Пятница, 29.03.2024, 04:02
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ҒАЗАЛҲОИ САЙФИ ФАРҒОНӢ
Ғазалҳо
Андар ин даврон маҷӯ роҳат, ки кас осуда нест
Ҳам дилбари ман бо ман дилдор шавад рӯзе
Ёр дил бирбуду аз манн рӯй пинҳон карду рафт
Номи ту гар бар забон ронам, забонам хуш шавад
Лаби гул дар табассум омад боз
* * *
Андар ин даврон маҷӯ роҳат, ки кас осуда нест,
Табъи шодиҷӯй аз ғам як нафас осуда нест. 
Дар замони нокасон осуда ҳам нокас бувад, 
Нокасе натвон шудан гарчанд кас осуда нест. 
Ҳар чӣ дар дунё вуҷуде дорад, ар худ зарра аст,
Аз хилофи зидди худ ӯ низ бас осуда нест. 
Гарчӣ хокаш дар паноҳи хештан гирад чу об,
Зоташ ар эмин бувад, аз бод хас осуда нест. 
Андар ин давлат, ки халқе поймоли меҳнатанд,
Гар касе дорад ба неъмат дастрас осуда нест. 
Одамии талхайш аз золимони туршрӯй, 
Ҳамчу ширинӣ зи иброми магас осуда нест. 
Гарчи дар зер аст, дорад чун касе болои ӯст, 
Чун харони боркаш зин бар фарас осуда нест. 
Аз барои он, ки мардум андар ӯ шар мекунанд, 
Шаб зи бими рӯз чун дузд аз асас осуда нест. 
Мурғ куро ҷой андар боғ бошад чун дарахт, 
Гар бигирию бидорӣ дар қафас осуда нест. 
Аз пайи тадсили осоиш мабар бисёр ранҷ,
Ҳар кӣ ӯ дорад ба осоиш ҳавас осуда нест.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ҳам дилбари ман бо ман дилдор шавад рӯзе, 
Ҳам гулшани бахти ман бехор шавад рӯзе. 
Андар раҳи ӯ набвад ҷон кандани ман зоеъ 
Он кас, ки зи ишқи ӯ бемор шавад рӯзе. 
Худро ба умеди он дилшод ҳамедорам, 
Кон кас ки ғамаш хӯрдам, ғамхор шавад рӯзе. 
Бошад, ки шабе моро шукре бувад аз васлаш,
Вар не гила аз ҳаҷраш ночор шавад рӯзе.
Бинмуд маро ишқаш осону надонистам, 
Кин кор бадин ғоят душвор шавад рӯзе.
Ҳамчун нафаси Исо дар мурда дамад рӯҳе,
Он кас, ки зи ишқи ӯ бемор шавад рӯзе. 
Аз сиккаи меҳри ӯ мӯҳр ар чу дирам гирӣ, 
Аз накди ту ҳар як ҷав динор шавад рӯзе. 
Дар дида дили худро бар ханҷари ӯ зан, Сайф, 
К - он мурғ, ки накшандаш мурдор шавад рӯзе. 
Бе моҳи рухаш бахтам шабҳост, ки мехусбад, 
Давлат бувад, ар ногаҳ бедор шавад рӯзе. 
Он ғам, ки ҳамеомад аз ҳар тарафе дах - даҳ, 
Гар кам накунад як - як, бисёр шавад рӯзе.
Бо меҳнати ишқи ту уммед ҳамедорам,
К - ин давлати сармастам хушёр шавад рӯзе.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ёр дил бирбуду аз манн рӯй пинҳон карду рафт, 
Он гули хандон маро чун абр гирён карду рафт. 
То ба занҷири касе сар дарнаёрад баъд аз ин, 
Ҳалқае аз зулфи худ дар гардани ҷон карду рафт. 
Юсуфи хандон, ки рӯяш мулки Мисри хусн дошт,
Хона бар Яъкуби гирён байтул эҳзон карду рафт. 
Манн бад-он сон кӣ будам, диданд мардум ҳоли ман,
Омад он сангиндилу ҳолам бад-ин сон карду рафт.
Аз фароғат бандаро сад ҳамчу Хусрав мулк буд,
Ӯ ба Ширинем чун Фарҳод ҳайрон карду рафт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Номи ту гар бар забон ронам, забонам хуш шавад, 
Чун забон аз ту сухан гӯяд, даҳонам хуш шавад. 
Гар лабам бар лаб ниҳӣ чун кӯзае ширин чу ҷон, 
Дар тани ҳамчун сабӯ оби равонам хуш шавад. 
Эй табиби ошиқ, аз дорушшифои васли худ, 
Шарбате бифрист, то бемори ҷонам хуш шавад. 
Айши ман равнақ пазирад, гар писандӣ шеъри ман,
Гар ба ширинӣ расад, он обу нонам хуш шавад. 
Дил чу бӯстонест бебарг аз зимистони фироқ, 
Дар наво оям чу мург, ар бӯстонам хуш шавад. 
Аз муҳибби васл агар бар ман вазад боди рабеъ, 
Ҳам дарахтам гул кунад, ҳам гулситонам хуш шавад. 
Бе гули рӯйи ту хуш-хуш бонг мекардам чу зоғ, 
Баъд аз ин чун нолаи булбул фиғонам хуш шавад. 
Чун ба номи ту расад дастам гаҳи таҳрири шеър, 
Килк ҳамчун найшакар андар банонам хуш шавад. 
Сайфи Фарғонӣ ҳамегӯяд ба лутф аз ҳазратат,
Гар биёбам як назар дар ду ҷаҳонам хуш шавад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Лаби гул дар табассум омад боз, 
Булбул андар тараннум омад боз. 
Даҳани безабони гул зи сабо 
Белаб андар табассум омад боз. 
Булбул аз баҳри саргузашти фироқ,
Бо гул андар такаллум омад боз.
Ин ҳама чист, ҳеч, медонӣ? 
Ҳуснро ишқ дар дум омад боз. 
Бар замин кишти осмонгунро, 
Инак аз лола анҷум омад боз. 
Аз шукуфа дарахти қайди заранг,
Бо зарпӯши қоқум омад боз. 
Бар гиребони гул чу гӯӣ гиреҳ, 
Ғунча чун тугма саргум омад боз. 
Буд чун мор мӯҳрае в-аз хор, 
Неш бар дум чу каждум омад боз. 
Сабза саҳро чу чашм равшан кард,
Равнақаш баҳри мардум омад боз.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1164 | Комментарии: 1 | Теги: ҒАЗАЛҲОИ САЙФИ ФАРҒОНӢ | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru