Вторник, 19.03.2024, 09:45
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Эҷодиёти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо вуҷуди сафарҳои пайдарпаи тӯлонӣ боз имконият ёфт, ки як силсила асарҳои илмию бадеӣ офарад, ки то имрӯз аҳамияти бузурги таърихиро моликанд. Ӯ ба ворисони худ асарҳои зиёде боқӣ гузоштааст, ки бештари онҳо аз боби фалсафа, ахлоқ, адабиёт таъриху ҷамъиятшиносӣ, фиқҳу илоҳиёт баҳс мекунанд. Назар ба қавли олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадони зиёдтар аз 90 номгуй мебошад. Ҳамчунин илова кардан зарур аст, ки аксари асарҳои ба забони арабӣ таълиф намудаи Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муҳақкиқонаш маълум нест.
Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ аз қабили «Макоримулахлоқ» , «Захиратулмулук», «Анворулазҳор», «Вуҷудия», «Кашфулҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи тасаввуф саҳми босазо гузоштаанд. Баробари ин асарҳои манзуми ӯ низ, ки дар шаклҳои ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайти, маснавӣ иншо шудаанд, то замони мо расидаанд.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ дар китобхонаҳои машҳури Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Тошканд ва як қатор шаҳрҳои мутамаддини ғарб маҳфузанд. Дар ганҷинаи Пажухишгоҳи ховаршиносии шаҳри Душанбе 52 адад асарҳои ӯ гирд оварда, нигоҳ дошта 
мешаванд.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ, аслан афкори тасаввуфӣ, фалсафавӣ ва панду ахлоқиро дар бар мегирад, вале дар ривоҷи мавзуъҳои тасаввуфӣ ва ахлоқӣ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд. Хоса каломи мавзунаш хеле соддаю равон, дилчаспу оммафаҳманд. Мулохиза фармоед ба ин чанд мисраи ғазали бузургвор:
Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар ӯро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарду губор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад рохаташ бисёр бод.

Дар мисраъҳои зикрёфта чӣ хоксории оли, чӣ фурутанию самимият, муҳаббати безаволи ӯ ба насли башарият бо фасохату дилбастагии том ифода ёфтааст. Ин ғазал тахминан 600 сол мукаддам иншо шудааст, аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имруза хоса точикон номафҳум нест. Пас ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханофарини азалӣ ва пайваста бояд бигӯем: Рӯҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бошад, Сайид Алии Ҳамадони!
Шояд ҳамин неруи ақидаю афкори бикр ва соддагию оммафаҳмии забони асарҳояш бошад, ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ӯ, дӯстдорони каломи раббонӣ асрҳо инчониб вайро ҳамчун пири хирадманд хондаанд:

Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагуям, ки надонӣ,
Биллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ

Сад афсӯс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ, осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанӯз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест. Дуруст аст, ки ҳангоми равшан сохтани паҳлӯҳои ҷудогонаи суфизм ва намояндагони барҷастаи он номи Сайид Алии Ҳамадониро ёдовар мешаванд, аммо маҳсули эҷодии ӯ аз назари муҳаққиқон дур мондааст. Мо аминем, ки дар равиши таҷлили зодрӯзи ин олими маъруфи Шарқ саҳифаҳои тозаи осораш бо кӯмаки мусташриқон манзури ихлосмандонаш хоҳад гашт. Барои муайян кардани мавқеи Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷику форс аз ҳама пеш ба эҷодиёти ӯ ва шогирдони ҳамасраш мурофият бояд кард. Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оиди шахсият ва шарҳи ҳоли ӯ «Хулосатулманоқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод ба шумор меравад. Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рӯ овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро муттакои ақидаи хеш қарор додаанд. Алҳол дар Ҳиндустону Покистон ва Эрон доир ба аҳвол ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд, ки мутаассифона, дастраси мо нашуданд. Ба гуфти олимон Ахмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид, Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон ассосиатсияи байналхалқии «Шоҳи Ҳамадонӣ» амал мекунад, ки ба омӯзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан равона карда шудааст. Мутаасифона, дар Тоҷикистон, хоса дар Кӯлоби мо, касе аз адабиётшиносон ба омӯзиши осори ӯ ба таври дилхоҳ машғул нагардидаанд. Танҳо М.Султонов тахминан 16 сол муқаддам китобчае бо номи «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» нашр намуд. Бояд иқрор намуд, ки аввалин шиносоии оммаи васеи хонандагон бо шарҳи ҳол ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ тавассути ҳамин китобча амалӣ шуд. Дар «Оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон» (1991) ном раҳнамои М. Азизов ва Р. Асоев баъзе маълумотҳои нисбатан тоза, ки дар солҳои охир гирд оварда шудаанд, ба хонандагон дастрас гардид.
Дуруст аст, ки дар шароити мавҷуда таҳқиқи эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ, хусусан барои муҳақиқони кӯлобӣ мушкил аст, чунки аз ин олим дар вилояти Кӯлоб танҳо як асараш «Захиратулмулук», дар фонди эҳтиётии осорхонаи таъриху кишваромӯзии вилояти Кӯлоб маҳфуз аст ва истифодаи васеи хонандагон аз он ғайриимкон аст.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 789 | Теги: ЭҶОДИЁТИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru