Пятница, 19.04.2024, 07:47
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

РАШИДИИ САМАРҚАНДӢ, Тарчумаи хол
Тарҷумаи ҳол

Ҳарчанд ки соли таваллуд ва вафоти ӯ маълум нест ва дар бораи вай маълумот хеле кам ва ноқис аст, вале аз шоирони маъруфи асри худ будааст. Рашидии Самарқандӣ Абӯмуҳаммад ибни Муҳаммад яке аз шоирони форсу тоҷик аст, ки дар асрҳои ХI ва ибтидои асри ХII зиндагони кардааст. Дар Самарқанд илмҳои расмии замонаашро омӯхтааст. Маълумоти нисбатан пурраро дар бораи Рашидӣ муаллифи «Таърихи адабиёти форсӣ» Ҳерман Этте додааст. Рашидӣ баъд аз хатми мадраса ва камолоти таҳсилу такмили маҳорати шоирӣ дар доираҳои адабии Карохониён ва Салҷуқиён хизмат кардааст. Шоири дарбори Хизрхони Карохонӣ (аввали асри XII ) будани вай ва дараҷаи саидашшуароӣ доштани ӯро нақле, ки Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола оид ба муносибати ӯ ба Амъақи Бухорои овардааст, тасдиқ менамояд Рашидӣ бисёр ҳозирҷавоб ва базлагӯй буд, ки махсусан барои шоири дарбор лозим буд. Боре Хизрхон дар сӯҳбат бо Амъақ пурсидааст, ки ӯ дар бораи шеърхои Рашидӣ чӣ мулоҳиза дорад. Амъақ ҷавоб додааст, ки «хуб аст, вале андак бенамак аст». Дар ин сӯҳбат Рашидӣ ҳозир набуд, вақте ки ҳозир шуд, подшоҳ ба ӯ гуфтаи Амъақро нақл карда, ҷавоб гуфтанро тақозо намуд. Рашидӣ бадеҳатан гуфтааст:

Шеърҳои маро ба бенамакӣ
Айб кардӣ, раво бувад шояд:
Шеъри ман ҳамчу шакару шаҳд аст,
Андар ин ду намак намебояд.
Шалғаму боқилост гуфтаи ту,
Намак, эй қалтабон, туро шояд.

Ровӣ нақл мекунад, ки шоҳ аз ин ҷавоб хурсанд шуд. Дар сӯҳбати ӯ одатан ҳар рӯз чор табақ тилло мегузоштанд. Он рӯз подшоҳ ҳар чор табақ тиллоро ба Рашидӣ бахшид. То кадом дараҷа дуруст будани нақлро тасдиқ кардан душвор аст,вале ин далели он аст, ки Рашидӣ маҳорати ҳозирҷавобӣ, латифагӯӣ ва табъи хуш доштааст. Хусусияти дигари ҷолиби диққат дар эҷодиёт ва ҳиссиёти Рашидӣ ватандӯстӣ ва ифтихори миллист. Масалан, дар замони ҳукумронии феодалҳои турк муносибат ба шоирони классики миллии давраи ҳукумронии феодалҳои тоҷик Сомониён тағйир ёфт. Баъзе шоирони дарбор аз қабили Муиззӣ ва.Хоқонӣ онҳоро ҳаҷву тамасхур карданд. Рашидӣ ҳамчун шоири ватанпарвар тарафи эшонро гирифта, эҷоди он шоиронро ҳимоя кардааст. Масалан, ӯ дар бораи миқдори мероси адабии Рӯдакӣ маълумоти қиматбаҳое дода, вайро зебандаи сарварии шоирон донистааст. Шояд аз сабаби барои шоирони ватандӯст номусоид будани шароити дарбори Карахониён бошад, ки Рашидӣ аз ватан ҳиҷрат карда, аз шаҳре ба шаҳре, аз дарборе ба дарборе гаштааст. Вай аз дарбори Карахониён ба дарбори Салҷуқиёни Хуросон Туғоншоҳ ( ҳукумрониаш байни 1174 – 1186) ва Мозандорон Ҳисомуддавла Ардашер ( 1172 – 1207) рафта, шоири дарборӣ шудааст. Рашидӣ асосан шоири қасидасаро мебошад. Қасидаҳои ӯро аз ҷиҳати шакл ба қасидаҳои Анварӣ баробар медонанд, вале аз ҷиҳати мазмун аз вай пасттар мешуморанд . Рашидӣ ҳам монанди Анварӣ илова ба шоирӣ, аҳли илм –мунаҷҷим ҳам будааст ва аз шоирони забардасти замони худ ба ҳисоб рафта, ӯро ба дараҷаи устодӣ мешинохтаанд. 
Қасидасарои моҳиру машҳур Заҳири Форёбиро шогирди ӯ медонанд. Рашидӣ дар охири умраш аз хизмати дарбор ва умуман дунёҷӯӣ даст кашида, гӯшанишин шудааст. Ниҳоят дар шаҳри Табрез вафот кардааст ва қабраш дар қабристони «Мақбаратушшуаро»-и Сухроб будааст.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 947 | Комментарии: 2 | Теги: РАШИДИИ САМАРҚАНДӢ, Тарчумаи хол | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru