Пятница, 26.04.2024, 04:39
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 7
Гостей: 7
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ РАШИДИИ САМАРҚАНДӢ
Муҳаммад Авфӣ дар «Чаҳор мақола» ӯро аз шоирони машҳури замон донистаанд, Оид ба шарҳи ҳол ва тафсилоти зиндагиаш маълумоти кофӣ нест, Рашидии Самарқандӣ бо чанде аз шоирони давр мушоира ва мукотиба (бо Масъуди Саъди Салмон) доштааст.
Осори Рашидии Самарқандӣ муқаттаот, порчаҳои пароканда аз маснавиҳо ва қасидаҳо мебошанд, ки тавассути тазкираҳо асарҳои адабиётшиносиву таърихӣ дастрас гардидаанд, Дар онҳо ахлоқи нек ва илму дониш васф шудааст, Ашъори Рашидии Самарқандӣ пуробуранг ва соддаву фасеҳ аст ( дар «Алмӯъҷам» -и Шамси Қайси Розӣ 26 байти ӯ ҳамчун намунаи санъати мувашшаҳ оварда шудааст), Манзумаҳои «Зинатнома», «Меҳру Вафо» ва чанд асарҳои мансур ҳам ба Рашидии Самарқандӣ, нисбат дода мешаванд, ки дастрас нагардидаанд. Мероси Рашидӣ то ба замони мо хеле кам омада расидааст. Қитъаи машҳури ӯ дар ҳаққи Рӯдакӣ гувоҳ аст, ки пайрав ва мухлиси боэътимоди устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ будааст. Вай шеърҳо Рӯдакиро хонда, аз бисёрии миқдори он ҳайрат намуда ва барои муайян намудани ададаш кӯшиш намудааст. Рашидӣ устод Рӯдакиро сарвари шуаро донистааст ва миқдори ашъори ӯро як миллиону сесад ҳазор мисраъ донистааст:

Гар саре ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,
Рудакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Мутаассифона, осори Рашидии Самарқандӣ ҳамроҳи девони ашъораш нобуд шудааст....
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 619 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ РАШИДИИ САМАРҚАНДӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru