КАМОЛИДДИН БИНОӢ - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 05:29
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1807
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

КАМОЛИДДИН БИНОӢ
Камолиддин Биноӣ

Тарҷумаи ҳол

Соли 1453 дар оилаи усто Мухаммадхони Сабз тифле ба дунё меояд, ки аз он хурсандии волидайн хадду канор надошт. 
Падар ба у Шерали ном мегузорад. Мухаммадхон марди хунарманд, бинокору меъмор буд ва зиндагониашон факирона мегузашт. 
Шерали дар мактаб нагз мехонд, бо сухани устодонаш диккат медод. Натичаи хамин саъю кушиш буд, ки у бисёр илмхои замонаашро ба хуби аз худ кард. У бештар ба забону адабиёт, таърих ва мусики майлу рагбат дошт. Хануз дар айёми мактабхониаш шеърхои хуб менавишт. Пайваста осори адибони гузашта ва муосири худро мутолиа карда, аз бар менамуд. 
Баъд ба худ тахаллуси Бинои ва Хилолиро интихоб мекунад. Вале у бештар ба тахаллуси Бинои машхур аст. Бинои дар шахри Хирот зиндаги мекард ва дар он рузгор Хирот яке аз марказхои асосии илму адаб ба хисоб мерафт. Бинои яке аз шогирдони бехтарини Абдурахмони Чоми буда, баъдтар дар дарбори Хусайн Бойкаро даъват мешавад. Макоми шухрати Бинои дар байни хосу ом, ахли илму адаб зиёд мегардад.

Ёдам омад, ки бахри касби адаб, 
Мешудам тифл чониби мактаб. 
Табъи мавзун маро гаризи буд, 
Фахми ман дар камоли тези буд. 
Сар зи ман завки шеър сар мезад, 
Шеърам аз руи завк сар мезад. 
Хар чи ру менамуд, мегуфтам, 
Неку, бад- харчи буд, мегуфтам.

Бинои соли 1487 аз шахри Хирот баромада ба Табриз меравад. Шоир баъд аз чор сол, яъне соли 1491 боз ба Хирот меояд. Вале дар ин вакт Осиёи Миёна ва Хуросон майдони харбу зарбхои хунин карор гирифта буд. Хучуми Муҳаммад Шайбони ва Шох Исмоили Сафави мамлакатро нотинч ва халкро кашшок гардонид. Бинобар хамин, аввал ба Самарканд меравад ва дар он чо чанд муддат зиндаги мекунад. Тирамохи соли 1512 лашкари Шох Исмоили Сафави бо сардории Начми Сони барои забти Мовароуннахр лашкар кашид. Аз хама вахшонияте, ки ин сардори мутаассиб дар ин кишвар кард, катли оми мардуми Карши буд. Дар ин куштор, ки соли 1512 ба амал омад, Камолиддини Бинои дар катори садхо хазор мардуми бегунох дар айёми чушу хуруши эчоди аз байн рафт.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1203 | Комментарии: 1 | Теги: КАМОЛИДДИН БИНОӢ | Рейтинг: 2.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru