-ин нафас,
Бо ҷавонон ишрате дорад ба хилват пири мо.
Бозгашт ба аввал
* * *
Бигузар хоҷаю бигзор маро маст ин ҷо , 
Ки бурун шуд дили сармасти ман аз даст ин ҷо. 
Чун тавонам шуд аз ин ҷо, ки ғамаш мӯйкашон, 
Дилам оварду ба занҷир фурӯ баст инҷо. 
То нагӯӣ, ки дар ин ҷо зи чи маст афтодам,
Ҳеҷ ҳушёр наёмад, ки нашуд маст ин ҷо.
Кист ин фитнаи навхоста, к-аз меҳри рухаш,
Ин дили шефтаҳол омаду биншаст ин ҷо. 
Дили мискини маро нест дар ин ҷо қадре, 
З-он ки сад дил чу дили хастаи ман даст ин ҷо.
Дӯш, к-аз соғари дил хуни ҷигар мехӯрдам, 
Шиша ногаҳ бишуд аз дастаму бишкаст ин ҷо.
Номи Ҳоҷу мабар, эй хоҷа, дар ин варта, ки ҳаст,
Сад чу он хастаи дилсӯхта дар шаст ин ҷо.
Бозгашт ба аввал
* * *
Магзар, эй ёру дар ин воқеа магзор маро, 
Чун шудам сайди ту, баргиру нигаҳ дор маро.
Агарам зор кушӣ, мекушу безор машав, 
Зориям бину аз ин беш маёзор маро. 
Чун дарафтодаам аз пою надорам сари хуш, 
Дасти ман гиру дили хаста ба даст ор маро. 
Бе гули рӯйи ту бас хор, ки дар пойи ман аст,
Кист, к-аз пой бурун оварад ин хори маро?
Бирав, эй булбули шӯрида, ки бе гулрӯе, 
Накашад гӯшаи хотир сӯйи гул зор маро. 
Ҳар кй хоҳад, ки ба як ҷуръа маро дарёбад, 
Гӯ талаб кун ба дари хонаи хаммор маро. 
То шавам фош ба девонагию сармастӣ, 
Масту ошуфта бароред ба бозор маро. 
Чанд пандам диҳӣ, эй зоҳиду вазъам гӯӣ, 
Далқу тасбеҳ туро, хирқаю зуннор маро. 
3-остонам зи чӣ берун фиганй чун Ҳоҷу,
Хоки роҳам, зи сарам бигзару бигзор маро.
Бозгашт ба аввал
* * *
Овардаем рӯ ба сӯйи диёри хеш, 
Бошад ки бингарем дигар рӯйи ёри хеш. 
Сӯфию зӯҳду масҷиду саҷҷодаю намоз, 
Мою майи муғонаю рӯйи нигори хеш. 
Чун зулфи Лайлӣ аз ду ҷаҳон кардам ихтиёр,
Маҷнунам, ар зи даст диҳам ихтиёри хеш.
Кардам гузор бар сари кӯяш в-аз ин сипас, 
То худ чӣ бар сарам гузарад аз гузори хеш,.
Чун ҳеҷ барқарор намемонад, аз чӣ рӯй,
Мондаст беқарории ман бар қарори хеш.
3-он рӯ ки ҳар чӣ дидаам, аз хеш дидаам,
Ҳар дам кунам зи дида сазо дар канори хеш. 
Дар бандагӣ чу кори мани хаста бандагист, 
То зиндаам чӣ гуна кунам тарки кори хеш.
Чун мо шикори оҳуи шерафгани туем, 
Гар мекушӣ, ба дур маяфган шикори хеш. 
Ҳоҷу, чӣ кардаӣ сабақи хуни дил равон,
Аз лавҳи коинот фурӯ шӯ ғубори хеш.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дӯш мекардам суол аз ҷон, ки: "Он ҷонона ку?" 
Гуфт: "Бигзар з-он бути паймоншикан, паймона ку?" 
Гуфтамаш: "Парвонаи шамъи ҷамоли ӯ манам", 
Гуфт: "Инак, шамъро равшан бубин, парвона ку?"
Гуфтамаш? "Девонаи занҷири зулфаш шуд дилам", 
Гуфт: "Инак, зулфи чун занҷири ӯ, девона ку?" 
Гуфтамаш: "Кай мӯйи ӯ дар шонаи мо уфтад?" 
Гуфт: "Бе ӯ нест як мӯ дар ду олам, шона ку?" 
Гуфтамаш: "Дар доме афтодам ба бӯйи донае", 
Гуфт: "Олам сар ба сар дом аст, охир дона ку?" 
Гуфтамаш: "Дурдонаи дарёи вадат шуд дилам",
Гуфт: "Дар дарё шаву бингар, ки он дурдона ку?" 
Гуфтамаш: "Наздики мо бутхонаву масҷид якест", 
Гуфт: "Олам масҷид аст, эй бебасар, бутхона ку?"
Гуфтамаш: "Мо ганҷ дар вайронаи дил ёфтем", 
Гуфт: "ҳар кунҷе пур аз ганҷе бувад, вайрона ку?"
Гуфтамаш: "кошонаи ҷонона дар кӯйи дил аст",
Гуфт: "Ҳоҷу, гар зи он кӯӣ, бигӯ, ҷонона ку?"
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1254 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ ҲОҶУИ КИРМОНӢ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru