Пятница, 29.03.2024, 18:07
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ НОСИРИ ХУСРАВ
Эҷодиёт

Китоби Сафарнома мушохидахои нависандаро аз сафари хафтсола бо насри равону содда инъикос кардааст. Ин асар ахамияти бадеию таърихи дорад, ходисахои он вокеи мебошанд. Нависанда хар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки хосил кардааст, хамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шахри Байтулмукаддас (Иерусалим) менависад: 
«Шахрест бар сари кухе нихода ва об нест, магар аз борон ва дар рустохо об аст, аммо ба шахр нест. Ин шахр бар сари санг ниходааст ва шахри бузург аст, он вакт ки дидам, бист хазор мардум дар вай буданд. Ва бозорхои неку ва бинохои оли дорад ва хама замини шахр бар тахтасангхое фарш андохта ва хар кучо кух будааст ва баланди буридаанд ва хамвор карда чунон ки борон борад , хама замин покиза шуста шавад». Дар Сафарнома Носири Хисрав манзарахои табиати кишвархои гуногун, анъанахои мардум, ободии шахрхоро ба таври муфассал накл кардааст.

Девони ашъори Носири Хисрав аз касидахои мазхаби, фалсафави ва ичтимои, газалхо, рубоихо ва китъахо иборат буда, 11000 байтро ташкил медихад.

Рушноинома маснавиест иборат аз 592 байт ва он дар муддати як хафта эчод шудааст . Дар ин асар масъалахои ахлокию фалсафи инъикос гардидаанд.

Саодатнома аз 300 байт иборат буда, кисман такрор ва кисман давоми «Рушноинома» мебошад . Дар он акидахои панду ахлоки, дар бораи муносибати байни одамон, дар бораи мехнат ва ахли мехнат, авлиё ва хукамо, акл ва имон, дар бораи танхои, тарки дунё ва каноат, мазаммати синфи хоким ва муфтхурон акидахои арзишманд изхор шудаанд .

Дар эҷодиёти Носири Хисрав панду насихатхо бисёр вомехуранд:

Дар мавриди баёни ахамияти панду андарз:
Насихат бишнав ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширини расад кор.
Дар бораи айби худро дидан ва дигаронро айб накардан:
Макун айби касон , гар метавони ,
Ки ту , эй дус , айби худ надони .
Оиди некиро фаромуш накардан:
Касе , к-у бо ту неки кард як бор ,
Хамеша он накуи ёд медор .

Оиди донишомузи:

Сар андар чустани дониш ниходам ,
Накардам рузгори хеш бебар
Намонд аз хеч гун дониш, ки ман з-он
Накардам истифодат бешу камтар.
Андар сифоти касбу хунар:
Бех аз саннои олам дехкон аст,
Ки Вахшу тайрро рохатрасон аст.
Чахонро хуррами аз дехкон аст,
Ки Вахшу тайрро рохатрасон аст.

Ҳакими бузург

Носири Хусрави шоҳи банда навоз,
Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту ояд ба ниёз.
Навмед зи даргоҳи ту кай гардад боз.

(эчодиёти даҳонии халқ)

Ба пири хизмати модар падар кун
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун
Мазан таъна бар эшон аз дили сер
Ки то ёби замон гарди ту ҳам пир.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 5015 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ НОСИРИ ХУСРАВ | Рейтинг: 4.0/3
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru