Четверг, 28.03.2024, 14:24
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат,
Ҳарки масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо бояд илова намуд, ки мутобиқан ба дараҷаи мақому мартабааш ӯро дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпушт, Мири Сиёҳпушт, Ҳазрати Амирҷон ёдовари мекарданд. Дар Тоҷикистони мо, хоса вилояти Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа аз рӯи муҳаббати бепоёну самимӣ ӯро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барӯманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ӯ чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар аксар сарчашмаҳои таърихию адаби Сайид Алии Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ мешуморанд.
Дар таълими хуб гирифтан ва рушду камоли ӯ муҳити оила ва мавкеи ду олими забардасти Ҳамадон, хешони наздикаш Шарофуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳи Маздаконӣ ва Таққиддин Алии Дӯстӣ хеле бузург аст. Вай дар ҷунин муҳити солим таълими хуби маънавӣ ва ахлоқи дарёфт ва дар синни 16-18 солагӣ аз илмҳои мавҷудаи замонаш комилан бархурдор гашт. Ҳамин шароити мусоид ва гуворо ӯро таскин набахшид, паи ҷустуҷуи илму маърифат ва ҳақиқати асил ин муҳити барояш азизро дар синни 19-солагӣ тарк кард. Аммо дар ҷавонӣ бахти нокому тақдири носозгор ин зоти шарифро овораю саргардон кард. Бештари умри азизи хешро дар ғурбат сафарҳои пайдарпай гузаронид. Ба ҳар сарзамине, ки пои муборакашро мениҳод, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташ ободу зебо ва мӯҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоён, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард. Дарвоқеъ, Сайид Алии Ҳамадонӣ, бо вуҷуди он ки дар сафарҳояш ӯро баъзе хешону аҳлу ақрабон, дӯстон ва муридонаш ҳамроҳи мекарданд, марди ғариб буд.
Ба ғарибиҳо Маккаю Мадина, Миср, Покистону Ҳиндустон, Осиёи Миёна , Туркия ва дигар мамолики дунё на паи сарвату моли дунё, ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард, балки ба расму русуми он халқҳо аз наздик шинос мешуд, ба қадри ҳол ба онҳо кӯмак мекард. Ӯ дар ин сафарҳо аз сӯҳбати авлиёҳои замон файзёб мегардид ва дар натиҷа, «Авроди фатҳия» барин асари ҷовидонии тасаввуфиро эҷод кард. Худи ҳазрати Сайид Алии Ҳамадони мефармояд: «Се бор аз Машриқ ба Мағриб сафар кардам, басе аҷиб даҳру дайр дида шуд ва ҳар боре ба вилояте расида расм ва одати аҳли он мавзеъ тариқи дигар дидам… 1400 авлиёи комилро дарёфтам ва аз ҳар яке баргирифтам ва аз он ҷумла 400 авлиёро дар як маҷлис дарёфтам ва ҳар яке навозиш карданд ва ҳар исме аз исмҳои оллоҳ, ки кушоиш ва фатҳи тафриқоти эшон аз он шуда буд ба ин заиф ато фармуданд ва аз он баракоти бисёр ва баҳри бешумор баргирифтам. Дар ин муддат ба қавли Саида Ашрафи Зафар бори нахуст Алии Ҳамадонӣ соли 1373 милоди ба вилияти Хатлон ва Кӯлоби имрӯза ташриф овард. Воқеан, дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарк мисли Сайид Алии Ҳамадонӣ кам шахсиятро дучор меоем, ки ин қадар сафарҳо карда, ба хизмати авлиёву анбиё камар баста ва аз онҳо бархурдор гардида бошад. Он ҳазрат худаш борҳо таъкид намудааст, ки дар касби камол бе назари устод кас ба ҷое намерасад ва мартабаеро соҳиб нахоҳад шуд.

Эй Алӣ, рав назар кун зи сари сидқу сафо,
Ки ба ҷое нарасид бе назари пир мурид.

Ин мартаба ба Сайиди Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар ҷавонӣ муяссар гардид. Шайх Муҳаммадхони Азкони яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди у хизмати муридӣ ба ҷо оварда метавонист. 
Алии Ҳамадони ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист, ки ба муридии ӯ сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худ – хирқаро ба шогирди хеш тӯҳфа намуд. Ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид аст. Он чи ки аз илму маърифат омухту ғун кард, дар сахифоти ҷудогона сабт кард ва охиран онхоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба қавле аз 70 беш аст. Дар ин солҳо аз умри бобаракати Сайид Алии Ҳамадонӣ 60 сол зиёдтар рафта буд.
Қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китобҳо намояд, аммо аз қазо боз ба зарбаи сахту ҷонкоҳи тақдир дучор омад, ки ҳама нияту ормонҳои уро барбод доданд.
Амир Темур ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёде кард, шаҳрҳои мутараққии Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон кард. Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва таклифи Амир Темурро дар хусуси дар дарбори ӯ хизмат кардан низ рад намуд.
Ин аст, ки соли 1379 дар синни 65 солаги бо ҳамроҳии хешу ақрабон ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои ватан кард ва Кашмири Ҳиндустонро макони худ қарор дод. Дар хусуси ин маконро ихтиёр кардани Сайид Алии Ҳамадонӣ ақидаю ривоятҳои гуногун хаст ва байни онҳо ривояти зеринро ба ёд оварданием: «Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари афсонавии Кашмир расидан дар музофоти Кабравсавод бо як гуруҳи олимони он диёр вохурду байни онҳо баҳси доманадоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, бо Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуданд. Охирон, саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, сурат мегирад.
Ҳалли масъала он буд, ки вазъи гов муайян карда шавад. Олими кашмири аввалан ба ин савол ҷавоб додани шуда мегуяд, ки гов дар вуҷуди худ гусола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарифи худро тавзеҳ дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гусола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гусола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки ҳамон сафедии нуги думи гусола дар пешониаш ҷой гирифтааст.
Барои аниқ кардани фикрҳои мухталиф бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гусоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Баъди он ки пири хиради кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама қавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба у содиқ мемонанд.
Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Сринагари Ҳиндустон масҷиду мадраса сохт ва ба талқини дини мубини ислом ва ба таълифи асарҳои безаволаш машғул шуд. Ӯ пайваста аз боргоҳи Ҳазрати Самадият илтиҷо мекард, ки ҳамаи ин ранҷу риёзате, ки кашидааст қабули ҳақ гарданд ва аз эҳсону карами ӯ таоллоҳ абади бархурдор бошад:

Ё раб, зи карам бар мани дарвеш нигар,
Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар.
Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши ту
Бар ман манигар, бар карами хеш нигар.

Ин муҳити нисбатан ором ба солҳои охири ҳаёти Сайид Алии Ҳамадонӣ рост омад. Баҳоре, ки синну соли муборакаш вориди 73 мегашт, гирифтори дарди ҷонкоҳе гардид. Оре, сафарҳои пайдарпай, муҳоҷироти солиёни зиёд, дурӣ аз ватани азизаш, ҳиҷрони хешу пайвандони меҳрубонаш, ки қисман дар Эрону қисми дигар дар хоки Хатлон мезистанд, ва нихоят, дури аз духтараш Моҳи Хуросон, ки ба Хоҷа Абуисҳоки Хатлонӣ (1314-1346), ки марқадаш дар деҳаи Хоҷаҳисоқи хоҷагии «Ҳамадонӣ»-и ноҳияи Кӯлоб воқеъ аст, ба шавҳар дода буд, тану рӯҳи қавии Сайид Алии Ҳамадониро заифу нотавон ва дардманд гардида буданд. Ӯ дар бистараи беморӣ буд, аммо ҳамеша диёри Хатлон ва муриду шахсиятҳои нирӯманди онро ба забон меовард ва ҳушу хаёлаш ба сӯи ин макон буд. Ҳангоми бозгашт дар вилояти Кунари Афғонистон ҷон ба Ҳақ таслим кард ва мувофиқи васияташ тобути ӯро ба Кӯлоб оварда, ҷасадашро дар ҳамин ҷо дафн намуданд. Яке аз муридони он ҳазрат рӯзи видоъ бо дарду ҳасрати ҷонгудоз таърихи фавти ӯро ба таври зайл иншо намуд;

Ҳазрати шоҳи Ҳамадони карим,
Ояти раҳмат зи каломи қадим.
Гуфт дами охиру таърих шуд;
«Бисмиллоҳир -раҳмони-раҳим».

Мисраи охирини порчаи шеъри боло ба 786 ҳиҷрй мутобиқ ба1386-и мелодй аст. Бояд илова намуд, ки соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар1385 мелодй гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу мунозираҳои зиёде ҳаст.
Алҳол мо ба ақидаи Саида Ашраф Зафар ҳамроҳ шуда, соли 1386 мелодиро ҳамчун соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонй дуруст меҳисобем. Аз ин лиҳоз, Алии Ҳамадонй 70 не, балки 73 сол умр дидааст, ки дар ин хусус муридашон Мавлоно Нуриддини Бадахшонй (ваф. 1393 ҳ.) дар «Хулосатулманоқиб» маълумоти саҳеҳ додаст.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 1691 | Комментарии: 1 | Теги: МИР САИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru