Пятница, 19.04.2024, 17:50
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 5
Гостей: 5
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ДУБАЙТИҲОИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ
Дубайтиҳо
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ
Бо он, ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст
Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ
* * *
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад
Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.
Ҳар он, ки эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,
Дил ба Бухорову бутони Тароз!
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад, напазирад намоз.
Бозгашт ба аввал
* * *
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар барӣ.
Сифла табъи мор дорад бехилоф,
Ҷаҳд кун, то рӯйи яифла нангарӣ!
Бозгашт ба аввал
* * *
Бо он, ки дилам аз ғами ҳаҷрат хун аст,
Шодӣ ба ғами туам зиғам афзун аст;
Андеша кунам ҳар шабу гӯям: "Ё раб,
Ҳиҷрон - ш чунин аст, висолаш чун аст?!"
Бозгашт ба аввал
* * *
Тақдир, ки ба куштанат озарм надошт,
В - аз қатли ту зарра дили нарм надошт,
Андар аҷабам зи ҷонситон, к - аз чу туе
Ҷон бистаду аз ҷамоли ту шарм надошт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дар раҳгузари бод чароғе, ки турост,
Тарсам, ки бимирад аз фароғе, ки турост,
Бӯйи ҷигари сӯхта олам бигрифт,
Гар нашнидӣ, зиҳӣ димоғе, ки турост!
Бозгашт ба аввал
* * *
Он харпадарат ба дашт хошок задӣ,
Момот дафу дурӯя чолок задӣ;
Он дар сари гӯрҳо таборак хондӣ,
В - ин бар дари хонаҳо табурок задӣ!
Бозгашт ба аввал
* * *
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирб, мардӣ;
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Бозгашт ба аввал
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1532 | Теги: ДУБАЙТИҲОИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ... | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru