Четверг, 28.03.2024, 20:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 8
Гостей: 8
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ
Ғазалҳо
Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле
Муборак соате бошад, ки бо манзур биншинӣ
Муштоқиву сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро
Ери ман он, ки лутфи Худованд ёри ӯст
Сари ҷонон надорад, ҳар ки ӯро хавфи ҷон бошад
Басо нафси хирадмандон, ки дар банди ҳаво монад
Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд
Гирди ҳар дар менагардам, устухоне, гӯ, мабош
Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш
Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд?
Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам
Ёро, биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст
Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат
Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд
Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ
* * *
Басам аз ҳаво гирифтан, ки паре намонду боле, 
Ба куҷо равам зи дастат, ки намедиҳӣ маҷоле.
На раҳе гурез дорам, на тариқи ошноӣ, 
Чӣ ғам уфтодаеро, ки тавонад эҳтиёле. 
Ҳама умр дар фироқат бигузашту саҳл бошад, 
Агар эҳтимол дорад ба қиёмат иттисоле. 
Чӣ хуш аст дар фироқе ҳама умр сабр кардан,
Ба умеди он, ки рӯзе ба каф уфтад висоле. 
Ба ту ҳосиле надорад ғами рӯзгор гуфтан,
Ки шабе нахуфта бошӣ ба дарозное соле.
Ғами ҳоли дардмандон на аҷаб, гарат набошад, 
Ки чунин нарафта бошад ҳама умр бар ту ҳоле. 
Сухане бигӯй бо ман, ки чунон асири ишқам, 
Ки ба хештан надорам зи вуҷудат иштиғоле. 
Чӣ нишинӣ, эй қиёмат, бинамой сарви қомат, 
Ба хилофи сарви бӯстон, ки надорад эътидоле. 
Ки на имшаб он самоъ аст, ки даф халос ёбад,
Ба тапончаеву барбат бираҳад ба гӯшмоле.
Дигар офтоби рӯят манамой осмонро, 
Ки қамар зи шармсорӣ бишикаст чун ҳилоле. 
Хати мушкбӯю холат ба муносибат ту гӯӣ, 
Қалами ғубор мерафту фурӯ чакид холе. 
Ту ҳам ин магӯй, Саъдӣ, ки назар гуноҳ бошад,
Гунаҳ аст баргирифтан назар аз чунин ҷамоле.
Бозгашт ба аввал
* * *
Муборак соате бошад, ки бо манзур биншинӣ, 
Ба наздикат бисӯзонад, магар к-аз дур биншинӣ. 
Уқобон медарад чанголи бози оҳанинпанҷа, 
Туро бозӣ ҳамин бошад, ки чун усфур биншинӣ. 
Набояд, гар бисӯхандат, ки фарёд аз ту бархезад,
Агар хоҳӣ, ки чун парвона пеши нур биншинӣ.
Гарат бо мо хуш афтодаст, чун мо лоуболӣ шав, 
На ёрон маст бархезанду ту мастур биншинӣ. 
Мае хӯр, к-аз сари дунё тавонӣ хостан якдил,
На он соат, ки ҳушёрат кунад, махмур биншинӣ.
Таманнои шикам рӯзе кунад яғмои мӯронат,
Агар ҳар ҷо ки ширинист, чун занбӯр биншинӣ.
Ба сурат з-он гирифторӣ, ки дар маънӣ намебинӣ, 
Фаромӯшат шавад ин дев, агар бо ҳур биншинӣ.
Напиндорам, ки бо ёрат висол аз даст бархезад, 
Магар, к-аз ҳар чӣ ҳаст андар ҷаҳон, махдур биншинӣ. 
Миёни хобу бедорӣ тавонӣ фарқ кард онгаҳ,
Ки чун Саъдӣ ба танҳоӣ шаби дайҷур биншинӣ.
Бозгашт ба аввал
* * *
Муштоқиву сабурӣ аз ҳад гузашт, ёро, 
Гар ту шикеб дорӣ, тоқат намонд моро.
Боре ба чашми эҳсон дар ҳоли мо назар кун,
К-аз хони подшоҳон роҳат бувад гадоро.
Султон, ки чашм гирад, бар бандагони ҳазрат,
Ҳукмаш расад, валекин ҳаде бувад ҷафоро. 
Ман бе ту зиндагонӣ худро намеписандам,
К-осоише набошад бе дӯстон бақоро. 
Чун ташна ҷон супурдам, он гаҳ чӣ суд дорад,
Об аз ду чашм додан бар хоки ман гиёро? 
Ҳоли ниёзмандӣ дар васф менамояд,
Он гаҳ ки боз гардӣ, гӯем моҷароро. 
Боз ою ҷони ширин аз ман ситон ба хидмат, 
Дигар чӣ барг бошад дарвеши бенаворо? 
Ё раб, ту ошноро мӯҳлат деҳу саломат, 
Чандон, ки боз бинад дидори ошноро. 
На мулки подшаҳро дар чашми хубрӯён, 
Вақъест, эй бародар, на зӯҳди порсоро. 
Эй кош, барфитодӣ бурқаъ зи рӯйи Лайлӣ, 
То муддаӣ намондӣ Маҷнуни мубталоро.
Саъдӣ, қалам ба сахтӣ рафтасту некбахтӣ,
Пас ҳар чӣ пешат ояд, гардан бинеҳ қазоро.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ери ман он, ки лутфи Худованд ёри ӯст,
Бедоду доду радду қабул ихтиёри ӯст. 
Дарёи ишқро ба ҳақиқат канор нест,
В-ар ҳаст, пеши аҳли ҳақиқат канори ӯст. 
Дар аҳди Лайлӣ ин ҳама Маҷнун набудаанд, 
В-ин фитна барнахост, ки дар рӯзгори ӯст. 
Соҳибдиле намонд дар ин фасли навбаҳор, 
Илло, ки ошиқи гулу маҷрӯҳи хори ӯст. 
Донӣ кадом хок, бар ӯ рашк мебарам? 
Он хоки некбахт, ки дар раҳгузори ӯст. 
Бовар макун, ки сурати ӯ акли ман бибурд, 
Ақли ман он бибурд, ки суратнигори ӯст.
Гар дигарон бар манзари зебо назар кунанд,
Моро назар бар қудрати парвардигори ӯст. 
Инам қабул бас, ки бимирам бар остон, 
То нестам кунанд, ки хидматгузори ӯст. 
Бар ҷаври бемуродию дарвешию ҳалок, 
Онро, ки сабр нест, муҳаббат на кори ӯст. 
Саъдӣ ризои дӯстӣ талаб кун, на ҳаззи хеш,
Абд он кунад, ки раъйи худовандгори ӯст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Сари ҷонон надорад, ҳар ки ӯро хавфи ҷон бошад, 
Ба ҷон гар сӯҳбати ҷонон барояд, ройгон бошад. 
Муғелон чист, то ҳоҷӣ инон аз Каъба барпечад? 
Хасак дар роҳи муштоқон бисоти парниён бошад. 
Надорад бо ту бозоре, магар шӯридаасроре, 
Ки меҳраш дар миёни ҷону мӯҳраш бар даҳон бошад.
Парирӯё, чаро пинҳон шавӣ аз мардуми чашмам? 
Париро хосият он аст, к-аз мардум ниҳон бошад.
Нахоҳам рафтан аз дунё, магар дар пойи деворат, 
Ки то дар вақти ҷон додан сарам бар остон бошад. 
Гар аз ройи ту баргардам, бахилу ноҷавонмардам, 
Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад. 
Ба дарёи ғамат ғарқам, гурезон аз ҳама халқам, 
Гурезад душман аз душман, ки тират дар камон бошад.
Халоиқ дар ту ҳайронанду ҷойи ҳайрат аст, алҳақ,
Ки маҳро бар замин бинанду маҳ бар осмон бошад.
Миёнатрову мӯятро агар сад раҳ бипаймойӣ, 
Миёнат камтар аз мӯеву мӯят то миён бошад. 
Ба шамшер аз ту натвонам, ки рӯйи дил бигардонам, 
В-агар милам кашӣ дар чашм майлам ҳамчунон бошад.
Чу Фарҳод аз ҷаҳон берун ба талхӣ меравад Саъдӣ,
Валекин шӯри Ширинаш бимонад, то ҷаҳон бошад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Басо нафси хирадмандон, ки дар банди ҳаво монад,
Дар он сурат, ки ишқ ояд, хирадмандӣ куҷо монад.
Қазое лозим аст онро, ки бо хуршед ишқ орад,
Ки ҳамчун зарра дар меҳраш гирифтори ҳаво монад, 
Таҳаммул чораи ишқ аст, агар тоқат барӣ, в-ар на,
Ки бори нозанин бурдан ба ҷаври подшо монад.
Ҳаводори накӯрӯён наандешад зи бадгӯён,
Биё, гар раъйи он дорӣ, ки таънат дар қафо монад.
Агар Қорун фуруд ояд шабе дар сели маҳрӯён, 
Чунон сайдаш кунанд имшаб, ки фардо бенаво монад.
Биёр, эй боди наврузӣ, насими боғи пирӯзй,
Ки бӯйи анбаромезаш ба бӯйи ёри мо монад. 
Ту дар лаҳви тамошоӣ, куҷо бар ман бубахшоӣ? 
Набахшояд магар ёре, ки аз ёре ҷудо монад. 
Ҷавобам гӯю заҳрам кун ба ҳар талхӣ, ки мехоҳӣ,
Ки дашном аз лаби лаълат ба ширинтар дуо монад.
Дари дигар намедонам, ки рӯй аз ту бигардонам,
Махӯр зинҳор бар ҷонам, ки дардам бедаво монад.
Маломатгӯй беҳосил надонад дарди Саъдиро, 
Магар вақте, ки дар кӯе ба рӯе мубтало монад. 
Агар дар ҳар сари кӯе нишинад чун ту бутрӯе, 
Ба ҷуз қозӣ напиндорам, ки нафсе порсо монад.
Ҷамоли маҳфилу маҷлис имоми шаръ Рукниддин, 
Ки дин аз куввати раъяш ба аҳди мустафо монад.
Камоли ҳусни тадбираш чунон орост оламро, 
Ки то даврон бувад боқӣ бар ӯ хуну сано монад.
Ҳама олам дуогӯянду Саъдӣ камтарин қоил,
Дар ин давлат, ки боқӣ бод, то даври бақо монад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд,
Гарат мушоҳидаи хеш дар ҳиял ояд. 
Маҷоли сабр ҳамин буду мунтаҳои шикеб, 
Дигар малой, ки умр ин ҳама намепояд. 
Чӣ армуғоне аз он беҳ, ки дӯстон бинӣ, 
Ту худ биё, ки дигар ҳеҷ дарнамебояд.
Агарчи соҳиби ҳуснанд дар ҷаҳон бисёр,
Чу офтоб барояд, ситора нанмояд. 
Зи нақши рӯйи ту машшота даст бозкашад,
Ки шарм дошт, ки хуршедро биёрояд. 
Ба лутфи дилбари ман дар ҷаҳон набинӣ дӯст, 
Ки душманӣ кунаду дустӣ бияфзояд. 
Дареғ нест маро, ки ҳар чӣ ҳаст дар талабат,
Диле чӣ бошаду ҷоне дар ҳисоб ояд. 
Чарову чун нарасад дардманди ошиқро, 
Магар мутовиати дӯст то чӣ фармояд. 
Гар оҳи синаи Саъдӣ расад ба ҳазрати дӯст,
Чӣ ҷойи дӯст, ки душман бар ӯ бубахшояд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гирди ҳар дар менагардам, устухоне, гӯ, мабош. 
Чун тамаъ як сӯ ниходам, поймардӣ, гӯ, махез, 
Чун забон андар кашидам, тарҷумоне, гӯ, мабош.
Ваҳ, ки оташ дар ҷаҳон зад ишқи шӯрангези ман, 
Чун ман андар оташ афтодам, ҷаҳоне, гӯ, мабош.
Дурри маънӣ мунтазам дар ресмони сурат аст, 
Не чу сӯзан тангчашмам, ресмоне, гӯ, мабош. 
Дар буни девори дарвешӣ чӣ хобат мебарад? 
Сар бинеҳ бар боми давлат, нардбоне, гӯ, мабош. 
Гар ба дӯзах дар бимонам, хоксоре, гӯ, бисуз, 
В-ар биҳишт андар наёбам, бӯстоне, гӯ мабош. 
Ман чиям дар боғи райҳон? Хушкбарге. гӯ, бирез, 
Ман киям дар боғи султон? Посбоне. Гӯ, мабош.
Саъдиё, даргоҳи иззатро чӣ мебояд суҷуд?
Гарди хоколудае дар остоне, гӯ, мабош.
Бозгашт ба аввал
* * *
Қиёмат бошад он қомат дар оғӯш,
Шароби салсабил аз чашмаи нӯш. 
Ғуломи кист он лӯъбат, ки моро 
Ғуломи хеш карду ҳалқа дар гӯш? 
Парипайкар буте, к-аз сеҳри чашмаш 
Наёмад хоб дар чашмони ман дӯш. 
На ҳар вақтам ба ёди хотир ояд
Ки худ ҳаргиз намегардад фаромӯш. 
Ҳалолаш бод, агар хунам бирезад,
Ки сар бар пойи у хуштар, ки бар дӯш. 
Насиҳатгӯйи мо акле надорад, 
Бирав гӯ, дар салоҳи хештан кӯш. 
Дуҳул зери гилем аз халқ пинҳон 
Нашояд карду оташ зери сарпӯш.
Биё, эй дӯст в-ар душман бубинад 
Чӣ хоҳад кард? Гӯ, мабину меҷӯш. 
Ту аз мо фориғу мо бо ту ҳамроҳ,
Зи мо фарёд меояд, ту хомӯш. 
Ҳадиси ҳусни хеш аз дигаре пурс,
Ки Саъдӣ дар ту ҳайрон асту мадҳӯш.
Бозгашт ба аввал
* * *
Бозат, надонам, аз сари паймони мо кӣ бурд?
Боз аз нигини ту нақши вафо кӣ бурд? 
Чандин вафо кӣ кард чу ман дар адвои ту 
В-онгаҳ зи дасти ҳаҷри ту чандин ҷафо кӣ бурд? 
Бигрист чашми абр бар аҳволи зори ман, 
Ҷуз оҳи ман ин ба гӯши вай ин моҷаро кӣ бурд?
Гуфтам лаби туро, ки дили ман ту бурдаӣ?
Гуфто: Кадом дил? Чӣ нишон? Кай? Куҷо? Кӣ бурд?
Савдо мапаз, ки оташи ғам дар дили ту нест, 
Моро ғами ту бурд ба савдо, туро кӣ бурд? 
Ташфиқи ишқи рӯйи ту ганҷест, ки то кӣ ёфт? 
Боз иттифоқи васли ту гӯест, то кӣ бурд? 
Ҷуз чашми ту, ки фитнаи қаттоли олам аст, 
Сад шайху зоҳид аз сари роҳи худо кӣ бурд?
Саъдӣ на марди бозии шатранҷи ишқи туст,
Дасте ба коми дил зи сипеҳри дағо кӣ бурд?
Бозгашт ба аввал
* * *
Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам, 
Ё гуноҳест, ки аввал мани мискин кардам. 
Ту, ки аз сурати ҳоли дили мо бехабарӣ,
Ғами дил бо ту нагӯям, ки надонӣ дардам.
Эй, ки пандам диҳӣ аз ишқу маломат гӯйӣ, 
Ту набудӣ, ки ман ин ҷоми муҳаббат хӯрдам. 
Ту бирав, маслиҳати хештан андеш, ки ман, 
Тарки ҷон додам аз ин пеш, ки дил биспурдам. 
Аҳд кардем, ки ҷон дар сари кори ту кунем,
В-агар ин аҳд ба поён набарам номардам. 
Ман, ки рӯй аз ҳама олам ба висолат кардам,
Шарти инсоф набошад, ки бимонӣ фардам. 
Рост хоҳӣ, ту маро шефта мегардонӣ,
Гирди олам ба чунин рӯз на ман мегардам.
Хоки наълайни ту, эй дӯст намеъёрам шуд, 
То бар он домани исмат нанишинад гардам. 
Рӯзи девони ҷазо дасти ману домани ту,
То бигӯйӣ, дили Саъдӣ ба чӣ ҷурм озурдам.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ёро, биҳишт сӯҳбати ёрони ҳамдам аст, 
Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст. 
Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ, 
Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст. 
Не ҳар кӣ чашму гӯшу даҳон дорад, одам аст, 
Бас девро, ки сурати фарзанди одам аст. 
Он аст одамӣ, ки дар ӯ ҳусни сиратест, 
Ё лутфи суратест, дигар ҳашви олам аст. 
Ҳаргиз ҳасад набурдаву ҳасрат нахӯрдаам, 
Ҷуз бар ду рӯйи ёри мувофиқ, ки дар ҳам аст.
Онон, ки дар баҳор ба саҳро намераванд, 
Бӯйи хуши рабеъ бар эшон муҳаррам аст. 
В-он сангдил, ки дида бидузад зи рӯйи хуб, 
Пандаш мадеҳ, ки ҷаҳл дар ӯ нек маҳкам аст. 
Ором нест дар ҳама олам ба иттифоқ,
В-ар ҳаст дар муҷовирати ёри марҳам аст. 
Гар хуни тоза меравад аз реши аҳли дил, 
Дидори дӯстон, ки бубинанд марҳам аст. 
Дунё хуш асту мол азиз асту тан шариф, 
Лекин рафиқ бар ҳама чизе муқаддам аст.
Мумсик барои мол ҳамасола тангдил,
Саъдӣ ба рӯйи дӯст ҳамарӯза хуррам аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Чӣ латиф аст қабо бар тани чун сарви равонат, 
Оҳ, агар чун камарам даст расидӣ ба миёнат. 
Дар дилам ҳеҷ наёяд магар андешаи васлат, 
Ту на онӣ, ки дигар кас бинишинад ба маконат.
Гар ту хоҳӣ, ки якеро сухани талх бигуӣ, 
Сухани талх набошад, чу барояд ба даҳонат.
На ман ангуштнамоям ба ҳаводории рӯят, 
Ки ту ангуштнамоиву халоиқ нигаронат. 
Дари андеша бубастам, қалами ваҳм шикастам, 
Ки ту зеботар аз онӣ, ки кунам васфу баёнат.
Сарвро қомати хуб асту қамарро рухи зебо, 
Ту на инию на онӣ, ки ҳам ин асту ҳам онат.
Эй рақиб, ар накушоӣ дари дилбанд ба рӯям, 
Ин қадар боз намоӣ, ки дуо гуфт фалонат. 
Ман ҳама умр бар онам, ки дуогӯйи ту бошам, 
Гар ту хоҳӣ, ки набошам, тани ман бархии ҷонат.
Саъдиё, чора сабот асту мудорову таҳаммул,
Ман, ки мӯҳтоҷи ту бошам бубарам бори гаронат.
Бозгашт ба аввал
* * *
Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд, 
Ба касон дард фиристанду даво низ кунанд. 
Подшоҳони маловат чу ба нахчир раванд, 
Сайдро пой бубанданду раҳо низ кунанд. 
Назаре кун ба мани хаста, ки арбоби карам, 
Ба заифон назар аз баҳри худо низ кунанд. 
Ошиқонро зи бари хеш марон, то бари ту, 
Сару зар ҳарду фишонанду дуо низ кунанд. 
Гар кунад майл ба хубон дили ман, айб макун, 
К-ин гуноҳест, ки дар шаҳри шумо низ кунанд. 
Бӯсае з-он даҳани танг бидех, ё бифурӯш, 
К-ин матоест, ки бахшанду баҳо низ кунанд. 
Ту хитоибачаӣ, аз ту хато нест аҷаб,
К-он, ки аз аҳли савобанд хато низ кунанд.
Гар равад номи ман андар даҳанат, боке нест,
Подшоҳон ба ғалат ёди гадо низ кунанд. 
Саъдиё, гар накунад ёди ту он моҳ, маранҷ,
Мо кӣ бошем, ки андешаи мо низ кунанд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ҳама умр барнадорам сар аз ин хумори мастӣ,
Ки ҳанӯз ман набудам, ки ту дар дилам нишастӣ.
Ту на мисли офтобӣ, ки ҳузуру ғайб уфтад, 
Дигарон раванду оянду ту ҳамчунон, ки ҳастӣ. 
Чӣ ҳикоят аз фироқат, ки надоштам, валекин, 
Ту чу рӯй боз кардӣ, дари моҷаро бубастӣ. 
Назаре ба дӯстон кун, ки ҳазор бор аз он беҳ, 
Ки таҳияте нависиву ҳадияте фиристӣ. 
Дили дардманди моро, ки асири туст, ёро, 
Ба висол марҳаме неҳ, чу ба интизор ҳастӣ. 
На аҷаб, ки қалби душман шиканӣ ба рӯзи ҳайҷо, 
Ту, ки қалби дӯстонро ба муфориқат шикастӣ. 
Бирав, эй фақеҳи доно, ба Худой бахш моро, 
Туву зӯхду порсоӣ, ману ошиқиву мастӣ. 
Дили хушманд бояд, ки ба дилбаре супорӣ, 
Ки чу қиблает бошад, беҳ аз он ки худ парастӣ.
Чу зимоми бахту давлат на ба дасти ҷахд бошад,
Чӣ кунанд, агар забунӣ накунанду зердастӣ.
Гила аз фироқи ёрону ҷафои рӯзгорон,
На тариқи туст, Саъдӣ, сари хеш гиру растӣ.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 9543 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru