САЙФИ ФАРҒОНӢ - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Воскресенье, 11.12.2016, 07:06
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1815
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

САЙФИ ФАРҒОНӢ
Сайфи Фарғонӣ

Тарҷумаи ҳол

Сайфиддин Муҳаммади Фарғонӣ муосир ва дӯсти Саъдии Шерозист. Солҳои таваллуду вафоти ӯ аниқ нест. Аз навиштааҳояш бармеояд, ки вай дар замони истилои муғул зиндагӣ кардааст. Солҳои 20-уми асри XIII дар водии Фарғона ба дунё омадааст. 
Сайфиддин Мухаммади Фаргони муосир ва дусти Саъдии Шерозист. Солхои таваллуду вафоти у аник нест, аммо аз навиштахояш бармеояд, ки вай дар замони истилои мугул ва ё каме баъдтар аз он, замоне, ки «хуни азизон ба сони об равон буд», яъне солхои 20-уми асри XIII дар водии Фаргона ба дуне омадааст. Сайф баъдтар аз ватан хичрат карда, чанд гох дар Табрез умр ба сар мебарад. Ин вокеа байни солхои 1262 – 1284, вакте Шамсиддин Ҷувайнии Сохибдевон вазири элхонон буд, ба вукуъ пайвастааст. Сайф ба Сохибдевон китъае иншо карда, бо хоҳиши ӯ ба чанд газал чавоб гуфтааст. Аз охири солхои 80-ум то соли 705 хичри (1305-1306 мелоди) дар Оксарой ном шахрчаи Рум ба тангдастӣ зиндаги кардани шоир маълум аст. Сабаби аз Табрез рафтани Сайф он аст, ки баъди катли Ҷувайнӣ тарафдорону наздиконаш ба таъкибот дучор шуданд ва шоир химоятгари худро аз даст дод. Сайф дар Рум бо ноиби элхонон Мучируддин Амиршох робита дошта, аз он чо ба Табрез ба унвони Ғозон (1925-1304) ду нома – касидаи шикояти фиристодааст. Мухаккикон вафоти Сайфро байни солхои 1306-1315 тахмин кардаанд. Аз Сайф девони мураттабе дар даст дорем, ки аз касида, газал, китъа ва рубои иборат буда, кариб 10 500 байтро ташкил медихад.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 675 | Комментарии: 1 | Теги: САЙФИ ФАРҒОНӢ | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru