Пятница, 26.04.2024, 23:57
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ АНВАРИИ АБЕВАРДӢ
Аз қасоид

Аз Самаркандагар бугзари, эй боди сахар,
Номаи ахли Хуросон ба бари Хокон бар.
Номае матлаи он ранчу тани офати чон,
Номае мактаи он дарди дилу хуни чигар.
Номае бар ракамаш охи азизон пайдо.
Номае дар шиканаш хуни шахидон музмар.
Накши тахрираш аз синаи мазлумон хушк.
Сатри унвонаш аз дидаи махрумон тар,
Реш гардад мамари савт аз у гохи самоъ,
Хун шавад мардумаки дида аз у гохи назар .
То кунун холи Хуросону раоё будаст,
Бар Худованди чахон, хокон, пушида магар?
Не, набудаст, ки пушида набошад бар вай,
Заррае неку баду нух фалаку хафт ахтар.
Эй каюмарсбако, подшахи кисроадл.
В-эй манучехрлико, хусрави афредунфар.
Киссаи ахли Хуросон бишунав аз сари лутф,
Чун шуниди, зи сари лутф бар эшон бингар.

Аз ғазалиёт

Хуснат андар чахон намегунчад,
Номат андар дахон намегунчад.
Рози ишкат нихон нахохад монд,
З-он ки дар аклу чоннамегунчад.
Бо гами ту чунон ягона шудам,
Ки дил андар миён намегунчад.
Охир аз рузгор чандон монд,
Ки дуруге дар он намегунчад.
Руй пинхон макун, ки рози дилам,
Беш аз ин дар дахон намегунчад.
Гуй: «Аз некуи рухи чун махам,
Дар хама осмон намегунчад».
Чи ачаб, шеъри Анвариро нест,
Маъни андар баён намегунчад.

Аз муқаттаот

Гуянд, ки чист хосили ту,
Эй бехосил, зи зиндагони?
Гуям: Хатакеву байтаке чанд
Аз неъматхои ин чахони.
Хатте на чунин чунон ки ояд,
Шеъре на чунон, чунин ки дони.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1067 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ АНВАРИИ АБЕВАРДӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru