Пятница, 29.03.2024, 01:39
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Лоик Шерали


Лоиқ Шералӣ (форсӣ: لایق شیرعلی) - шоири барҷастаи Тоҷик. 

Зиндагинома

Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст.

Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба омӯзишгоҳӣ педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда онро хатм мекунад.Баъд ба факултаи таъриху филологияи иниститути педагоги давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев) дохил мешавад ва онро соли 1963 хатм мекунад.

Пас аз ин, нахуст муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи "Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии "Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.

30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ьа хок супурда шуд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:

Дар рӯи замин намонд маъман,

Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.

Ҷойгоҳ дар адабиёт

Устод соли 1978 барои маҷмӯаи "Хоки ватан” ва "Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии "Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии "Нилуфар” эҳдо гардид.

Бузургии Лоиқ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми оддӣ, таъсирбахш ва хеле зиёд ширину равонанд. Меҳри Лоиқ ва муҳаббат ба шеъри баландпояи ӯ кай ҳост, ки марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсигӯйро убур намуда, берунтару фарохтар доман афкандааст.

Пок дорем номи некаш дар ҳаёт,

Рӯҳи покаш кош норо ҳат мабод.

Пок омад, пок рафту пок зист,

Сабзаи сабзи мазораш рамзи чист?...

Намунае аз ашъор

Сухане ҳеҷ на аз фарри каёнӣ гуфтем,

Ту бадахшонӣ, хуҷандӣ, хуталонӣ гуфтем,

Ту самарқандӣ, зарафшонӣ, вахонӣ гуфтем,

Ту бухорӣ, ту ҳисорӣ, ту фулонӣ гуфтем.

Чунки бегонапарастем, амон аз ману ту!

Сусту бемояву пастем, амон аз ману ту!

Дод, сад дод аз ин хидмати фарзандии мо.

Оҳ, сад оҳ аз ин хешиву пайвандии мо.

Ёфт чун рахна ба девори маҳалбандии мо,

Бехирад тохт ба авранги "хирадмандии” мо!

Баски авранг надорем, амон аз ману ту,

Фаҳми аржанг надорем, амон аз ману ту!

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (30.10.2012)
Просмотров: 6890 | Комментарии: 1 | Теги: ЛОИК ШЕРАЛИ | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 1
1 сухроб  
0
1111

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru