РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ МСА ҲАМАДОНӢ - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Воскресенье, 04.12.2016, 06:51
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1806
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ МСА ҲАМАДОНӢ
Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Хамадонӣ
Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулки Хатлонро ба ӯ ҳадия кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Сайид Алии Хамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба сӯи Самарқанд хасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд. Хамин вакт Баховаддини Нақшбанди Балогардон, ки дар Самарқанд мезистааст, он хасчубаро аз ҳаво дошта гирифта, назди Амир Темур мебарад ва иброз медорад, ки Сайид Алии Хамадонӣ аз ин рафтори ту дар газаб шуда, туро ана ба хамин хасчуба халок месозад. Агар мулки Кулобро ба ӯ набахшӣ, халокати ту ногузир аст. Амир Темур ин дафъа ҳам розӣ намешавад. Боз Сайид Алии Хамадонӣ хасчубаи дигареро равон мекунад ва боз Баховаддини Балогардон онро аз ҳаво дошта мегирад. Ба Амир Темур мегӯяд, ки ман дигар қудрат ва тавоноӣ надорам, якин хасчубаи дигар туро несту нобуд мекунад. Салоҳи кор он аст, ки дархости Алии Хамадониро иҷро намоӣ. Ниҳоят Амир Темур ночор шуда, мулки Кӯлобро ба Сайид Алии Хамадонӣ тӯҳфа мекунад.

Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари Кашмир расидан, дар музофоти Кабарсавод бо як гурӯҳи олимони он диёр вохӯрду байни онҳо баҳси домандоре сурат гирифт. Яке аз он уламо, ки дар заковат машҳури дунё буд, ба Сайид Алии Ҳамадонӣ соатхои тулонӣ бахсу мунозира намуд. Охиран саволу чавоб дар атрофи гове, ки назди маъбадхона буд, авҷ мегирад, ҳалли ин масъала он буд, ки вазъи гов муайян карда шавад. Олими Кашмири аввалан ба ин савол ҷавоб додани шуда мегӯяд, ки гов дар вучуди худ гӯсола дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст. Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарфи худро тавзеҳ дода илова мекунад, ки аслан пешонаи гӯсола сафед нест, балки нуги думаш сафед аст. Гӯсола дар шиками модараш тавре хоб аст, ки сафедии нуги думи гусола дар пешонааш ҷой гирифтааст. Барои аниқ кардани фикрҳои мухталифи бошандагони он ҷо говро сар мебуранд ва гӯсоларо мебинанд, ки воқеан пешонааш не, балки нуги думаш сафед будааст. Мубади Кашмирӣ аз мағлубияташ дар назди қавми хеш шармсор гашта, хамон замон ба ҳаво парвоз карда, ногаҳон аз чашм нопадид мешавад.

Ҳазрати Алии Ҳамадонӣ кафши пояшро ба ҳаво мепартояд ва дар як мижа задан
мубади мағлубшуда дар ҳаво пайдо мешавад. Ҳар гоҳ ки боло баромаданӣ мешавад, он кафш ба сари ӯ бархурда ба сӯи замин сарозераш мекунад. Охирон ба зарбаи пайдарпайи кафши сохибкаромат мубад ба назди
кавмаш шармандавор бармегардад. Баъди он ки пири хиради Кашмириён дар пеши Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам мегардад, ҳама кавми ӯ дини исломро қабул карда, то охир ба ӯ содиқ мемонанд. Аз ҳамин давр сар карда, на танҳо дини мубини ислом, балки забони форсӣ-точикӣ низ дар ин ноҳияи Ҳиндустон авҷу барори тоза пайдо кард.

Ривоят дар бораи деҳаи Тудакавш
Дар қисми шарқии шаҳри Кӯлоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакавш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхӯрда ва куҳансол чунин аст. Кисми зиёди ихлосмандони Алии Ҳамадонӣ аз мамолики шарқу ҷануб тавассути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин макон расидан замон аз руи ҳурмат ва эҳтироми бузургвор ҳама зохидон кавшҳои худро аз пой берун карда, сипас сӯи мақбараи хазрати Сайид Алии Ҳамадонӣ рахсипор мешуданд. Шумораи меҳмонону ихлосмандони бузургвор он қадар зиёд буд, ки ҳар рӯз он ҷо гарам-гарам тудаи кавшҳо ба амал меомад. Ҳамин ҳодиса сабаб гашта, ки бо мурӯри замон он маконро Тудакавш номиданд.

Ривояте дар бораи деҳаи Сангпар
Ба қавли ровиёни рузгордида, таърихи пайдоиши деҳаи Сангпар, ки тахминан 5-км дар тарафи шимоли шаҳри Кӯлоб воқеъ гардидааст, чунин аст. Зоирон ҳангоми ба наздики маконе, ки ҳоло деҳа карор гирифтааст, расиданд, аввалан аз аспҳои худ фаромада, сӯи шаҳр равон мегардидаанд.
Бо мақсади он ки дар роҳ ягон сухани ношоям ба забон нагиранд, камчинҳои худро зери дандон гузошта, то ба мақбараи бузургвор расидан, хомушона ба зикри дуруду санои ҳазрати Самадият машғул мешудаанд. Боре чанд тан марди кӯҳистонӣ бо мақсади имтиҳон кардани русуми номбаршуда аз он маҳал савора гузашта сӯи шахр роҳ мепаймуданд. Дар ҳамин асно аз тарафи теппаҳои болои деҳа ногаҳон суяшон сангпартоӣ сар мешавад.Саворон тавбаву надомат карда, аз аспҳо ба замин мефароянд ва камчинҳоро ба зери дандон гузошта, тарафи мақбараи бузургвор зикру саногӯён рахсипор мешаванд. Аз ҳамон вақт сар карда, он маконро деҳаи Сангпар мегӯянд.

Ривоятҳо дар бораи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва бузургиву каромоти Алии Ҳамадонӣ байни мардуми шарқ асрҳо инҷониб нақлу ривоятҳои зиёд пайдо шуда, аз насл ба насл гузашта истодаанд. Албатта, дар бораи бузургон чунин ривоятҳо бисёранд ва ҳатто баъзан як ривоятро ба чанд нафари онҳо нисбат медиҳанд. Мо чунин ривоятҳоро нисбат ба Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Абдурахмони Чомӣ, Хоча Баховаддини Нақшбанд, Саъдии Шерозӣ ва амсоли онҳо бисёр шунидаем ва медонем, ки аксари онҳо бо пушонидани пардаи дини ниҳоят муболигаомез гуфта шудаанд. Вале ба ҳар ҳол худи мавҷудияти чунин ривоятҳо аз бузургию эътибори ин ашхос ва аз ҷумла Алии Ҳамадонӣ дарак дода, албатта беасос нестанд.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 559 | Комментарии: 1 | Теги: РИВОЯТҲО ДАР БОРАИ МСА ҲАМАДОНӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru