САЛМОНИ СОВАҶӢ - Забон ва Адабиёт - Мавзуъхо бо забони точики - Топики - Для тех кто учится!!!
Понедельник, 05.12.2016, 21:35
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 1809
Статистика

Онлайн всего: 1
Гостей: 1
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

САЛМОНИ СОВАҶӢ
Сaлмони Совачӣ

Тарҷумаи ҳол

Ҷамолуддин Хоҷа Салмон ибни Хоҷа Алоуддини Муҳаммад, мутахаллис бо Салмони Совачӣ, яке аз шоирони номдори форсу точик буда, соли 1300 дар шахри Соваи ҷануби Эрон таваллуд шудааст, соли 1376 дар Бағдод вафот кардааст. Илмхои расмии замон, махсусан илми шеър, забон ва адабиёти араб, хисобро бо ёрии падараш аз худ намудааст. Салмони Совачи шеърнависиро аз хурдсоли сар карда, дар айёми чавони дар байни ахли сухан обрую эътибор пайдо мекунад. Шухрати шоирии Салмони Совачи бо таълифи «Касидаи маснуъ», ки дар чанд бахр ва истифодаи санъатхои гуногуни бадей таълиф ёфта , ба номи вазири хонадони чалоири Хоча Гиёсуддин Мухаммад (с-хои вазорат 1327-35) ба тарики мувашшах гуфта шудааст, бештар алокаманд аст. Салмони Совачи дар 18-солаги ба Багдод рафта, ба хизмати вазири номбурда ва хонадони чалоири дохил шуда, бештари умрашро дар хизмати намояндагони ин сулола гузаронидааст. Сарфи назар аз он ки шоир бо мухити дарбори феодали пайвастаги дошт, зиндагии у муътадил ва мувофики табъ намегузашт. Шоир агар аз як тараф, аз бадгуи, игвогари ва суханчинии хасудон азоби рухи кашида бошад, аз тарафи дигар, ба сабаби тангдасти ва нодорами машаккат кашидааст ва мачбур шудааст, ки ба шох, вазир ва амалдорони чалоири барои дастгири мурочиат намояд, вале хохишхои у аксар бенатича мондаанд. Аз хамин сабаб Салмони Совачи ва ахли оилааш гох дар Багдод, гох дар Сова ва баъзан дар Табрез умр ба сар мебурданд. Салмони Совачи дар доираи адабии ин шахрхо ва берун аз онхо макому мартабаи арзандаеро доро буд. Бо шоирони хамзамонаш, аз чумла, Убайди Зокони мушоира кардааст. Дар шеър пайрави Хофиз, Саъди, Камолуддини Исмоил, Захири Форьёби, Анвари ва Манучехри буд. Осори адабии шоир – газалхо, касоид, рубоиёт, китъахо, тарчеъбанду таркиббанд ва маснавихои у, ки дар «Куллиёт»-аш гирд оварда шудаанд, дар хачми 16000 байт то замони мо расидаанд. Дар байни жанрхои лирикии осори Салмони Совачи газал ва касида чои намоёнро ишгол мекунад. Салмони Совачи хамчун шоири газалсаро эътибори калон дорад. У дар инкишофи минбаъдаи газал аз чихати шакл ва мазмуну мундарича дар баробари Хочуи Кирмони, Носири Бухорои, Хофизи Шерози ва дигарон хиссаи арзанда гузоштааст. Салмони Совачи дар достонсарой низ махорати хубе доштааст, ки «Чамшед ва Хуршед» (таълифаш 1362) «Фирокнома» (таълифаш 1369-70) гувохи ин гуфтаанд. Достони романтикии «Чамшед ва Хуршед» (3087 байт), ки онро А. Крымский ва Ян Рипка нусхаи дигари «Хусрав ва Ширин»-и Низомии Ганчави донистаанд (Салмони Совачи гуё танхо номи кахрамонхоро тагйир додаст), дар асл манзумаест, ки дар асоси достонхо ва ривоятхои халки эчод гардидааст. Достони Салмони Совачи аз достони Низоми, ки асоси сужети онро ашхос ва вокеахои таърихи ташкил доданд, ба кулли фарк мекунад. Ин фарк дар сужет, сохт, интихоби кахрамонхо ва фаъолияти онхо, гоя, услуби адаби ва гайра. ба назар мерасад. Салмони Совачи дар достонаш саргузашти Чамшеди чини ва киссаи ишки уро ба духтари кайсари Рум - Хуршед хикоя кардааст. Дар «Чамшед ва Хуршед» мавзуи маркази тавсифи ишки хакикиву софи инсон мебошад. Салмони Совачи баробари ин мавзуъ масоили мухими ичтимои ва ахлокиро аз кабили некиву некукори, дустиву рафокат, ростиву вафодори ба миён гузоштааст. Дар «Фирокнома» оид ба дустии ду чавонписар – Малик ва Махбуб сухан меравад. Салмони Совачи калимаи «ишк» ва мафхумхои ба он мансубро ба маънии дустиву рафокат ба кор бурдааст, ки аз ин чихат «Фирокнома» дар таърихи достонсароии форс-точик асари аввалин аст. Дар ашъори Салмони Совачи маънихои дакик, мазмунхои баланд, ташбеххои пуробу ранг ва дигар латоифи шеъри фаровон аст. Аз ин ру пояи баланди шухрати ашъори шоир хануз дар замони зиндагиаш то ба чое расида будааст, ки устодони сухан ба сехри сухани у тан додаанд.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (12.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 584 | Комментарии: 1 | Теги: САЛМОНИ СОВАҶӢ | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Корзина
Ваша корзина пуста
Поиск

Все права защищены © 2016-2014 omuzgor.my1.ru