Четверг, 25.04.2024, 11:58
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 2
Гостей: 2
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

ЭҶОДИЁТИ САЙФИ ФАРҒОНӢ
Аз қасоид

Манам ёро, бад-ин сон уфтода,
Диламро суз дар чон уфтода.
Гами чандин парешонхол имруз
Дар ин табъи парешон уфтода.
Бубин дар нони халк ин каждумонро,
Чу андар гушт кирмон уфтода.
Авонон андар у гӯӣ сагонанд,
Ба соли қаҳт дар нон уфтода
Хама дар орзуи молу ҷоҳанд,
Ба чоҳ андар чу курон уфтода.
Шикам пур карда аз хамру дар ин хок
Хама дар гил чу мастон уфтода.
Ту эй бечора, он гах нон хури сер,
Гар аз ҷӯӣ бад – ин сон уфтода.
Ки бини дар дахони милк берун
Сагонро хамчу дандон уфтода.
Ба чои анбару мушкаш куну ҳаст
Газанда дар гиребон уфтода.
Тавонгар, к – аз паи дарвеш доим
Зараш буди зи домон уфтода.
Басе мардум зи сармо бар заминанд,
Чу барф андар зимистон уфтода.
Дарего, мукнати чандин тавонгар
Ба дасти ин гадоён уфтода.
Аз ангушти Сулаймон рафта хотам,
Вале дар дасти девон уфтода.
Занонро гуй дар майдони чавгон
Зи дасти марди майдон уфтода.
Чу мургон омада дар доми сайёд,
Чу дона пеши мургон уфтода.
Ба ахди ин сагон аз бешубонист
Рама дар дасти сирҳон уфтода.
Раият гуспанданд, ин сагон гург,
Хама дар гуспандон уфтода.
Зи дасту пои ин гарданзанон аст
Саросар мулк вайрон уфтода!
Аё мазлуми саргашта, ки хасти
Чунин махруму хайрон уфтода.
Зи чаври золимон дар шахри хеши
Ба хорӣ чун гарибон уфтода.
Агар сабрат бувад рузе ду бинӣ:
Авонон кушта, мирон уфтода.
Амироне, ки бар ту зулм карданд,
Ба хорӣ чун асирон уфтода.
Хар он к – у андар ин хона муким аст,
Чу девораш ҳамедон уфтода.
Чахончуе агар ногах бихезад,
Басе бини бузургон уфтода.
Чи медонанд кори давлат ин кавм,
Ки дар динанд нодон уфтода.
Кулохи иззат андар пои хори,
Зи сархои азизон уфтода.
Ба охи чун ту мазлум афсари мулк,
Зи фарқи точдорон уфтода.
Гараш гардун сарири мулк бошад,
Бар у сад мохи тобон уфтода.
Зи болои амал дар пастии азл
Чунин касро хамедон уфтода.
Ту низ, эй Сайфи Фарғонй, чарой
Хазин дар байтулэхзон уфтода?
Хам охир дигаре бар чои инон,
Нишаста дону онон уфтода.
Дар ин бог ин сапедорони бебар
Ба боде чун дарахтон уфтода.
Худо дармон фиристад мардумеро,
К-аз ин дарданд нолон уфтода.


Аё ба хукм ситам карда бо заифу кавй,
Ту очизиву Худои чахон кавию кадир...
Чу навбатат бизананд, эй амир, агар рузе
Раият аз ситамат чун духул кунанд нафир.
Сари ту чун буни хован ба куфтан шояд,
Вагар бувад ба масал чумла магз чун сари сир.
Авон саг аст чу дар нияташ ситам бошад,
Ки оташ аст ва гар шуълае надод асир.
Ба мавъизат натавонам туро ба роҳ овард,
Сафолро натавонад, ки зар кунад иксир.
Ба майли ман нашавад дидаи дилат равшан,
Ки нур боз наёбад ба сурма чашми зарир.
Агар бисузй, эй хом, пухта хохй шуд,
Ки нон ба мартаба rax гандум асту гох хамир.
В-агар ба назди ту хор аст, орифон донанд,
Ки ман гуле ба ту додам зи бустони замир.
Худ арчи пир шавад давлаташ чавон бошад,
Агар кабули насихат кунад чавон аз пир.
Ба молу умр агарчй тавонгар асту чавон,
Ба панд додани пирон ғанист чун ту факир.
Чу ту амир ба ашъори Сайфи Фаргонй
Чу подшох бувад муфтакир ба панди вазир.

Дар ин давр эхсон нахохем ёфт,
Шакар дар намакдон нахохем ёфт!
Чахон cap ба cap зулму удвон гирифт,
Дар у адлу эхсон нахохем ёфт.
Саги одамирӯ вилоят пур аст,
Касе одамисон нахохем ёфт.
Ба давре, ки мардум сагй мекунанд,
Дар у гургу чупон нахохем ёфт.
Таваққӯъ дар ин давр дарди дил аст,
Дар у рохати чон нахохем ёфт!...
Шаётин гирифтанд руи замин,
Кунун дар вай инсон нахохем ёфт.
Бузургони давлат кироманд, лек
Карам з-ин «каримон» нахохем ёфт!
Саховат нишони бузургй бувад,
Вале з-ин «бузургон» нахохем ёфт!
Вагар з-он ки матлуби мо рохат аст,
Дар айёми эшон нахохем ёфт.

Аз ғазалиёт

Омадй Чамшеду Махди, то шуди саркуфта
Мори заҳҳокони зулм аз гурзи Афредуни адл.
Гар хоҳӣ, то назм гирад кори мулку дин зи ту,
Чаҳд кун, то чумла афъолат шавад мазмуни адл.
То мизочи мамлакат сиҳҳат пазирад баъд аз ин,
Хилти зулм аз табъ берун кун ба афтемуни адл.
Зулмати зулмат ки аз пушти замин бархостй,
Руй бинмудй ба мардум чехраи гулгуни адл.
Хирси зар гар кам буди дар ту аруси мулкро,
Гуш икди дур шудй аз лулуи макнуни адл.
Сайфи Фаргонй, чу пайдо гашт буми шуми зулм,
Рост чун анқо ниҳон шуд тоири маймуни адл.


Булбул аз бахри саргузашти фирок
Бо гул андар такаллум омад боз.
Ин хама чист, хеч медони?
Хуснро ишк дар дум омад боз.
Бар замин кишти осмонгунро
Инак аз лола анчум омад боз.
Аз шукуфа дарахти кайди заранг
Бо забарпуши қоқум омад боз.
Бар гиребони гул чу гуй гирех.
Ғунча чун тугма саргум омад боз.
Буд чун мор мухрае в-аз хор
Неш бар дум чу каждум омад боз.
Сабза сахро чу чашм равшан кард,
Равнақаш бахри мардум омад боз.


Хам дилбари ман бо ман дилдор шавад рузе,
Хам гулшани бахти ман бехор шавад рузе.
Андар раҳи у набвад чон кандани ман зоеъ,
Он кас, ки зи ишки у бемор шавад рузе.
Худро ба умеди он дилшод ҳамедорам,
К-он кас ки гамаш хурдам, гамхор шавад рузе,
Бошад, ки шабе моро шукре бувад аз васлаш
В-ар не, гила аз хачраш ночор шавад рузе.
Бинмуд маро ишкаш осону надонистам,
К-ин кор бад-ин ҒОЯТ душвор шавад рузе.
Хамчун нафаси Исо дар мурда дамад рухе,
Он кас, ки зи ишки у бемор шавад рузе.
Аз сиккаи мехри у мухр ар чу дирам гирӣ
Аз накди ту хар як чав динор шавад рузе.
Дар дидаи дил худро бар ханчари у зан, Сайф
К-он мург, ки накшандаш, мурдор шавад рузе.
Бе мохи рухаш бахтам шабхост, ки мехусбад,
Давлат бувад, ар ногах бедор шавад рузе.
Он ғам, ки хамеомад аз хар тарафе дах-дах,
Гар кам накунад як-як, бисьёр шавад рузе.
Бо мехнати ишки ту уммед хамедорам,
К-«ин давлати сармастам хушьёр шавад рузе».


Маро боз иттифок, афтод ишки сарвболое,
Ки хуснаш мачлисафруз асту руяш оламорое.
Маро султони хуснаш гуфт: «-Агар аз бахри мо дорй
Диле пурхун зи андухе, cape машхун зи савдое,
Ба хар боде макун пурчин чу руйи об пешонй,
К-аз ин сон мавчи андухро диле бояд чу дарёе».
Аё бе ишки ту чун май равонам фитнаангезе,
Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое,
Ба ширинй сухан моро забонат кард сайд, оре,
Ту сайёди магасгирию доми туст халвое.
Самои номат, эй дилбар, маро кардаст саргардон,
Биё, дасте бизан, то ман зи худ берун нихам пое.
Агар мулки ду оламро ба ман бахшй, яқин медон,
Ки напсандам икоматро бурун аз куйи ту чое.
Ба бахти хешу ройи ту тавон андар ту пайвастан,
Кучо бошад чунон бахту каят афтад чунин рое?
Чу васлат орзу дорам, нахохам зистан бе ту,
«Раво дорй, ки ман мискин бимирам дар таманное».
Намедонам, бад-ин толеъ ба рузи васл чун орад
Шаби ҳичрони Лайлиро чу Мачнун ношикебое.
Ба чуз ошик набинад кас чамоли руи чононро,
Намудан кори хуршед асту дидан кори биное.
Азизи Миср нашносад, ки уро кист дар хона,
Камоли хусни Юсуфро надонад чуз Зулайхое.
Чу Саъдй Сайфи Фаргонй чаҳонро узр мегуяд:
«На ман танхо гирифторам ба доми зулфи зебое»,


Эй куйи ту зи руят бозори гулфурушон,
Мо булбулони мастем аз баҳри гул хурушон.
Бозори хусн дорй, дукон дар у малоҳат,
В-он ду акики ширин дар вай шакарфурушон.
Хуни чигар, назар кун, савдопазони худро
Бо гуштпораи дил дар деги сина чушон.
Хохад, ки гирди куят девонасар нагардам,
Чун ру ба ман намуди, дигар зи ман мапушон.
Хар шаб зи бори ишкат дар гушахои хилват,
Гардун фигон барорад аз нолаи хамушон.
Бо мехнате, ки доранд аз ошноии ту,
Бегонагон шунуданд овози гуфтугушон,

Ман тухфа аз дил мекунам, наздики чонон мебарам,
В-ар низ гуяд: «чон бидех», ман банда фармон мебарам
Чун ман гадои хеч кас чуз чон надорам дастрас,
Маъзурам ар пои малах назди Сулаймон мебарам.
Ман кори ишқи дустро осон хаме пиндоштам,
Боре гарон бардоштам, афтону хезон мебарам.
Гар теғ бар руям занад, ру барнагардонам аз у,
Бо дуст ахде кардаам, лобуд ба поён мебарам.
Хар шаб ба овози сагон оям ба куйи дилситон,
Оре, ба бонги булбулон pax суйи бустон мебарам.
Он дуст пойи хештан дар домани ман мекунад,
Хар гах, ки бахри фикри у cap дар гиребон мебарам.
То зад гамаш чавгони худ бар аспи майдонии ман,
Ман гӯйи давлат хар замон аз подшохон мебарам.
В-аз хасрати он дустон чун Сайфи Фаргонй сухан,
Гавхар ба суйи маъдану лулу ба Уммон мебарам.
Чун Саъдй аз руйи вафо мегуям, эй кони сафо,
«Ман дуст медорам чафо, к-аз дасти чонон мебарам».


Бикшой лаби ширин, бозори шакар бишкан,
Бинмой рухи рангин, номуси қамар бишкан.
Чун чашми тарам дидй, лаб бар лаби хушкам нех,
Он шарбати хичронро талхй ба шакар бишкан,
Дунё зи дахони ту мухр аз хамушй дорад,
Он турфа газал бархон в-он мухр ба зар бишкан.
Гар кони Бадахшонро санг аст ба ру ранге,
Ту хуккаи дур бикшо, сангаш ба гухар бишкан.
В-ар найшакари мисрй аз канд занад лофе,
Ту хушк наботашро з-он шаккари тар бишкан.
Дил ганҷи зар аст уро, дар баста хамедорам,
Даст они ту, зар бистон, хукм они ту, дар бишкан.
Дар каффаи мизонат Каъба чй бувад? Санге,
Эй киблаи чон, з-он дил номуси ҳаҷар бишкан...
Рав бар сари куйи у биншину ба дасти худ
Пое, ки хамебурдаст хар су ба сафар, бишкан.
Чун Сайф ба куйи у бояд ки дуруст ой,
Худ ишк, туро гуяд, к-аз худ чй кадар бишкан.


Месазад, гар чон дихам, чун дилситоне ёфтам,
Бигзарам аз хорхо, чун гулситоне ёфтам.
Ханда хамчун гул занам, чун навбахорон даст дод,
Нола чун булбул кунам, чун бустоне ёфтам.
Безабонам баъд аз ин, чун дустро бишнохтам,
Бенишонам баъд аз ин, к-аз вай нишоне ёфтам.
Кухи мехнат канд чонам солхо фарходвор,
Лочарам, ширинтар аз чон дилситоне ёфтам.
Аз факироне дар ин pax боркаш хамчун шутур,
Тарки бору хар гирифта корвоне ёфтам.
Эй дил, эй дил, гам махур, чун ман зи тарки ҷони худ
Бахри pax зоду барои хона ноне ёфтам.
Аз алафзори чаҳон чун гуспандам дур шуд,
Гургро андар рама хамчун шубоне ёфтам...
Андар ин дунёи дун дарвеши сохибзавкро
Рост хамчун гавхаре дар хокдоне ёфтам.
Офтоби ишк, чони Сайфи Фаргонй бидид, .

Гуфт: «хангоми тулуъ аст, осмоне ёфтам».
Эй киблаи ҷон , ҳар шаб бар хоки дарат ошиқ
Чун каъбаравон дода бар руи ҳаҷар буса.
Чун ҷавфи садаф уро пурдур даҳане бояд,
В-он гоҳ талаб кардан з-он дурҷи гухар буса.
Хохй, ки шакар борад аз чашми чу бодомат,
Рав ойина бин аз худ бистон ба назар буса.
Чун хоки сари куят оханги хаво карда
Бар зарра ба мехри дил дода маху х(в)ар буса.
Хар чо ки ту бархезй, аз пои ту бистонад
Занчири сари зулфат чун халка зи дар буса.
Лутфат, ки чу андеша ҳад нест канорашро,
Аз руи ту инъоме дидем, магар буса.
Сайф ар зи ту мехохад буса, ту бар у механд,
К-аз лаъли ту хам бошад гар хандаю гар буса
Гар пои ракибонат бусанд муҳиббонат,
Тарсо зи пайи Иco зад бар суми хар буса.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1193 | Комментарии: 1 | Теги: ЭҶОДИЁТИ САЙФИ ФАРҒОНӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru