Четверг, 18.04.2024, 04:48
Приветствую Вас Гость | RSS

Для тех кто учится

Наш опрос
Ба сайт чихо лозим аст?
Всего ответов: 2405
Статистика

Онлайн всего: 6
Гостей: 6
Пользователей: 0

Топики

Главная » Статьи » Мавзуъхо бо забони точики » Забон ва Адабиёт

УНСУРМАОЛИИ КАЙКОВУС
Унсурмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Кобус ибни Вушмагир дар ибтидои асри XI таваллуд шуда, то охирхои хамин аср умр ба сар бурдааст. У яке аз охирин намояндагони сулолаи Зиёриён аст, ки дар асрхои X-XI дар нохияи Кухистон, ки Табаристон, Гургон, Гелон, Рай, Дайламистон барин мавзеъхои кисмати шимолии Эронро дар бар мегирифт хукмрони доштанд.

Тарҷумаи ҳол

Бобои Кайковус Шамсулмаоли Кобус хам аз ахли илму фазл буда, донишмандону суханварони сохибистеъдодро пуштибони мекардааст. Тасодуфи нест, ки донишманди бузург Абурайхони Беруни яке аз маъруфтарин асархои худ Осорулбокия-ро бо эхтироми зиёд ба у бахшидааст. Худи Кобус ба ду забон-форсии дари (точики) ва араби эчод мекардааст, ки ашъори парокандаи дар сарчашмахо бокимонда ва рисолаи Камолулбалогат барин асархои у аз кобилияти хуби суханвариаш гувохи медиханд. Вай хамчунин дар хушнависи саликаву махорати баланд доштааст. Кайковус дар чунин мухит тарбият ёфта, хануз дар навраси илму хунархои гуногунро аз худ намуда буд. Чунон ки дар фасли «Андар парвардани фарзанд» бармеояд, падари Кайковус ба тарбияи у диккату гамхории зиёд зохир намуда, барои таълиму омухтани хар гуна касбу хунархо ба у мурабиёну устодони гуногунро сафарбар мекардааст. Маълум мегардад, ки Кайковус Гелоншох ном писаре доштааст. У бо максади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба рохи неки зиндаги хидоят намудани вай дар сини 63-солаги ба навиштани насихатномае шуруъ мекунад, ки бо номи Кобуснома машхур аст. Кайковус насихатномаи худро барои адои «шарти падари» бо максади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлокиву тарбияви ва китоби бадеиву хондании хазорхо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халкхои точику форс човидони сабт намуд. Инчунин Кайковус ба мохияти акл дар хастии инсон диккати чидди дода, онро сарчашмаи хамаи хислатхои хамида медонад ва роли бузурги тарбияву мехнатро дар такомули акли инсони таъкид месозад. Чунон, ки шаркшиноси маъруфи совети Е. Э. Бертельс хаккони кайд карда буд, "Кобуснома” на ба забони адабии эрони, балки бо забони адабии сокинони каламрави Сомониён, яъне точикон навишта шудааст. Кобуснома бо забонхои дигар низ тарчума шудааст, аз чумла турки, немиси, англиси, руси ва араби. 
Бо хуруфи имрузаи точики мунтахаби Кобуснома бори аввал соли 1968 аз тарафи адабиетшинос Девонакулов дар шакли китобчаи алохида тахти унвони "Насихатнома” нашр гардид. Нихоят бояд гуфт, ки ин асар бо номхои гуногун аз кабили Насихатнома, Панднома, Андарзнома ёд мешавад.
Категория: Забон ва Адабиёт | Добавил: Warior (10.01.2013) | Автор: Ibrohim E W
Просмотров: 3172 | Комментарии: 1 | Теги: УНСУРМАОЛИИ КАЙКОВУС, Тарҷумаи ҳол | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 1
1 равшан  
0
Тутинома асари кист

Имя *:
Email *:
Код *:
Вход на сайт
Поиск

Все права защищены © 2024-2014 omuzgor.my1.ru