ЭҶОДИЁТИ ИСМАТИ БУХОРОӢ - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Четверг, 08.12.2016, 01:10
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1813
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ ИСМАТИ БУХОРОӢ
Эҷодиёти Исмати Бухороӣ

Дар девони шоир, ки бештар аз 10 ҳазор байт иборат аст, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва маснавиҳои хурди шоир гирдоварӣ шудаанд. Ашъори лирикӣ ва сурудҳояш вирди забон гардидаанд. Исмати Бухороӣ тартиботи носози замонашро зери танқид гирифта, чунин гуфтааст:

Дар ҳама олам яке осуда аз ғам ёфт нест
К-он чи дил меҷӯяд, андар ҳар ду олам ёфт нест.


Дар эҷодиёти Исмати Бухороӣ аз як тараф муваффақиятҳои адабиёт то асри XV-и форсу тоҷик акс ёфта бошад ҳам, аз тарафи дигар, сурудаҳои худи ӯ ба давраҳои минбаъдаи адабиётамон бетаъсир намондааст. Исмати Бухороӣ дар сурудани рубоӣ, қитъа, чистон, фард ва ба кор бурдани ҳама гуна санъатҳои бадеӣ маҳорати баланд нишон дода, дар доираи ин шаклҳои шеърӣ маъниҳои гуногунро ифода кардааст. Вай дар инкишофи минбаъдаи ин қабил ашъор ҳиссаи арзандае дорад. 
Исмати Бухороӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик аз ҷумлаи аввалин шоиронест, ки шеърҳои тоҷикию ӯзбекӣ сурудааст.

Мероси адабии Исмати Бухороӣ аз як девони шеърҳо иборат буда, қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа ва маснавии «Иброҳими Адҳам»- ро дар бар мегирад. Ӯ дар шеърҳояш аз тақсими нобаробарии неъматҳои моддӣ дар ҷамъияти феодалӣ шикоят карда, онро маҳкум намудааст:

Ғояти фикр аз меваи подшоҳӣ бартар аст,
Мулки шоҳи дигару завқи гадоӣ дигар аст.
Мо ба далки кӯҳна менозему доғи нестӣ,
Дигаронро сарфарозӣ гар паноҳу афсар аст.

Ашъори Исмати Бухороӣ аз мадҳу тавсиф, ҳиссиёти суфиёна ва таассуроти ошиқона саршор аст. Шоир бештар ба эҷод кардани шеъру ғазал шавқу рағбати беандоза дошт.

Зи давлат боз коре хоҳад омад,
Ба майдон шаҳсаворе хоҳад омад.
Шикоят кам кун аз дарду ғам, эй дил,
Ки хуррамрӯзгоре хоҳад омад.
Дар айёми хазон озурда маншин,
Ки рӯзе навбаҳоре хоҳад омад.
Зи дору дидаро тира магардон,
Ки аз кӯяш ғуборе хоҳад омад.
Ғарики баҳри ҳиҷронро хабар нест,
Ки киштӣ бар каноре хоҳад омад.
Зи дил дурӣ маҷӯй, эй ғам, ба якбор,
Ки як даврат ба коре хоҳад омад.
Чу Исмат бехабар маншин, ки султон,
Ба сӯйи хоксоре хоҳад омад.

Эй он ки барандохтаи расми вафоро,
Якбора фаромӯш макун ҷониби Моро.
Аз пой сарафтодаму аз сар хабарам нест,
Оё ту кунӣ ёди мани бесару поро.
Зоҳир шавад аз зулмати шаб партави хуршед,
Аз ораз агар барфикани зулфи дуторо.
Гар як гираҳ аз кокули мушкин бикушоӣ,
Дар даври ту кас бӯ накунад мушки хиторо.
Сармаст дарафтод дар абрӯйи ту чашмаш,
Овард зи масти ба сари хеш балоро.
Бар мехри ту то сабзаи хат сар набаровард,
Нашнохт дилам хосияти меҳри гиёро.
Гуфтам ба каф орам ба дуо домани васлат,
Гуё магар акнун асаре нест дуоро?
Исман макун андеша зи гуфтори рақибон,
К-овози сагон кам накунад ризқи гадоро.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 376 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ ИСМАТИ БУХОРОӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru