Суббота, 27.04.2024, 04:13
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ СӮЗАНИИ САМАРҚАНДӢ
Аз Сузании Самарканди девони ашъор бокист, ки нухсаи комили он дар китобхонаи Калкатта (Хиндустон) махфуз буда, кариб 12 хазор байтро дар бар мегирад. Якчанд нусхаи нисбатан хурдтари девони шоир дар китобхонахои Россия ва Эрон махфузанд. Девони комили Сузании Самарканди дар Эрон солхои 1960 ва 1966 ба табъ расидаанд. Ашъори девони Сузании Самарканди дар навъхои маъмули назми давраи у: касида, китъа, газал, рубои, мусаммат ва гайрахо навишта шудаанд, вале онхо бо мундарича ва мазмуни худ аз ашъори шоирони дигар фарк мекунанд. Дар эчодиёти Сузании Самарканди дар хавчу мутоибот тамоюли хачвию мутоибавии адабиёти шахр дар се навъ: шеърхои хачви, шахси, газали, мутоибави ва накиза инкишоф ёфтааст. Сузании Самарканди дар хачву мутоиботи зохиран «кабех»-и худ маданияти хандаву истехзои халк, хушхолию зиндадилии мардумро ифода намудааст. Бештари хачвиёти Сузании Самарканди бо санъаткори ва махорати баланди адаби навишта шуда, устоди хачв будани уро собит кардаанд. Кисми муайяни ашъори Сузании Самарканди оид ба хунарманди ва васфу ситоиши касбомузи мебошад. Дар ашъори худ хукуматдоронро пайваста ба адлу инсоф ва тараххум нисбат ба омма ташвик намуда, ба мукобили баъзе золимони халк киём кардани у аз мафкураи гуманисти ва зиддиистибдодии табакаи хунармандон сар задаст.

Аз қасоид

Симбар ёрам шуд аз ман симбар,
Сим ёрам неву ёрам симбар.
Ошиқи сим ар бихонад вай маро,
Ман варо маъшуқ донам симбар,
З-он нигори симбар бо ман намонд,
Ҷуз нигоре, к-он ба рӯйи симбар.
Кард симин рӯйи ман в-он гоҳ гуфт,
Миннат аз ман дон, ки зар аз сим бар.
Лӯъбате, симин санавбарқомате,
Бар сари симин санавбар сим бар.
Сими пинҳоне, ки моҳу мушку гул,
Наргису шамшоду марҷону дурар.
Наргиси ӯ бар камон пайваст тир,
Тири ӯро заҳр, к-аш пайкону пар.
То шавад з-он шаккарин марҷони ӯ,
Заҳри тири наргиси ӯ безарар.
Нордон марҷони дурогини ӯ,
Гар бихандад, ёсуман гуяд шакар.
Мушку шамшодаш кашида гирди гул,
Доира чун тавқи қумрӣ бар камар …

Аз ғазалиёт

Эй ҷуфти дили ман, аз ту фардам,
Эй роҳати ҷон, зи ту бадардам,
То бод илу ҷони ман ту ҷуфтӣ,
Ман аз дилу ҷони хеш фардам.
Ранҷе, ки ман аз пайи ту дидам,
Дарде, ки ман ғами ту хӯрдам,
Баргую биёзмой якбор,
То бишносӣ, ки ман чӣ мардам.
Ман шоҳи вафову мардумиро,
Кай чун ту гусистабеҳ кардам,
Дорам дилу ҷон, ниҳам ба ишқат,
Дар шашдар уфтода нардам.
Эй симинсарв, дар фирокат,
Чун зарринбол зору зардам,
Бо лашкари ҳаҷри ту ҳама сол.
З-умеди висол дар набардам.
Бар раҳгузари балост,
Аз раҳгузари бало нагардам.
Бо оташу оби дидаву дил,
Гардад зи ту ҷӯй боду гардам.
З-он об чу хок хормандам,
З-он оташ ҳамчу бод сардам.
Ишқи ту ба ҷон шигард дорам,
То умр ба сар шавад шигардам.

Аз рубоиёт

То ишқи гули рухи ту дар дил дорам,
Чун гул зи ғами ту пой дар гил дорам.
То зери хами зулфи ту манзил дорам,
Чун зулфи ту кори хеш мушкил дорам.


Як шаҳр ҳама ҳадиси он рӯйи накӯст,
Дилҳои ҳама ҷаҳониён бастаи уст.
Мо мекушему дигарон иекушанд,
То даст киро диҳад, киро хоҳад дуст?


Дӯш аз ту диле ба дарду ғам доштаам,
В-аз ҳаҷри ситамгарат, ситам доштаам.
Дарди ту аз он чи доштам авали аҳд,
Кам будам, агар заррае кам доштаам.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1023 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ СӮЗАНИИ САМАРҚАНДӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru