Пятница, 26.04.2024, 13:09
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2406
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

Рубоиҳои Умари Хайём
Рубоиҳо
То битвонӣ ранҷа магардон касро
Абр омаду боз бар сари сабза гирист
Чун дар гузарам, ба бода шӯед маро
Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо
Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат
Ошиқ ҳама сола масту шайдо бодо
Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст
Он беҳ, ки дар ин замона кам гири дӯст
Эзид чу гили вуҷуди мо меорост
Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст
Он кас, ки зи ҷому бода бархудор аст
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будааст
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст
Олам ҳама менат асту, айём ғам аст
Чун об ба чӯйбору чун бод ба дашт
Гар аз паи шаҳвату ҳаво хоҳӣ рафт
Чун абр ба наврӯз рухи лола бишуст
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост
Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт
Гӯянд: касон "Биҳишт бо ҳур хуш аст"
Дил ошиқи чашми масту турконаи туст
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард
Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт
Онҳо, ки ба ҳикмат дури маънӣ суфтанд
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст
Онҳо, ки хулосаи ҷаҳон эшонанд
Онҳо, ки куҳан шуданду онҳо, ки наванд
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад
Онҳо, ки муҳити фазлу одоб шуданд
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд
Аз омаданам набуд гардунро суд
Дар даҳр ҳар он, ки ним ноне дорад
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд
Дорам гунаҳе, ки пушти имон шиканад
Ин чарх чу осиё, ки осуда нашуд
Ишқе ки маҷозӣ бувад, обаш набувад
Ин кофилаи умр ачаб мегузорад
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад
Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд
Гуфтам, ки дилам аз илм маҳрум нашуд
Бо ин ду - се нодон, ки чунон медонанд
Ёрон, чу ба иттифоқ миъод кунед
Як қатраи об буду бо дарё шуд
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш
Чун ҳосили одамӣ дар ин ҷой дудар
Ё раб, ту гилам сариштаи ман чӣ кунам?
Умрат чӣ дусад бувад, чӣ сесад чӣ ҳазор
Афсӯс, ки бефоида фарсуда шудем
Гар бода хӯрӣ, бо хирадмандон хӯр
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз
Эй дӯст, биё, ки ғами фардо нахӯрем
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз
Эзид чу нахост он чӣ ман хостаам
Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш
Пок аз одам омадему нопок шудем
Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош
Ҷоно, ману ту намунаи паргорем
Тарсем, ки чу з-ин беш ба олам нарасем
Як даст ба мусхафему як даст ба ҷом
Ин гуна,ки ман кори чахон мебинам
Асрори азалро на ту дониву на ман
Ку махрами роз? То бигуям як дам
Бархезу махур ғами чахон гузарон
Гар ман зи ман муғона мастам, хастам
Бар синаи гампазири ман рахмат кун
Гӯянд маро, ки майпарастам, ҳастам
Рӯзе, ки гузашт, аз ӯ дигар ёд макун
Максуд зи чумла офариниш моем
З-ин гунбади гарданда бадафъоли бин
Майлам ба шароби ноб бошад доим
Говест дар осмову номаш Парвиз
Як чанд ба кудаки ба устод шудем
Гар бар фалакам даст буди чун яздо
Ин чарх чу тосест нагун афтода
Аз омадану рафтани мо суде ку?
Нокарда гунаҳ дар ин чахон кист, бигӯ?
Эй чарх дилам ҳамеша ғамнок кунӣ
Эй кош, ки ҷои оромидан будӣ
Бар кузагаре парер кардам гузаре
Чун огахӣ, эй дӯст, зи хар асроре
* * *
То битвонӣ ранҷа магардон касро,
Бар оташи хашми хеш маншон касро,
Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ,
Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро.
Бозгашт ба аввал
* * *
Абр омаду боз бар сари сабза гирист,
Бе бодаи арғувон намебояд зист.
Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи мост,
То сабзаи хоки мо тамошогаҳи кист.
Бозгашт ба аввал
* * *
Чун дар гузарам, ба бода шӯед маро,
Талқин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй чарх, ҳама харобӣ аз кинаи туст,
Бедодгари пешаи деринаи туст.
Вей хок, агар синаи ту бишкофанд,
Бас гавҳари пурбаҳо, ки дар синаи туст.
Бозгашт ба аввал
* * *
З-ин даҳр, ки буд муддате манзили мо,
Н - омад ба ҷуз аз балову ғам ҳосили мо.
Афсӯс, ки ҳал нагашт як мушкили мо,
Рафтему ҳазор ҳасрат андар дили мо.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй дил, чу замона мекунад ғамнокат,
Ногаҳ биравад зи тан равони покат.
Бар сабза нишин ба коми дил рӯзе чанд,
З-он пеш, ки сабза бардамад аз хокат.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ошиқ ҳама сола масту шайдо бодо,
Девонаву шӯридаву расво бодо.
Дар ҳушёрӣ ғуссаи ҳарчиз хӯрем,
Чун маст шудем, ҳар чи бодо, бодо.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй дил, чу насиби ту ҳама хун шудан аст
Аҳволи ту ҳар лаҳза дигаргун шудан аст.
В - эй ҷон, ту ба ман баҳри чӣ кор омадаӣ?
Чун оқибати кори ту берун шудан аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Он беҳ, ки дар ин замона кам гири дӯст,
Бо аҳли замона сӯҳбат аз дур накӯст.
Он кас, ки ба ҷумлагӣ туро такя ба ӯст,
Чун чашма хирад боз кунӣ, душманат ӯст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эзид чу гили вуҷуди мо меорост,
Донист зи феъли мо чӣ бархоҳад хост.
Бе ҳукмаш нест ҳар гуноҳе, ки марост,
Пас сӯхтани рӯзи қиёмат зи куҷост?
Бозгашт ба аввал
* * *
Он кас, ки ба хубон лаби хандон додаст,
Хуни ҷигаре ба дардмандон додаст.
Гар қисмати мо надод шодӣ ғам нест,
Шодем, ки ғам ҳазорчандон додаст
Бозгашт ба аввал
* * *
Он кас, ки зи ҷому бода бархудор аст,
Пайваста хӯрад, валек ӯ ҳушёр аст.
Дар бисёраш маъзарати андак нест,
Дар андаке ӯ манфиати бисёр аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будааст,
В-андар талаби рӯи нигоре будааст.
Ин даста, ки дар гардани ӯ мебинӣ,
Дастест, ки бар гардани ёре будааст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Пеш аз ману ту лайлу наҳоре будааст,
Гарданда фалак низ ба коре будааст.
Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ,
К-он мардумаки чашми нигоре будааст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Олам ҳама менат асту, айём ғам аст,
Гардум ҳама офат асту гетӣ ситам аст.
Филҷумла чу дар кори ҷахон менигарам,
Осуда касе нест ва гар ҳаст, кам аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Чун об ба чӯйбору чун бод ба дашт,
Рӯзе дигар аз навбати умрам бигузашт.
Ҳаргиз ғаму ду рӯз маро ёд нагашт,
Рӯзе, ки наёмадасту рӯзе, ки гузашт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гар аз паи шаҳвату ҳаво хоҳӣ рафт,
Аз ман хабарат, ки бенаво хоҳӣ рафт.
Бингар чӣ қисаву аз куҷо омадӣ?
Медон, ки чӣ мекунӣ, куҷо хоҳӣ рафт?
Бозгашт ба аввал
* * *
Чун абр ба наврӯз рухи лола бишуст,
Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст,
К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,
Фардо хама аз хоки ту бархоҳад руст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост.
Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост,
Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
Бозгашт ба аввал
* * *
Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст,
Мурғи чамани хуҷастафолӣ ишқ аст.
Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ,
Ҳар гаҳ, ки бимириву нанолӣ - ишқ аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дар хоб будам, маро хирадманде гуфт:
К-аз хоб касеро гули шодӣ нашукуфт,
Коре чӣ кунӣ, ки бо аҷал бошад ҷуфт,
Май нӯш, ки умрҳо мебояд хуфт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гӯянд: касон "Биҳишт бо ҳур хуш аст",
Ман мегӯям, ки оби ангур хуш аст.
Ин нақд бигиру даст аз он нася бидор,
К-овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дил ошиқи чашми масту турконаи туст,
Ту шамъиву олам ҳама парвонаи туст.
Ҷону дили мо ошиқу девонаи туст,
Ту хонаи дил шудиву дил хонаи туст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Он косагаре, ки косаи сарҳо кард,
Дар косагарӣ санъати худ пайдо кард.
Бар хони вуҷуди мо нагун коса ниҳод.
В - он косаи сарнагун пур аз савдо кард.
Бозгашт ба аввал
* * *
Роз аз ҳама нокасон ниҳон бояд дошт.
В-асрор ниҳон зи аблаҳон бояд дошт.
Бингар, ки чӣ мекунӣ ту бо халқи худой,
Чашм аз ҳама мардумон ҳамон бояд дошт.
Бозгашт ба аввал
* * *
Онҳо, ки ба ҳикмат дури маънӣ суфтанд,
Дар зоти худованд суханҳо гуфтанд.
Сарриштаи асрор надонист касе,
Аввал занахе заданду охир хуфтанд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Сад хона зи хуноби дилам вайрон аст.
В-аз гиряи зор бими садчандон аст,
Аз ҳар мижа новадони хун аст равон,
Гар ман мижаро ба ҳам занам, тӯфон аст.
Бозгашт ба аввал
* * *
Онҳо, ки хулосаи ҷаҳон эшонанд,
Бар авҷи фалак буроки фикрат ронанд.
Дар маърифати зоти ту монанди фалак,
Саргаштаву сарнагуну саргардонанд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Онҳо, ки куҳан шуданду онҳо, ки наванд,
Ҳар як паи якдигар якояк бишаванд.
В-ин мулки ҷаҳон ба кас намонад ҷовид.
Рафтанду равем боз оянду раванд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад,
Як бад накунад, ки бо сараш сад нарасад
Ман неки ту хоҳаму ту хоҳи бад ман,
Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Онҳо, ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд.
Рах з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Хуш бош, ки ғусса бекарон хоҳад буд,
Бар чарх қирони ахтарон хоҳад буд.
Хиште, ки зи қолаби ту хоҳанд задан,
Бунёди сарои дигарон хоҳад буд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Аз омаданам набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеҷ касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-оварданду бурдани ман аз баҳри чӣ буд?
Бозгашт ба аввал
* * *
Дар даҳр ҳар он, ки ним ноне дорад,
Ё дархури хеш ошёне дорад.
Не ходими кас бувад на махдуми касе,
Гӯ шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Афсӯс, ки номаи ҷавонӣ тай шуд.
В-он тоза баҳори зиндагонӣ дай шуд.
Он мурғи тараб, ки номи ӯ буд шабоб,
Афсӯс, надонам, ки кай омад, кай шуд?
Бозгашт ба аввал
* * *
Дорам гунаҳе, ки пушти имон шиканад,
Бозори тамоми бутпарастон шиканад.
Бори гунаҳам агар ба мизон санҷанд,
Тарсам, ки ба рӯзи ҳашр мизон шиканад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин чарх чу осиё, ки осуда нашуд,
Осуда нагашту осиё суда нашуд.
Чандон, ки замона дона паймуд дар ӯ,
Ӯ сер нагашту осиё тӯда нашуд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ишқе ки маҷозӣ бувад, обаш набувад,
Чун оташи ниммурда тобаш набувад.
Ошиқ бояд, ки солу моҳу шабу рӯз.
Орому қарору хӯрду хобаш набувад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин кофилаи умр ачаб мегузорад,
Дарёб даме, ки бо тараб мегузарад.
Соқӣ, ғами фардои қиёмат чӣ хӯрдӣ?
Пеш ор пиёларо, ки шаб мегузарад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гар як нафасат зи зиндагонӣ гузарад,
Магзор, ки ҷуз ба шодмонӣ гузарад.
Зинҳор, ки сармояи ин мулки ҷаҳон
Умр асту бад-он сон гузаронӣ, гузарад.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин кӯзагарон, ки даст бар гил доранд,
Гар ақлу хирад нек бар ӯ бигморанд,
Ҳаргиз назананд мушту силаву лагад,
Хоки падаронаст накӯ медоранд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гуфтам, ки дилам аз илм маҳрум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Акнун, ки ҳаме бингарам аз рӯи хирад,
Умрам бигузашт, ҳеҷ маълум нашуд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Бо ин ду - се нодон, ки чунон медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош ки онон зи харӣ чандонанд,
Ҳар, к-ӯ на хар аст кофираш мехонанд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ёрон, чу ба иттифоқ миъод кунед,
Худро ба ҷамоли якдигар шод кунед.
Соқӣ чун ман муғона бар каф гирад,
Бечора фалонро ба дуо ёд кунед.
Бозгашт ба аввал
* * *
Як қатраи об буду бо дарё шуд.
Як зарраи хок бо замин якҷо шуд.
Омад-шудани ту андар ин дунё чист?
Омад магасе падиду нопайдо шуд.
Бозгашт ба аввал
* * *
Дар коргаҳи кӯзагаре рафтам дӯш,
Дидам ду ҳазор кӯза гӯёву хамӯш.
Ногоҳ яке кӯза баровард хурӯш:
«Ку кӯзагару кӯзахару кӯзафурӯш?»
Бозгашт ба аввал
* * *
Чун ҳосили одамӣ дар ин ҷой дудар,
Ҷуз дарди дили додани чон нест дигар.
Хуррам дили он, ки як нафас беш набуд,
В-осуда касе, ки худ назод аз модар.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ё раб, ту гилам сариштаи ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштаи ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаи ман чӣ кунам?
Бозгашт ба аввал
* * *
Умрат чӣ дусад бувад, чӣ сесад чӣ ҳазор,
З-ин кӯҳнасарой бурун барандат ночор.
Гар подшаҳиву гар гадои бозор,
Ин ҳар ду ба як нарх бувад охир кор.
Бозгашт ба аввал
* * *
Афсӯс, ки бефоида фарсуда шудем,
В-аз тоси сипеҳри сарнагун суда шудем.
Дардову надомато, ки то чашм задем,
Нобуда ба коми хеш нобуда шудем.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гар бода хӯрӣ, бо хирадмандон хӯр,
Бо лоларухи сарвқади хандон хӯр.
Бисёр махӯр, фош макун, вирд масоз,
Гаҳ-гаҳ хӯру кам-кам хӯру ҳам пинҳон хӯр.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй чарх, зи гардиши ту хурсанд наям,
Озодам кун, ки лоиқи банд наям.
Гар майли ту бо бехираду ноаҳл аст,
Ман низ чунон аҳли хирадманд наям.
Бозгашт ба аввал
* * *
Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз,
Боз омадае ку, ки хабар гирам боз.
Зинҳор дар ин дуроҳаи арзу ниёз,
Чизе нагузорӣ, ки намеоӣ боз.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй дӯст, биё, ки ғами фардо нахӯрем,
В-ин якдама умр ғанимат шумарем.
Фардо, ки аз ин рӯи замин даргузарем,
Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасерем.
Бозгашт ба аввал
* * *
Мо лӯъбатаконему фалак лӯъбатбоз,
Аз рӯи ҳақиқат, на аз рӯи маҷоз.
Бозича ҳамекунем бар натъи вуҷуд,
Афтем ба сандуқи адам як-як боз.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эзид чу нахост он чӣ ман хостаам,
Кай гардад рост он чӣ ман хостаам?
Гар ҳаст савоб он чӣ ӯ хостааст,
Пас ҷумла хатост он чӣ ман хостаам.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ҷомест, ки ақл офарин мезанадаш,
Сад бӯса зи меҳр бар ҷабин мезанадаш
В-ин кӯзагари даҳр чунин ҷоми латиф.
Месозаду боз бар замин мезанадаш.
Бозгашт ба аввал
* * *
Пок аз одам омадему нопок шудем,
Шодон бадар омадему ғамнок шудем.
Будем зи оби дида дар оташи дил,
Додем ба об умру дар хок шудем.
Бозгашт ба аввал
* * *
Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош,
Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош.
Поёни ҳама чизи ҷаҳон нестӣ аст
Пиндор, ки нестӣ чу ҳастӣ, хуш бош.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ҷоно, ману ту намунаи паргорем,
Сар гарчӣ ду кардем, як тан дорем
Бар нуқта равонем ҳаме доиравор,
То охири кор сар ба хам боз орем.
Бозгашт ба аввал
* * *
Тарсем, ки чу з-ин беш ба олам нарасем,
Бо хафнафасон низ фароҳам нарасем.
Ин дам, ки дар ӯем, ғанимат шумарем,
Шояд, ки ба зиндагӣ дар он дам нарасем.
Бозгашт ба аввал
* * *
Як даст ба мусхафему як даст ба ҷом,
Гаҳ назди ҳалолему гаҳ назди ҳаром.
Моем дар ин чахон нопухтаи хом.
На кофири мутлак, на мусулмони тамом.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин гуна,ки ман кори чахон мебинам,
Олам хама ройгон бар он мебинам.
Субхониллах,ба харчи дарменигарем,
Нокомии хештан дар он мебинам.
Бозгашт ба аввал
* * *
Асрори азалро на ту дониву на ман,
В-ин харфи муаммо на ту хониву на ман
Хаст аз паи парда гуфтугуи ману ту,
Чун парда барфтад,на ту мониви на ман
Бозгашт ба аввал
* * *
Ку махрами роз? То бигуям як дам,
К-аз гохи нахуст чи будаст одам:
Мехнатзадае, сириштае аз дили гам,
Якчанд чахон бигашту бардошт кадам.
Бозгашт ба аввал
* * *
Бархезу махур ғами чаҳон гузарон,
Биншину даме ба шодмонӣ гузарон.
Дар таъби замона гар вафоӣ будӣ,
Навбат ба ту худ наёмадӣ аз дигарон.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гар ман зи ман муғона мастам, ҳастам.
В-ар ошики ринду бутпарастам, хастам.
Хар кас ба хаёли худ гумоне дорад,
Ман худ донам, хар он чи хастам,хастам
Бозгашт ба аввал
* * *
Бар синаи гампазири ман рахмат кун,
Бар холи дили асири ман рахмат кун.
Бар пои харобатрави ман бахшой,
Бар дасти пиёлагири ман рахмат кун.
Бозгашт ба аввал
* * *
Гӯянд маро, ки майпарастам, хастам.
Гӯянд маро,ки фосику мастам, хастам.
Дар зохири ман нигох бисёр макун,
К-андар ботин чунон, ки хастам, хастам.
Бозгашт ба аввал
* * *
Рӯзе, ки гузашт, аз ӯ дигар ёд макун,
Фардо ки наёмадааст фарёд макун.
Бар н-омадаву гузашта бунёд макун,
Холи хуш бошу умр бар бод макун.
Бозгашт ба аввал
* * *
Максуд зи чумла офариниш моем,
Дар чашми хирад чавхари биниш моем.
Ин доираи чахон чу ангуштари аст,
Бе хеч шаке накши нигинаш моем.
Бозгашт ба аввал
* * *
З-ин гунбади гарданда бадафъоли бин,
В-аз чумла дустон чахон холи бин.
То битвони як нафас худро бош
Фардо манигар, дил маталаб, холи бин.
Бозгашт ба аввал
* * *
Майлам ба шароби ноб бошад доим,
Гушам ба наю рубоб бошад доим.
Гар хоки маро кузагарон куза кунанд,
Он куза пур аз шароб бошад доим.
Бозгашт ба аввал
* * *
Говест дар осмову номаш Парвиз,
Як гови дигар нухуфта дар зери замин.
Чашми хирадат кушову чун ахли якин.
Зеру забари ду гов муште хабар бин.
Бозгашт ба аввал
* * *
Як чанд ба кудаки ба устод шудем,
Якчанд ба устодии худ шод шудем.
Поени сухан шунав,ки моро чи расид,
Чун абр даромадему чун бод шудем
Бозгашт ба аввал
* * *
Гар бар фалакам даст буди чун яздо,
Бардоштаме ман ин фалакро зи ми ён.
В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме,
К-озода ба коми дил расиди осон.
Бозгашт ба аввал
* * *
Ин чарх чу тосест нагун афтода,
Дар вай хама зиракон забун афтода.
Дар дустии шишаву согар нигаред,
Лаб бар лабу миёни хун афтода.
Бозгашт ба аввал
* * *
Аз омадану рафтани мо суде ку?
В-аз тори вучуди умр мо пуде ку?
Чандин сару пои нозанинони чахон.
Месузаду хок мешавад, дуде ку?
Бозгашт ба аввал
* * *
Нокарда гунах дар ин чахон кист, бигу?
В-он кас,ки гунах накард,чун зист ,бигу?
Ман бад кунаму ту бад мукофот дихи,
Пас фарк миёни ману ту чист, бигу?
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй чарх дилам ҳамеша ғамнок кунӣ,
Пирохани хушдили ман чок куни.
Боде, ки ба ман вазад, ту оташ сози,
Обе ,ки хурам, дар даханам хок куни.
Бозгашт ба аввал
* * *
Эй кош, ки чои оромидан буди,
Ё ин рахи дурро расидан буди.
Кош аз паи сад хазор сол аз дили хок,
Чун сабза умеди барламидаи буди.
Бозгашт ба аввал
* * *
Бар кузагаре парер кардам гузаре,
Аз хок хаменамуд хар дам хунаре.
Ман дидам, агар надид хар бехабаре,
Хоки падарон дар кафи хар кузагаре.
Бозгашт ба аввал
* * *
Чун огахи ,эй дуст,зи хар асроре,
Чандин чи хурди ба бехуда таморе?
Чун менаварад ба ихтиёрат коре,
Хуш бошад дар ин нафас,ки хасти боре.

Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 18750 | Комментарии: 2 | Теги: Рубоиҳо Умари Хайём | Рейтинг: 2.5/6
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru