Среда, 24.04.2024, 04:21
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 8
Гостей: 8
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ
Ғазалҳо
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест
Даме беғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад
Ерӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад
Гуфтам, ки: "Хато кардиву тадбир на ин буд"
Гуфтам: "Каям даҳону лабат комрон шавад?"
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд
Корам зи даври чарх ба домон намерасад
Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд
Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир
* * *
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. 
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон, 
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо,
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст, 
Худоро дар дил андозаш, ки бар маҷнун гузар орад.
Баҳори умр хоҳ эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол,
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад дар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, 
Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.
Ман агар некам, агар бад ту бирав худро бош, 
Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт. 
Ҳама кас толиби ёранд, чӣ ҳушёру чӣ маст,
Ҳама ҷо хонаи ишқ аст, чӣ масҷид, чӣ куништ.
Сари таслими ману хишти дари майкадаҳо,
Муддаӣ гар накунад фаҳми сухан, гӯ: сару хишт. 
Ноумедам макун аз собиқаи лутфи азал, 
Ту паси парда чӣ донӣ, ки кӣ хуб асту кӣ зишт?
На ман аз пардаи тақво бадар афтодаму бас,
Падарам низ биҳишти абад аз даст биҳишт. 
Боғи фирдавс латиф аст, валекин зинҳор, 
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.
Ҳофизо, рӯзи азал гар ба каф орӣ ҷоме, 
Яксар аз кӯйи харобот барандат ба биҳишт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест,
Он ҷо, чуз ин, ки ҷон бисупоранд, чора нест. 
Ҳар гаҳ, ки дил ба ишқ диҳӣ хуш даме бувад, 
Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест. 
Моро зи манъи ақл матарсону май биёр, 
К-он шаҳ на дар вилояти мо ҳеҷкора нест. 
Аз чашми худ бипурс, ки моро кӣ мекушад?
Ҷоно гуноҳи толеу ҷурми ситора нест. 
Ӯро ба чашми пок тавон дид чун ҳилол, 
Ҳар дида ҷойи ҷилваи он моҳпора нест. 
Фурсат шумур тариқаи риндӣ, ки ин нишон, 
Чун роҳи ганҷ бар ҳама кас ошкора нест.
Нагрифт дар ту гиряи Ҳофиз ба ҳеҷ рӯ,
Ҳайрони он дилам, ки кам аз санги хора нест.
Бозгашт ба аввал
* * *
Даме беғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифруш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад. 
Ба кӯйи майфурӯшонаш ба ҷоме барнамегиранд,
Зиҳӣ саҷҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад.
Рақибам сарзанишҳо кард, к-аз ин боб рух бартоб, 
Чӣ афтод ин сари моро, ки хокаш дар намеарзад. 
Шукӯҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ӯ дарҷ аст.
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бӯйи суд, 
Ғалат кардам, ки ин тӯфон ба сад гавҳар намеарзад.
Туро он беҳ, ки рӯйи худ зи муштоқон бипӯшонӣ,
Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад. 
Чу Ҳофиз дар қаноат кушу аз дунёи дун бигазар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман ҷав намеарзад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ерӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд? 
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост? 
Хун чакад аз шохи гул, абри баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстй, 
Ҳақшиносонро чӣ ҳол афтод, ёронро чӣ шуд?
Лаъле аз хоки мурувват барнаёмад, солҳост, 
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд? 
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр, 
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд? 
Гӯйӣ тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост, 
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд? 
Зуҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисӯхт, 
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз, асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?
Бозгашт ба аввал
* * *
Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад, 
Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад. 
Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор,
Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад. 
Ғамнок набояд буд аз таъни ҳасуд, эй дил, 
Шояд, ки чу вобинӣ хайри ту дар ин бошад. 
Ҳар, к-ӯ накунад фаҳме з-ин килки хаёлангез, 
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари Чин бошад. 
Ҷоми майю хуни дил ҳар як ба касе доданд,
Дар доираи қисмат авзоъ чунин бошад.
Дар кори гулобу гул хукми азалӣ ин буд,
К-ин шоҳиди бозорӣ в-он парданишин бошад. 
Он нест, ки Ҳофизро риндӣ бишуд аз хотир,
К-ин собиқаи пешин то рӯзи пасин бошад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гуфтам, ки: "Хато кардиву тадбир на ин буд", 
Гуфто: "Чӣ тавон кард, ки тақдир чунин буд". 
Гуфтам, ки: "Басе хатти хато бар ту кашиданд", 
Гуфто: "Ҳама он буд, ки бар лавҳи ҷабин буд". 
Гуфтам, ки: "Қарини бадат афганд бад-ин рӯз?"
Гуфто, ки: "Маро бахти бади хеш қарин буд".
Гуфтам: "Зи ман, эй моҳ, чаро меҳр буридӣ?"
Гуфто, ки: "Фалак бо мани бадмеҳр ба кин буд". 
Гуфтам, ки: "Басе ҷоми тааб хӯрдӣ аз ин пеш?" 
Гуфто, ки: "Шифо дар қадаҳи бозпасин буд". 
Гуфтам, ки: "Ту, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?"
Гуфто, ки: "Фалонӣ, чӣ кунам? Умр ҳамин буд".
Гуфтам, ки: "На вақти сафарат буд чунин зуд".
Гуфто, ки: "Магар маслиҳати вақт дар ин буд".
Бозгашт ба аввал
* * *
Гуфтам: "Каям даҳону лабат комрон шавад?" 
Гуфто: "Ба чашм, ҳар чӣ ту гӯйи чунон шавад". 
Гуфтам: "Хироҷи Миср талаб мекунад лабат". 
Гуфто: "Дар ин муомила камтар зиён кунанд". 
Гуфтам: "Ба нуқтаи даҳанат худ кӣ бурд роҳ?" 
Гуфт: "Ин ҳикоятест, ки бо нуктадон кунанд".
Гуфтам: "Санампараст машав, бо самад нишин"
Гуфто: "Ба кӯйи ишқ ҳам ину ҳам он кунанд".
Гуфтам:" Ҳавои майкада ғам мебарад зи дил".
Гуфто: "Хуш он касон, ки диле шодмон кунанд". 
Гуфтам: "Шаробу ҳирқа на оини мазҳаб аст". 
Гуфт: "Ин амал ба мазҳаби пири муғон кунанд".
Гуфтам:" Зи лаъли нӯшизабон пирро чӣ суд"? 
Гуфто: "Ба бӯсаи шакаринаш ҷавон кунанд". 
Гуфтам, ки: "Хоҷа кай ба сари ҳаҷла меравад"?
Гуфт: "Он замон, ки Муштариву Маҳ қирон кунанд".
Гуфтам: "Дуои давлати ту вирди Ҳофиз аст".
Гуфт: "Ин дуо малоики ҳафт осмон кунанд".
Бозгашт ба аввал
* * *
Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд, 
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд 
Мушкиле дорам зи донишмади маҷлис боз пурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд? 
Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
К-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,
К-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
Эй гадои хонақаҳ, барҷаҳ, ки дар дайри муғон,
Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд. 
Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад, 
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
Бар дари майхонаи ишқ, эй малак, тасбеҳ гӯй, 
К-андар он ҷо тиннати одам мухаммар мекунанд
Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:
"Қудсиён гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд'
Бозгашт ба аввал
* * *
Корам зи даври чарх ба домон намерасад, 
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад.
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон, 
То обрӯ намеравадам, нон намерасад. 
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон, 
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад. 
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале 
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам, 
Оваҳ, ки орзӯйи ман арзон намерасад.
Яъкубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд, 
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад. 
Аз ҳашмат аҳли чаҳл ба Кайвон расидаанд, 
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Кайвон намерасад. 
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро, 
Ин ғусса бас, ки даст сӯйи ҷон намерасад. 
То сад ҳазор хор намерӯяд аз замин, 
Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад. 
Суфй, бишуй занги дили худ ба оби май, 
К-аз шустушӯйи хирқаат ғуфрон намерасад.
Ҳофиз, сабур бош, ки дар ишқу ошиқӣ,
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Он ёр, к-аз ӯ хонаи мо ҷойи парӣ буд, 
Сар то қадамаш чун парӣ аз айб барӣ буд. 
Дил гуфт фурӯкаш кунам ин шаҳр ба бӯяш, 
Бечора надонист, ки ёраш сафарӣ буд. 
Танҳо на зи рози дили ман парда барафтод,
То буд фалак, шеваи ӯ пардадарӣ буд.
Манзури хирадманди ман он моҳ, ки ӯро, 
Бо ҳусни адаб шеваи соҳибназарӣ буд.
Аз ҷанги манаш ахтари бадмеҳр бадар бурд,
Оре, чӣ кунам, давлати даври қамарӣ буд. 
Узре бинеҳ, эй дил, ки ту дарвешиву ӯро,
Дар мамлакати ҳусн сари тоҷварӣ буд.
Авқоти хуш он буд, ки бо дӯст ба сар рафт, 
Боқӣ ҳама беҳосиливу бехабарӣ буд. 
Хуш буд лаби обу гулу сабзаву насрин, 
Афсӯс, ки он ганҷи равон раҳгузарӣ буд.
Худро бикуш, эй булбул, аз ин рашк, ки гулро,
Бо боди сабо вақти саҳар ҷилвагарӣ буд. 
Ҳар ганҷи саодат, ки Худо дод ба Ҳофиз,
Аз юмни дуои шабу вирди сафарӣ буд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, 
Ё тан расад ба sонон ё sон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар, 
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд. 
Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон, 
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд. 
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш
Нагрифта ҳеҷ коме ҷон аз бадан барояд,
Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон, кай з-он даҳон барояд?
Гӯянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анчуман барояд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дило, чандам бирезӣ хун, зи дида шарм дор, охир,
Ту низ, эй дида, хобе кун муроди дил барор, охир.
Манам, ё раб, ки ҷоноро зи ораз бӯса мечинам, 
Дуои субздам дидӣ, ки чун омад ба кор охир. 
Муроди дунйиву уқбӣ ба ман бахшид рӯзибахш, 
Ба гӯшам қавли чанг аввал ба дастам зулфи ёр охир. 
Чу бод аз хирмани дунон рабудан хӯшае то чанд? 
Зи ҳиммат тушае бардору худ тухме бикор, охир, 
Дило, дар мулки шабхезӣ гар аз андуҳ нагрезӣ, 
Дами сӯҳбат башоратҳо биёрад з-он диёр охир. 
Бути чун моҳ зону зад, майи чун лаъл пеш овард,
Ту гӯйй тоибам, Ҳофиз, зи соқӣ шарм дор охир.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 6767 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru