Пятница, 26.04.2024, 05:52
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 9
Гостей: 9
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Фариддудин Аттор (1145 - 1221)
Фариддудин Аттор (1145 - 1221)

Аттор Фариддудин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурӣ шоири ориф ва суханвари мумтози форcу тоҷик, соли 1145 дар деҳаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброҳим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба атторӣ ва табибӣ машғул шудааст. Аз ин сабаб ӯ дар миёни мардум бо номи "Аттор” машҳур гашта, дар аксар қасидаву ғазалиёташ ҳамчун тахаллус истифода бурдааст. Инчунин ӯ баъзан бо тахаллуси ”Фарид” ҳам шеър эҷод мекардааст.
Аттор бо касби меросӣ рӯз гузаронида, хидмату мулозамати султонеро напазируфтааст. Ӯ аз хурди ба донишомӯзи машғул шуда, дар илмҳои адабиёту ҳикмату калом, илми дин ва тиббу дорушиноси саводу ҳунари комил пайдо мекунад. Соли 1221 дар Нишопур вафот кардааст.


Маро аз шоири худ ор н-ояд
Ки дар сад қарн як Аттор н-ояд.
Маҳмуди Шабистарӣ

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.
Мавлавӣ

Ман он Мавлои Румиям, ки аз нутқам шакар резад,
Валекин дар сухан гуфтан ғуломи шайх Атторам.
Мавлавӣ
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 770 | Комментарии: 2 | Теги: Фариддудин Аттор (1145 - 1221) | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru