ЭҶОДИЁТИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Суббота, 10.12.2016, 21:27
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1815
Статистика

Онлайн всего: 3
Гостей: 3
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР
Фариддудин Аттор адиби сермаҳсул буда, аз худ мероси сершумори тарбиявию ахлоқӣ боқӣ гузоштааст. Дар таърихи адабиёти мо Аттор маснависарои бузурги ирфонӣ ва бунёдгузори достонҳои тамсили эътироф гаштааст. Мақому мартабаи Атторро муҳаққиқи эронӣ Забеҳуллои Сафо чунин таъриф кардааст: «Ин марди чирадасти тавоно ва ин орифи восили доно ҳақоиқи фаровонро ба суръат дарк мекунад ва бо забоне, ки бо равониву кушодагӣ аз олами боло таъйидоте бемунтаҳо дошт ба назм дармеоварад. Шоири кардан дар ин маврид барои ӯ ба манзалаи сухан гуфтани марде буд, ки ба фасоҳату балоғат ху гирифта бошад ва ҳарчи гӯяд фасеҳу балиғ бошад». 
Аттор дар назм бештар дар навиштани маснави афзалият доштааст. Номгӯи осори Атторро ба 114 расонидаанд, ки баъзе тасҳеҳ мехоҳад. Инак чанде аз асарҳои Атторро зикр менамоем: "Ихвонуссафо”, "Ҷавоҳируззот”, "Мазохирулаҷоиб”, "Уштурнома” , "Абирнома”, "Асрорнома”, «Шоҳнома», "Мантиқуттайр”, "Хисравнома”, «Васиятнома», «Ҳайдарнома», "Илоҳинома”, "Мухторнома”, "Шаҳрулқалб”, "Тазкиратулавлиё”, "Мусибатнома”, "Панднома”’, "Гулу булбул”, "Девони қасоиду ғазалиёт” ва ғайра.

Аттор оиди мақому қиммати маснавиҳои худ чунин менигорад:

«Мусибатнома», к-андӯҳи ҷаҳон аст,
«Илоҳинома» асрори ниҳон аст.
Ба дорухона кардам ҳар ду оғоз,
Чи гуна зуд растам з-ину он боз,
Мақомоти туюри мо чунон аст,
Ки мурғи ишқро меъроҷ ҷон аст.


Аттор яке аз шоирони сермаҳсули форсу тоҷик буда, дар чараени афкори иҷтимоии мардуми форсизабон нақши амиқе гузоштааст. Ғояҳои пешқадами осори ӯ дар пешрафти минбаъдаи адабиети форс-тоҷик роли муҳиме бозида, ашъору абёти беҳтаринаш дар боби такмили ахлоқи ҳамидаи инсони хидмати босазо кардаанд.
Аттор дар сурудани ғазал низ маҳорати хоса зоҳир карда, ғазалиёти ӯ аз ҷиҳати фасохату балоғати калом бемисланд:

Дар ҳама шаҳр хабар шуд, ки ту маъшуқи манӣ,
Ин ҳама дурию парҳезу такаббур чи кунӣ?
Ҳадду андозаи ҳар кор падидор бувад,
Мабар аз ҳад, санамо, саркашу кибриву манӣ.
Аз паи он ки қазо ошиқи ту кард маро,
Ин ҳама тири ҷафо бар мани мискин чи занӣ 
Аз ғамии ту ғаниям в-аз ҳама олам дарвеш,
Нест чун ман ба ҷаҳон аз ғам дарвеши ғани
Ин дам аз олами ишқ аст, ба бози машумор,
Гар ба бози шумори қиммати худ мешикани.
Гар ту хоҳи, ки чу Аттор шави дар раҳи ишқ,
Сар фидо бояд кардан, ту вале он накуни.


Зи ишқат сухтам, эй ҷон, куҷои?
Бимондам бесару сомон, куҷои?
На ҷониву на ғайр аз ҷон, чи чизи?
На дар ҷон, на бурун аз ҷон, куҷои?
Зи пайдоии худ пинҳон бимондӣ,
Чунин пайдо, чунин пинҳон, куҷои?
Ҳазорон дард дорам, лек бе ту,
Надорад дарди ман дармон, куҷои?
Зи бас дар ишқи ту дар хун бигаштам,
На куфрам монду на имон, куҷои?
Зи шавқи офтоби талъати ту,
Шудам чун зарра саргардон, куҷои?
Чунон дилтанг шуд Аттор бе ту,
Ки шуд бар вай ҷаҳон зиндон, куҷои?
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 220 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ ФАРИДУДДИНИ АТТОР | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru